Таҳсилот дар ИМА

Group of students

Муассисаҳои таҳсилотии ИМА донишҷўёни болаёқатро аз саросари дунё ба шаҳракҳои донишҷўии худ даъват мекунанд ва мўътақид бар онанд, ки гуногунрангии фарҳангӣ таҷрибаи омўзиширо барои ҳама ғанӣ месозад.

EducationUSA – ин шабакаи ҷаҳонӣ, ки беш аз 400 маркази машваратиро дар саросари ҷаҳон дар бар гирифта, бо дастгирии Шуъбаи барномаҳои таҳсилотӣ ва фарҳангии Департаменти давлатии ИМА фаъолият мекунад. Маркази омӯзишӣ дар шаҳри Душанбе соли 1992 кушода шудааст. Ба фаъолияти он созмони ҷамъиятии Шӯроҳои амрикоӣ оид ба маорифи байналмилалӣ роҳбарӣ мекунад.

Шабакаи хатмкардагони барномаҳои мубодилаи ҳукумати ИМА дар Тоҷикистон (USANT) – зиёда аз 5000 хатмкардагони барномаҳои мубодилаи таҳти сарпарастии ҳукумати ИМА-ро муттаҳид намуда, робитаҳои байни онҳоро таҳким менамояд ва бо роҳи таъмини мураббигарӣ (менторинг), барномаҳои инноватсионии рушди зарфият, амалисозии лоиҳаҳои муштарак ва табодули донишу таҷриба ва захираҳои мавҷуда имкон фароҳам меоварад, то онҳо тавонанд дар якҷоягӣ мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистонро ҳал намоянд.

Image of a female student studying

Стипендияҳо

Дар мавриди барномаҳои мубодилаи таҳсилотию ҳирфаӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати ИМА дастгирӣ карда мешаванд, бештар маълумот пайдо кунед.

Image of professional men and women who are part of our team.

Хатмкардагон

Ба Ҷамоати байналмиллалии хатмкардагони барномаҳои мубодила пайваст шавед. Ҷамоати байналмиллалии мазкур сомонаи интернетиест, ки барои раҳбарони кунунӣ ва нав, ки дар барномаҳои мубодилаи аз сўи Ҳукумати ИМА дастгиришаванда иштирок кардаанд, бахшида шудааст.

Image of student standing in front of a chalkboard with question marks written on the board

Омўзиши забони англисӣ

Забони англисиро, ҳамчун забони хориҷӣ, омўзед ва ба дигарон омўзонед, фарҳанги америкоиро барои худ кашф кунед ва дар гуфтугў бо забони англисӣ дар ҳудуди ҷамоати ҷаҳонии омўзишӣ саъй кунед.