Барномаи грантҳои хурди Комиссия оид ба рушди демократӣ

Барномаи грантҳои хурди Комиссияи рушди демократияи Сафорати ИМА барои пешбурди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва матраҳ кардани масъалаҳои калидии ҷомеа аз тариқи як силсила барномаҳои хурди мавриди назар ташкил шудааст. Ин Барнома асосан ба созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва созмонҳои ғайриинтифоӣ грант медиҳад.

Барномаи мазкур ба созмонҳое маҳдуд мешавад, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Мо наметавонем лоиҳаи созмони ғайритоҷикистонӣ ё онҳое, ки фаъолиятҳои муғризонаи сиёсӣ ё диниро дастгирӣ мекунанд, маблағгузорӣ намоем. Ба иловаи ин лоиҳаҳое, ки мақсади аввалиндараҷаи онҳо фаъолияти хайриявӣ, кўмаки башардўстона ё маблағгузорӣ мебошад, тасдиқ карда намешаванд.

Дар бораи масъалаҳои минбаъда оид ба ин барнома лутфан бо Парвиз Айдаршоев, шўъбаи равобит бо ҷомеа аз тариқи тел: (+992 37) 229-23-19, 229-23-15 ё бо суроғаи эл.: GrantProposalsDushanbe@state.gov тамос бигиред.

Довталабони муваффақ барои даври дуюм ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод кунанд: