EducationUSA – ин шабакаи ҷаҳонӣ, ки беш аз 400 маркази машваратиро дар саросари ҷаҳон дар бар гирифта, бо дастгирии Шуъбаи барномаҳои таҳсилотӣ ва фарҳангии Департаменти давлатии ИМА фаъолият мекунад. Маркази омӯзишӣ дар шаҳри Душанбе соли 1992 кушода шудааст. Ба фаъолияти он созмони ҷамъиятии Шӯроҳои амрикоӣ оид ба маорифи байналмилалӣ роҳбарӣ мекунад.
Вазифаи Маркази EducationUSA – мусоидат ба инкишофи муносибатҳои Тоҷикистону Амрико дар соҳаи илм ва таҳсилот, аз тариқи пешниҳоди маълумоти пурраву воқеӣ дар бораи имкониятҳои таҳсил дар ИМА, қоидаҳои дохилшавӣ ба донишгоҳу коллеҷҳо, имтиҳонҳои меъёрии дохилшавӣ ба мактабҳои олии ИМА ва имкониятҳои маблағгузории таҳсил.
Фаъолияти Маркази EducationUSA тарзе ба роҳ монда шудааст, ки ҳар шахс метавонад мустақилона маводро дар бораи низоми маорифи ИМА мутолиа намуда, барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои амрикоӣ тайёрӣ бинад. Шумо метавонед ба ҳар саволи худ оид ба таҳсил ё таҷрибаомӯзӣ дар ИМА ҷавоб гиред.
Иттилооти дар Маркази EducationUSA буда, барои донишҷӯён, аспирантон ва олимон дар барқарор намудаи робитаҳои бевосита бо ҳамкасбонашон дар ИМА судманд буда метавонад.
Агар шумо маълумоти навтаринро оид ба стипендия ва грантҳо гирифтанӣ бошед, лутфан ба маълумотномаи ҳафтавори EducationUSA, ба воситаи фиристондани дархости худ ба почтаи электронии EducationUSA@americancouncils-tj.org, обуна шавед.
Маълумоти бештар ва маслиҳати хусусиро ройгон аз Маркази машваратӣ оид ба маориф гирифта метавонед. Суроғаи он:
Шӯроҳои амрикоӣ оид ба маорифи байналмилалӣ:
кучаи Рӯдакӣ 127, бинои Рӯдакӣ Плаза, ошёнаи 6-ум
734003, ш. Душанбе, Тоҷикистон
Тел.: (992 44) 600 43 90, (992 44) 600 44 90, (992 44) 600 45 90
www.americancouncils.tj
Маълумоти муфассалтарро дар бораи барномаҳои мубодилавию омӯзишии Ҳукумати ИМА дар Тоҷикистонро дар сомонаи Барномаҳои табодулии Ҳукумати ИМА дастрас намуда метавонед.
Дастури захиравӣ барои ҷустуҷӯи донишгоҳ ва коллеҷҳо ин аст: