Озмуни аксҳо-2021

landscape

Сафорати ИМА озмуни аксҳоро тавассути Марказҳои амрикоӣ барои соли 2021 эълон мекунад.

Душанбе, Тоҷикистон, 31 декабри соли 2020 – Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо ҳашт Марказҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон озмуни яксолаи аксҳоро барои соли 2021 эълон менамояд. Аксбардорони ҳаводор ба маҳфилҳои маҷозии аксбардории Марказҳои амрикоӣ даъват карда мешаванд. Марказҳои амрикоӣ дар Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Исфара, Панҷакент ва Ғарм ҷойгиранд.

Аъзоёни маҳфили аксбардорӣ барои интихоби чаҳор акси “беҳтарин”-и ҳафта бо назардошти омилҳои зерин овоз медиҳанд:

  1. То чӣ андоза дар акс унсурҳои асосӣ инъикос шудаанд, яъне: возеҳ, рангубори хуб, композитсияи хуб, ва мувозинати нур;
  2. То чӣ андоза акс зебоии Тоҷикистонро нишон медиҳад;
  3. То чӣ андоза акс унсурҳои композитсияро дарбар мегирад: қоидаи сеякҳо, хатҳои пешсаф, диагоналҳо, чорчӯбабандӣ, тазод, ҳувайдоӣ (наздикии ашё), тарҳ, мутаносибӣ;
  4. Агар дар акс одамон бошанд, пас то чӣ андоза дар ин акс ҷанбаҳои зерин инъикос шудаанд: эҳсосот, амал ва ҷалбкунии бинанда.

Сипас, пайравони Маркази Амрикоӣ тавассути пурсишномае, ки дар Twitter нашр мегардад, ба акси писандомада овоз медиҳанд. Аксе, ки овози зиёдтар мегирад, дар саҳифаҳои иҷтимоии Сафорати Амрико нашр мешавад. Дар чор ҳафта як маротиба Сафорат аксҳои ғолибони ҳафтаҳои пешинаро нашр намуда, аз пайравонаш хоҳиш мекунад, ки ба онҳо овоз диҳанд.

Аксбардоре, ки акси беҳтарини моҳро пешниҳод мекунад, бо камераи рақамӣ мукофотонида мешавад. Дар охири дувоздаҳ моҳ, ғолиби умумии озмун соҳиби камераи касбии DSLR мегардад. Ҳар шаш ва дувоздаҳ моҳ Маркази амрикоӣ беҳтарин аксҳоро чоп намуда, онҳоро дар Марказ намоиш медиҳад. Пас аз дувоздаҳ моҳ, дувоздаҳ аксбардори ғолиб ба Душанбе даъват карда мешаванд, то аксҳои худро дар як намоишгоҳе, ки дар Маркази амрикоӣ дар Душанбе баргузор мешавад, муаррифӣ намоянд.

Марказҳои амрикоӣ хароҷоти вобаста ба чоп намудан ва чорчӯбабандии шумораи муайяни аксҳои ғолибро ба зиммаи худ мегирад. Инчунин, хароҷоти ҳамлу нақл ва будубоши ғолибонро дар Душанбе ба дӯши худ мегирад.

Дар озмун танҳо аксбардорони ҳаваскор аз синну соли 13 метавонанд иштирок намоянд.  Аксбардорон бояд кори эҷодии хешро пешниҳод намоянд (ба истифода бурдани маводи дигарон иҷозат дода намешавад). Аксҳои пешниҳодшударо ба таври назаррас ретуш кардан мумкин нест: ҳеҷ кадом қисми акс (одамон, ҳайвонот, манзараҳо, ашёҳо ва ғ.) набояд тағйир дода шавад, нест карда шавад ё ҷо ба ҷо гузошта шавад. Ба бурида рост кардани канораҳои акс ва инчунин ба ториккунӣ, равшанкунӣ ва ё тағйир додани рангҳои тасвир иҷозат дода мешавад.

Навъи аксҳое, ки ба озмун қабул мешаванд: мавзеҳои сайёҳӣ, манзараҳо, боғҳо, ҳайкалҳо, муҷассамаҳо, ёдгориҳо, ҳаёт дар деҳа, рангҳои ҷолиб, зангзада, бузкашӣ, варзиш, пул кӯпрукҳо, истгоҳҳои нақлиёти мусофиркаш, кошинкорӣ (мозаика), санъати рассомӣ, нишонаҳо, мардум, табиат (наботот ва ҳайвонот), роҳнамо, меҳмонхонаҳо ва меҳмонони онҳо, бино ё иншооти кӯҳна ва роҳҳои шадид.