Access – ин барномаи омўзишии дусола буда, дар саросари ҷаҳон бо дастгирии Департаменти давлатии ИМА амалӣ мегардад. Барномаи мазкур мактаббачагони синфи 9-умро аз оилаҳои камбизоат фаро мегирад. Дар доираи барномаи мазкур гузаронидани дарсҳои беруназсинфӣ бо гузаронидани чорабиниҳо ва машғулиятҳои пуршиддат пешбинӣ шудааст.
Ҳадафи барнома:
Ҳадафи барномаи Access омӯзонидани наврасони дорои дониши ҳадди ақали забони англисӣ ба малакаҳои муоссири муошират ва тафаккури интиқодӣ тариқи якҷоя амал кардан ба таври ифоданок, истифодабарии усулҳои омӯзиши муштарак ва гузаронидани машқҳо дар заминаи ҳаёти воқеӣ мебошад. Умедворем, ки аз бар намудани чунин малакаҳо дар дарёфти ҷои кори беҳтар, пайдо намудани имкониятҳои васеи таълимӣ ва иштирок дар барномаҳои мубодилаи фарҳангӣ (стипендия барои таҳсил дар мактабҳои олӣ ё донишгоҳҳои ИМА) ва дигар барномаҳои ғайридавлатӣ мусоидат мекунад.
Ҳамаи иштирокчиёни Барномаи Дастмузди хурди дастрасӣ ба омӯзиши забони англисӣ аз ин барнома баҳраманд мегарданд, зеро дониши мукамали забони англисӣ ба иштирокчиён дар дарёфти кори муносиб мусоидат менамояд, дарҳоро ба ҷаҳони васеъи фикрҳо ва имкониятҳо боз мекунад ва ба онҳо имконият медиҳад, ки ба некӯаҳволии иҷтимоию иқтисодии оила, шаҳр ва кишвари худ саҳми назаррас гузоранд.
Дархостҳо барои иштирок дар барнома, бояд маълумот оиди гузаронидани омӯзишҳои забони англисӣ, чорабиниҳои беруназсинфӣ ва маҳфилҳоро дар бар гиранд. Маҳфилҳо марбут ба омӯзиши забони англисӣ ва фарҳанги Амрико аз фаъолиятҳои гуногун, аз қабили намоишҳои саҳначаҳо, дарсҳои компютерӣ, рақс, санъати тасвирӣ, мусиқӣ, бозиҳо, варзиш, боздид аз ҷойҳои тамошобоб, чорабиниҳои хоси фарҳангӣ (масалан ҷашни 4-уми июл – Рўзи Истиқлолияти ИМА) ва инчунин машғулиятҳо оид ба рушди малакаҳои роҳбарӣ, ташаккули рӯҳияи фаъолияти гурӯҳӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва таҳаммулпазирӣ иборат мебошанд. Машғулиятҳои пуршиддати тобистона, дар доираи ин барнома як чорабинии муҳим барои такмил, ташаббус ва ё анҷом додани барномаи дусолаи омӯзиши забони англисӣ мебошад.
Интихоби муассисаҳои таълимӣ дар дохили кишвар:
Барномаи Access аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА бо дастгирии муассисаҳои таълимии миллӣ амалӣ карда мешавад. Муассисаҳои таълимии маҳаллӣ бояд бо дастури зерин шинос шаванд ва бо мақсади таҳияи нақшаи самаранок барои амалисозии барномаи Access бо кормандони Сафорати ИМА дар тамос бошанд. Ҳамаи муассисаҳои таълимии маҳаллӣ бояд пешниҳодҳои пурраи тавсифӣ ва буҷетиро, ки ба талаботи барнома мувофиқ аст, барои тасдиқ ба Сафорати ИМА, ирсол намоянд.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи барнома, бо Шӯъбаи робита бо ҷомеа дар тамос шавед: EnglishProgramsDushanbe@state.gov
ДАРХОСТНОМА
- Эълон (Word 86 KB)