Хазинаи сафирон оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ

Хазинаи сафирони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ (AFCP), ки тирамоҳи соли 2000 аз ҷониби Конгресс таъсис дода шуд, дар зиёда аз 130 кишвари ҷаҳон грантҳо тақдим менамояд, ки ҳадаф аз ин ибтикор, ҳифзу нигаҳдории иншоотҳо, ашёҳо ва маҷмӯаҳои дорои аҳамияти таърихию фарҳангӣ, ва инчунин шаклҳои анъанавию фарҳангии худифодакунӣ, ба мисли мусиқӣ, рақс ва калом мебошад. Хазинаи сафири ИМА оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ, ки таҳти мудирияти Маркази мероси фарҳангии Бюро оид ба масъалаҳои маориф ва фарҳанги Департаменти давлатии ИМА фаъолият менамояд, ба Иёлоти Муттаҳида имконияти хеле арзишмандро ҷиҳати эҳтиром гузоштан ба мероси фарҳангии кишварҳои дигар фароҳам меорад.

Аз соли 2001 то ин ҷониб, Барномаи Хазинаи сафирони ИМА оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ ба 17 лоиҳа дар саросари Тоҷикистон ба маблағи умумии 806 424 доллари ИМА кӯмаки молиявӣ расонид:

Соли 2021Ҳифзи мероси фарҳангӣ барои наслҳои оянда дар шаҳри қадимаи ПанҷакентБарқарорсозии 5 ёдгории фарҳангӣ ва таърихӣ. Арзиши лоиҳа- 186,766,00 доллари ИМА. Ин мавзеъ таърихи суғдиёни асрҳои V-VIII-ро инъикос карда, санади нодири бозгӯкунандаи ҳаёти он замони Осиёи Марказӣ мебошад. Дар зери таъсири барфу борон, гармою сармо ин мавзеъ дар вазъияти бад қарор дошт. Аксари биноҳои дар ин мавзеъ ҳаффоришуда, айни замон бо хатари нобудшавӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Имрўз асосан харобаи биноҳои таърихӣ боқӣ мондаанд, зеро масолеҳи асосии сохтмонӣ хишти гилин аст ва баъди ҳафриёт он таҳти таъсири боду борон қарор гирифт.

Соли 2017Лоиҳа оиди барқарор намудани Мадрасаи Ойим дар шаҳри Конибодом – аввалин мактаб барои занон дар Тоҷикистон. Арзиши лоиҳа – 77 159.00 доллар. Мадрасаи Ойим аввалин муассисаи таълимӣ дар Тоҷикистон ва дуввумин дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад, ки дар он занону духтарон таҳсил мекарданд. Бино ба иттилои таърихнигорон, мадраса дар солҳои 1824-1825 сохта шуда ва дар солҳои аввали фаъолият дар он зиёда аз 200 толиба дарс мехонданд. Дар соли 1891 бо фармони генерал-губернатори Фарғона Нилифкин дар Мадрасаи Ойим Комилхӯҷа ба мақоми муаллим таъйин гардид. Мадрасаи Ойим иншооти нодири таърихӣ ба ҳисоб меравад. Он ҳамчун ёдгории фарҳангии дорои аҳамияти миллӣ дар каталоги иншоотҳои таърихию меъморӣ, ки аз ҷониби давлат ҳифз мешаванд, сабт гардид.

Соли 2013Лоиҳа оиди нигаҳдорӣ ва ҳифзи маҷмааи беназири меъмории асри XVII – Мадрасаи Мирраҷаб Додхо (Осорхонаи таърихии шаҳри Конибодом). Арзиши лоиҳа – 79 591 доллар. Ҳадаф аз амалигардонии лоиҳаи мазкур, ҳифзи бино аз фурӯпошии бом, ки аз асари боронҳо хароб мегардад, мебошад. Корҳои лоиҳавӣ дар худи иншооти таърихӣ, яъне  Мадрасаи Мирраҷаб Додхо (Осорхонаи таърихии шаҳри Конибодом) гузаронида шуданд. Шаҳри Конибодом дар вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, дар роҳ байни шаҳрҳои бостонии Роҳи Бузурги Абрешим –  Хуҷанди Тоҷикистон ва Қӯқанди Ӯзбекистон воқеъ аст. Хуҷанд – дуввум калонтарин шаҳри Тоҷикистон буда, маркази маъмурии вилояти Суғд мебошад.

Соли 2013Лоиҳа оиди ҳифзи маҷмааи беназири меъмории асри XVI – Мадрасаи Кӯҳна (Осорхонаи таърихии Ҳисор). Арзиши лоиҳа – 72 331 доллар. Чорабиниҳои лоиҳавӣ дар худи иншооти таърихӣ, яъне дар Мадрасаи Кӯҳна, гузаронида шудаанд. Мадрасаи Кӯҳна дар айни замон ҳамчун Осорхонаи таърихии Ҳисор фаъолият намуда ва ҷузъи мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор, ки аз 13 бинову иншоотҳои таърихӣ иборат аст, маҳсуб меёбад. Мадрасаи Кӯҳна, ки дар масофаи 40 дақиқаи аз Душанбе қарор дорад, шаҳри асосии Роҳи Абрешим ба ҳисоб мерафт ва то ибтидои асри XIX маркази Бухорои Шарқӣ буд.

Соли 2011Лоиҳа оиди ҳифзу нигаҳдории нақшҳои рӯйдеворӣ бо расми гулҳои лола ва лоласурхак дар Қасри Поёни Панҷакенти бостонӣ. Арзиши лоиҳа 38 000 доллар мебошад. Ҳадаф аз амалигардонии лоиҳаи мазкур мусоидат намудан ба ҳифзу нигаҳдории нақшҳои рӯйдеворӣ бо расми гулҳои лола ва лоласурхак дар Қасри Поён (бинои асри VI), воқеъ дар маҳаллаи Қайнар, мебошад. Нақшҳои рӯйдевории мазкур, ки соли 1897 зери қалъаи бостоние ошкор гардиданд, ба харобшавӣ дар асари заҳида даромадани об аз майдонҳои кишоварзии гирду атроф мувоҷеҳ мебошанд. Дар доираи лоиҳа мустаҳкам гардонидан ва гирифта бурдани нақшҳои рӯйдеворӣ бо мақсади нигоҳ доштан ва ба маърази тамошо гузоштани онҳо дар осорхонаи миллӣ дар нақша гирифта шудааст.

Соли 2010Лоиҳа оиди ҳифзи  касбу ҳунарҳои сунатии тайёр кардани маҳсулоти гуногун аз пашми қутосҳои Помири Шарқӣ. Арзиши лоиҳа 49 900 доллар мебошад.   Ҳадаф аз амалигардонии лоиҳаи мазкур мусоидат намудан ба ҳифзу нигаҳдории касбу ҳунарҳои сунатии тайёр кардани маҳсулоти гуногун аз пашми қутос дар кӯҳҳои Помир, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки яке аз минтақаҳои мунзавии кишвар маҳсуб меёбад, мебошад. Дар ин минтақаи аз лиҳози иқтисодӣ қафомонда ва дурдаст, ки сокинона аз имкониятҳои бо кор таъмин шудан дар дигар қисматҳои кишвар маҳрум мебошанд ва аз ҷониби дигар касбу ҳунарҳои сунатии ин минтақа дар ҳоли азбайнравӣ қарор доранд. Лоиҳа ба ошкор намудани ҳунармандоне, ки аз пашм маҳсулоти гуногун тайёр менамоянд, таҳия намудани намунаҳои анъанавии ҳунарҳои дастӣ ва таълим додани косибони ояндаи ҷавон равона шудааст.

Соли 2009Лоиҳа оиди ҳифзу нигаҳдории мусиқии анъанавии тоҷикӣ. Арзиши лоиҳа – 29 100 доллар. Ҳадаф аз амалигардонии лоиҳаи мазкур мусоидат намудан ба ҳифзу нигаҳдории мусиқии анъанавии мардумии тоҷикӣ аз тамоми минтақаҳои кишвар мебошад. Анъанаҳои бой ва гуногуни мусиқии миллии Тоҷикистон сиёсати даврони шӯравиро, ки ба омӯзишу амалкарди онҳо мамоният эҷод мекард, паси сар намуданд. Бо вуҷуди ин, ҳоло тамоюли муосири поп-мусиқӣ, ки дар саросари кишвар шӯҳрат дорад, доираи мусиқии анъанавиро танг кардааст. Дар доираи лоиҳаи мазкур истеҳсол ва паҳн кардани сабтҳои баландсифат ва буклетҳо ба ду забон дар бораи мусиқии мардумии тоҷикӣ дар байни муассисаҳои фарҳангии ватанӣ ва байналмиллалӣ ва воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла телевизиони тоҷик, пешбинӣ шудааст.

Соли 2009Лоиҳа оиди ҳифзу нигаҳдории Мадраса ва Мақбараи Хоҷа Машҳад (асри IX) дар Шаҳритус. Арзиши лоиҳа – 10 900 доллар. Ҳадаф аз амалигардонии лоиҳаи мазкур мусоидат намудан ба идома додани корҳое, ки дар доираи гранти пешинаи Хазинаи сафири ИМА оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ оғоз ёфта буданд, мебошад. Корҳо асосан ба ҳифзу нигаҳдории мероси таърихии асри IX – Мадраса ва Мақбараи Хоҷа Машҳад, яке аз биноҳои кӯҳантарини то рӯзҳои мо боқимонда дар Осиёи Марказӣ, равона шуда буданд. Дар ин марҳилаи лоиҳа як қатор чорабиниҳо оиди бартарафсозӣ ва пешгирии харобиҳое, ки об мерасонад, ва мустаҳкамсозии пойдевори бино анҷом дода шуданд.

Мадраса ва оромгоҳи Хоҷа Машҳад дар ноҳияи Шаҳритус
Мадраса ва оромгоҳи Хоҷа Машҳад дар ноҳияи Шаҳритус

Соли 2007Лоиҳа оиди ҳифзу нигаҳдории Мадраса ва Мақбараи Хоҷа Машҳад (асри IX) дар Шаҳритус. Арзиши лоиҳа – 53 405 доллар. Ҳадаф аз амалигардонии лоиҳаи мазкур мусоидат намудан ба марҳилаи ниҳоии корҳои тармимӣ дар ин иншооти муҳими таърихию фарҳангӣ, ки дар асри IX сохта шудааст, мебошад. Мадрасаи мазкур яке аз қадимтарин дар Осиёи Марказӣ буда дар байни хатмкунандагони мадрасаи мазкур  шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ мебошанд. Аммо Мадраса ва Мақбара дар натиҷаи расидани обу намӣ хеле хароб гаштаанд ва ҳатто баъзе аз қисматҳои ин биноҳои аз лиҳози меъморӣ аҳамиятнок аз байн рафтаанд. Дар доираи лоиҳаи мазкур аз нав барқарор сохтани даромадгоҳи асосӣ, манораҳои кунҷӣ, панелҳои ороишӣ ва гунбази қисми шарқии бино пешбинӣ шудааст.

Соли 2006Лоиҳа оиди ҳифзу нигаҳдории Мадраса ва Мақбараи Хоҷа Машҳад (асри IX) дар Шаҳритус. Арзиши лоиҳа – 37 676 доллар. Ҳадаф аз амалигардонии лоиҳаи мазкур мусоидат намудан ба иҷрои марҳилаи дуввум оид ба аз нав барқарор сохтани Мадраса ва Мақбараи Хоҷа Машҳад мебошад. Бинои Мадраса ва Мақбараи Хоҷа Машҳад дар асри IX сохта шуд,  мадрасаи мазкур яке аз қадимтарин дар Осиёи Марказӣ мебошад. Дар марҳилаи аввали лоиҳа ҳал намудани мушкилии асосӣ пешбинӣ шуда буд, яъне бартараф намудани зарару зиёне, ки об ба бино мерасонад. Ин мушкилӣ тариқи насби қубурҳои заҳбур ва мустаҳкамсозии пойдевор ҳал гардид. Дар марҳилаи дуввум азнавбарқароркунии тарафи ғарбии иншоот, қисме аз бинои аслӣ пешбинӣ шудааст.

Соли 2006Лоиҳа оиди ҳуҷҷатнигории иншооти таърихии Тоҷикистон. Арзиши лоиҳа – 30 983 доллар. Ҳадаф аз амалигардонии лоиҳаи мазкур мусоидат намудан ба иҷрои марҳилаи дуввум оиди бунёд намудани пойгоҳи маълумот оиди иншоотҳои таърихии Тоҷикистон. Дар марҳилаи аввал иншоотҳои қисмати ҷанубии кишвар ва дар марҳилаи дуввум бошад иншоотҳои қисмати шимоли кишвар мавриди муоина қарор гирифтанд. Ҳарчанд ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ зиёда аз 1000 иншоот ҳуҷҷатигорӣ гардида бошанд ҳам, шумораи умумии онҳо дар Тоҷикистон тақрибан 2000 аст. Дар натиҷаи амалигардонии лоиҳа каталогҳо бо иншоотҳои муоинашуда таҳия гардиданд.

Соли 2005Лоиҳа оиди ҳуҷҷатнигории иншооти таърихии Тоҷикистон. Арзиши лоиҳа – 30 821 доллар. Ҳадаф аз амалигардонии лоиҳа анҷом додани арзёбӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ намудани зиёда аз 1500 иншооти таърихӣ дар саросари Тоҷикистон мебошад. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон боиси зараррасонӣ ва харобгардонии иншооти муҳими таърихӣ гардид. Пас аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1997, Вазорати фарҳанг қодир ба арзёбии ҳолати иншоотҳо набуд, аз ҷумла иншоотҳои таърихӣ, динӣ ва археологӣ.

Соли 2005Лоиҳа оиди ҳифзу нигаҳдории Мадраса ва Мақбараи Хоҷа Машҳад (асри IX) дар Шаҳритус. Арзиши лоиҳа – 19 045 доллар. Ҳадаф аз амалигардонии лоиҳа мусоидат намудан ба ҳифзу нигаҳдории мадрасаи кӯҳантарини Осиёи Марказӣ мебошад. Иншооти мазкур дар натиҷаи беназоратӣ хароб гардида, бо сабаби сатҳи баланди обҳои зеризаминӣ фурӯ менишинад. Дар доираи лоиҳа насби қубурҳои заҳбур дар иншооти таърихӣ ва бартарафсозии харобиҳои сохторӣ пешбинӣ шудааст. Мадраса дар асрҳои IX – XI ва мақбара бошад дар асри IX сохта шудааст. Иншооти мазкур ҷои зиёрати мусулмонони Тоҷикистон ва ҳамчунин мусулмонони кишварҳои ҳамсоя ба ҳисоб меравад.

Соли 2004
Лоиҳа оиди нигаҳдории профилактикии маҷмӯаҳои Осорхонаи археологии Саразм дар ноҳияи Панҷакент. Арзиши лоиҳа – 19 147 доллар. Ҳадаф аз амалигардонии лоиҳа ҳифзу нигаҳдории маҷмӯаҳои сафолӣ, олоти сангӣ ва маҳсулоти заргарии Саразм ва ба ин тартиб таъмини нигаҳдории муносиб ва кӯмак намудан ба тармими дохили осорхона мебошад. Дар даврони асри биринҷӣ Саразм ба туфайли кишоварзӣ, чорводорӣ ва косибӣ нашъунамо меёфт. Дар охири ҳазорсолаи чаҳоруми пеш аз милод, шаҳраки Саразм ба яке аз марказҳои бузургтарини фулузсозӣ табдил ёфт.

Соли 2003Лоиҳа оиди ҳифзу нигаҳдории китобҳои нодири Тоҷикистон дар китобхонаи Академияи илмҳо. Арзиши лоиҳа – 25 592 доллар. Ҳадаф аз амалигардонии лоиҳа мусоидат намудан ба ҳифозати китобҳои дорои аҳамияти миллию ҷаҳонӣ ва таъмини дастрасӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон ба ин мероси ғанӣ. Ҷузъи муҳиме аз китобҳои Китобхонаи марказии илмии Академияи илмҳо маҷмӯаи китобҳое мебошад, ки аз 15 000 ҷилд иборат буда, ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, арабӣ, санскрит ва форсӣ навишта шудаанд.

Соли 2002Лоиҳа оиди тармими бойгониҳои нақли шифоҳии тоҷик. Арзиши лоиҳа – 16 000 доллар. Ҳадаф аз амалигардонии лоиҳа мусоидат намудан ба гузариши бойгонӣ ба нигаҳдории маълумот дар лентаҳои нави баландсифат ва ба ин тартиб таъмин намудани дастрасии он ба олимон. Бойгониҳои нақли шифоҳии тоҷик, урфу одат ва фарҳанги ҳар як минтақаи Тоҷикистон ва ҳамчунин минтақаҳои тоҷикзабони Ӯзбекистонро дар бар гирифта, аз худ боигарии азими донишҳои истифоданашудаи таърихӣ, антропологӣ ва иҷтимоиро ифода менамояд.

Соли 2001Лоиҳа оиди тармим ва ҳифзи маҷмӯаи ашёҳои қадима дар Осорхонаи давлатии осори атиқа. Арзиши лоиҳа 30 000 доллар. Ҳадаф аз амалигардонии лоиҳа ба анҷом расонидани тармими муҷассамаи қадимии Буддо, ки бузургтарин муҷассама дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад, мебошад. Ин имкон медиҳад, ки ба муносибати даҳумин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷассамаи мазкур ба маърази тамошои умум гузошта шавад. Хазина инчунин лавҳаҳои бехатарро барои ба маърази тамошо гузоштани дигар нигораҳои маҷмӯаи осорхона тақдим менамояд. Дар айни замон, тамоми маҷмӯаи нигораҳо дар шакли фотоархиви рақамӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Маркази мероси фарҳангӣ, Бюро оид ба масъалаҳои маориф ва фарҳанги Департаменти давлатии ИМА.