Бинои нави сафорат дар Душанбе ба таври расмӣ 28 июни соли 2006 ифтитоҳ гардид. Бинои нави сафорат дар Иёлоти Муттаҳида тарроҳӣ шуд ва дар онҷо ба сурати 280 модул сохта шуд. Ба таври фосилавӣ, беш аз 300 нафар коршиносон ва коргарон дар макони ин лоиҳа ба кор ҷалб шуда буданд ва беш аз 20 миллион доллар аз ҳисоби хароҷоти марбута ба иқтисоди маҳаллӣ даромад шуд. Ҳамаи ин модулҳо аз тариқи баҳр, бо роҳи заминӣ ва ҳавоӣ ба Душанбе интиқол дода шуданд ва дар маҳалли сохтмон дастаи насбкунандагон қисмҳои биноро бо ҳам пайваст карданд. Сохтмони бинои сафорат 36 моҳ идома дошт ва бино бо таҷҳизот ва дастгоҳу олоти ҳозиразамон ва аз нигоҳи ҳифзи муҳити зист мусоид муҷаҳҳаз мебошад. Масоҳати утоќҳои идории бино беш аз 5,500 метри мураббаъ буда, масоҳати 2,300 метри мураббаъ барои утоқҳои таъминотӣ ва хадамотӣ ва нишастгоҳҳо дар масоҳати умумии 6 гектар мебошад.
1 августи соли 2006 Шўъбаи консулии сафорат ба таври пурра амалиёти худро барои таҳия ва содир кардани раводиди ғайримуҳоҷиратии ИМА оғоз кард. Акнун барои он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд раводидҳои сайёҳӣ, корӣ (бизнес) ва донишҷўӣ дарёфт кунанд, зарур нест, ки барои дархост ба раводиди ИМА ба шаҳри Алмаато (Қазоқистон) сафар намоянд.

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ўҳдадор аст, ки арзишҳои Амрико, манфиатҳои Амрикоро ҳамчун бахше аз ўҳдадориҳои мо ба мардуми Амрико ва афзалиятҳои сиёсиро дар назди президенти мо матраҳ намояд. Ҳадафи миссия ба сулҳу оромӣ, пешрафту рушди иқтисодӣ, эҷоди идоракунии муассиру муфид дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф барои ҷомеаи Тоҷикистон ва густариши ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод миёни Иёлоти Муттаҳида ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.