Шўъбаи робита бо ҷомеаи Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвияти фаҳмиши мутақобил миёни Иёлоти Муттаҳида ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи барномаҳои байналмилалии таҳсилӣ ва бозомўзӣ (тренингӣ) фаъолият мекунад. Муносибатҳое, ки дар миёни ширкаткунандагон арзи вуҷуд мекунад, ба пайвандҳои шахсӣ, касбӣ ва муассисавӣ дар миёни шаҳрвандони хусусӣ ва созмонҳо дар ИМА ва хориҷ оварда мерасонад.
Донишҷўён ва кормандони мутахассис метавонанд тибқи якчанд барномаи мубодилавие, ки аз ҷониби ҳукумати ИМА пуштибонӣ мешавад, дархостнома ироа намоянд, ки аз тарафи Шўрои амрикоӣ (ACCELS) ва IREX (Шўрои байналмилалии таҳқиқ ва мубодила) идора мешаванд.
Ғайр аз ин, Маркази EducationUSA (маркази машваратии таҳсилотӣ) дар Душанбе аз тарафи Шўрои Амрикоӣ идора мешавад. Мушовирони EducationUSA дар пайдо кардани имкониятҳои таҳсилотӣ дар Иёлоти Муттаҳида ва ҳамчунин иттилоот дар бораи идрорҳо ва дастгирии молиявӣ метавонанд кўмак намоянд. Барои иттилооти бештар лутфан бо Шўрои Амрикоӣ дар Душанбе тамос бигиред.
Барномаҳои мубодилавӣ барои донишҷуён
Барномаи TechGirls
TechGirls – ин барномаи байналмилалии мубодилавии тобистона мебошад, ки ҳадаф аз он фароҳам овардани имконоти васеътар ва рўҳбаланд кардани занони ҷавон аз кишварҳои Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва Осиёи Марказӣ дар ихтиёр кардани касб дар соҳаи илм ва технология мебошад. TechGirls – ташаббуси Бюрои умури маориф ва фарҳанги Департаменти давлатии ИМА буда, зери роҳбарии «Легаси Интернешнл» амалӣ мегардад. «Легаси Интернешнл» – созмони ғайриҳукуматии ИМА аст, ки ба роҳбарони нав имкон медиҳад, то арзишҳо ва дидгоҳи худро ба муваффақияти пойдор табдил диҳанд. Маълумоти бештарро дар сомонаи www.legacyintl.org пайдо кунед.
Сину соли довталабон: 15-17
Давомият: 4 ҳафта
Эълони барнома: Барномаи TechGirl
Мӯҳлати охирони ҳуҷҷатсупорӣ: 15-уми январи соли 2022
Барномаи «Байни сатрҳо: ҷаҳон ва таҷрибаи нависандагӣ»
«Байни сатрҳо: ҷаҳон ва таҷрибаи нависандагӣ» дар асоси созишномаи ҳамкорӣ бо Бюрои умури маориф ва фарҳанги Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ карда мешавад. Дар қатори 10-12 ҳамкасбони амрикоӣ, 30 нафар иштирокчиёни байналмилалӣ барои иштирок дар барномаи дуҳафтаинаи интенсивии тобистонаи BTL («Байни сатрҳо») дар Донишгоҳи Айова ҷамъ меоянд. Кишварҳое низ хаққи иштирок дар барномаи мазкур доранд, ки қад-қади масири таърихии Роҳи абрешим ҷойгиранд.Донишҷӯён аз кишварҳои зерин барои иштирок дар барномаи BTL 2020 даъват карда мешаванд:Алҷазоир, Арманистон, Озарбойҷон, Бангладеш, Беларусия, Миср, Гурҷистон, Ҳиндустон, Ироқ, Иордания, Қазоқистон, Қирғизистон, Ливан, Марокаш, Непал,Омoн, Лаҳистон, Покистон, Шри Ланка, Қатар, Тунис, Украина, Русия, AМА, Тоҷикистон. Туркия, Туркманистон ва Ӯзбекистон. Бо кӯмаки нависандагони касбии амрикоӣ ва байналмилалӣ ба ҳайси муаллимон, иштирокчиён уфуқҳои адабии худро тавсеа хоҳанд бахшид, ҳамдардӣ ва фаҳмиши фарҳанги ҳамдигарро беҳтар хоҳанд кард ва малакаҳои муоширати худро сайқал хоҳанд дод. Тамоми барнома бо забони англисӣ гузаронида мешавад. Шарикони барнома Донишгоҳи Айова, дигар гурӯҳҳои маҳаллӣ ва кафедраҳои донишгоҳӣ мебошанд.
Сину соли довталабон: 15-18
Давомият: 2 ҳафта
Эълони барнома: Барнома барои соли 2021
Мӯҳлати охирони ҳуҷҷатсупорӣ: 24-уми марти соли 2021
Барномаи SUSI барои донишҷўён-пешсафон дар мавзўи «Роҳбарии занон»
Курсҳо оид ба омӯзиши ИМА (SUSI) барои донишҷӯёни дорои қобилияти роҳбарӣ – ин барномаҳои кӯтоҳмуддати омўзиши интенсивӣ мебошанд. Ҳадаф аз баргузории курсҳо оид ба омўзиши ИМА дарки амиқ пайдо кардани донишҷӯён дар бораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дар айни замон рушди малакаҳои роҳбарии онҳо мебошад. Ин курсҳои панҷҳафтаина аз як қатор семинарҳои мубоҳисавӣ, хонишҳо, презентатсияҳои гурӯҳӣ ва лексияҳо иборатанд. Илова бар фаъолиятҳои дарсӣ саёҳати таълимӣ, боздид аз ҷойҳои тамошобоб, чорабиниҳо оид ба роҳбарӣ ва имкониятҳо барои фаъолиятҳои ихтиёрӣ дар ҷамоати маҳаллӣ пешбинӣ шудааст. Ҳар як курс аз бахши таълимии чорҳафтаина ва як сафари таълимии якҳафтаина иборат аст. Дар давоми бахши таълимї иштирокчиён инчунин метавонанд дар чорабиниҳои таълимию фарҳангии берун аз дарс ширкат варзанд. Дар доираи “Курсҳо оид ба омӯзиши ИМА” (SUSI) барои донишчӯёни пешсаф дар мавзӯи “Роҳбарии занон”, омӯзиши таърих ва иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба нақша гирифта шудааст. Дар ҷараёни курс таваҷҷўҳи умда ба ду самти асосӣ равона мешавад: 1) инкишофи малакаҳои роҳбарӣ дар байни иштирокчиён дар ҷанбаҳои мухталиф, ба монанди тафаккури интиқодӣ, муошират, қабули қарор ва малакаҳои идоракунӣ; ва 2) истифодаи ин малакаҳо дар заминаи таърих ва иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико. Дар доираи барнома пешрафти таърихӣ дар соҳаи баробарии занон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, комёбиҳо ва чолишҳое, ки дар замони кунунї занон дар соҳаҳои гуногун дучор мешаванд ва инчунин чолишҳои ҷорӣ дар заминаи масъалаҳои глобалии занон мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Сину соли довталабон: 18-25
Давомият: 5 ҳафта
Эълони барнома: Барномаи SUSI
Мӯҳлати охирони ҳуҷҷатсупорӣ: 15-уми январи соли 2022
Барномаи Фулбрайт барои донишҷӯёни хориҷӣ
Барномаи Фулбрайт барои донишҷӯёни хориҷӣ ба донишҷуён ва мутахасисони ҷавон барои гирифтани дараҷаи магистр дар донишгоҳҳои Амрико шароит фароҳам меоварад. Барномаи стипендияи Фулбрайт таҳсилро дар ҳамаи бахшҳо ба истиснои бахши тиб кушода аст.
Сину соли довталабон: дипломи маълумоти олӣ
Давомият: аз 1 то 2 сол
Эълони барнома: Барномаи Фулбрайт барои донишҷӯёни хориҷӣ (соли таҳсили 2024–2025)
Мӯҳлати охирони ҳуҷҷатсупорӣ: 30-юми апрели соли 2023.
Барномаи мубодилавии FLEX
Барномаи мубодилавии FLEX барои таҳсили ройгон дар ИМА барои хонандагони синфҳои болоӣ пешниҳод мегардад. Ҳар сол беш аз 35 ғолиб барои иштирок дар ин барнома интихоб мешаванд. Ғолибон дар оилаи мизбони интихобгардида зиндагӣ карда, дар мактаби миёнаи амрикоӣ таҳсил мекунанд. Таъсиси барномаи мубодилавии FLEX аз ҷониби Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешниҳод гардида буд, то ки ба мардуми ИМА ва Тоҷикистон дар афзудани ҳамдигарфаҳмӣ ёрӣ расонад. Барнома 28 сол вуҷуд дорад, аз ҷониби ҳукумати ИМА маблағгузорӣ мегардад ва аз тарафи Бюрои барномаҳои таҳсилотиву фарҳангии Департаменти давлатии ИМА идора мегардад. Барномаи FLEX ғайр аз Тоҷикистон дар Арманистон, Озарбойҷон, Чехия,Эстония, Маҷористон, Гурҷистон,Юнон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Молдова, Лаҳистон, Муғулистон, Руминия, Словакия, Туркманистон ва Украина фаъолият мекунад.
Раванди ҷалб ва интихоби довталабон барои ин барнома аз тарафи Шўрои амрикоӣ баргузор мегардад. Барои иттилооти бештар, лутфан бо Шўрои амрикоӣ тамос гиред. Ҳамчунин, аз сомонаи: www.exchanges.state.gov боздид кунед.
Сину соли довталабон: талабагони синфи 11
Давомият: як сол
Эълони барнома: Барномаи FLEX
Барномаи умумиҷаҳонии мубодилаи донишҷўён (Global UGRAD)
Барномаи Global UGRAD аз ҷониби Бюро оиди таҳсилот ва фарҳанги Департаменти Давлатии ИМА сарпарастӣ мешавад. Ин як стипендияест, ки дар давоми як семестр барои гирифтани таълими ғайриакадемӣ дар коллеҷ ё донишгоҳи таъйиншудаи ИМА маблағгузорӣ мешавад. Дар давоми барнома иштирокчиён дар назди худ вазифа мегузоранд, ки ҷомеа, фарҳанг ва таҳсилоти академии Амрикоро меомўзанд. Онҳо инчунин дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок мекунанд ва малакаҳои касбии худро такмил медиҳанд.
Сину соли довталабон: аз 18 сола боло
Давомият: як семестр
Эълони барнома: Барномаи Global UGRAD барои солҳои 2022-2023
Мӯҳлати охирони ҳуҷҷатсупорӣ: 6-уми январи соли 2022
Донишкадаи тобистонаи рӯзноманигорӣ
Донишкадаи тобистонаи рӯзноманигорӣ: Дар тӯли як моҳ дар Донишгоҳи Амрикоӣ дар Бишкек то 40 нафар рӯзноманигорони ҷавон ва донишҷӯёни бахши рузноманигорӣ аз Осиёи Марказӣ мавзӯъҳои журналистикаи муосирро меомӯзанд. Донишкадаи тобистона як барномаи таълимии таъомулӣ (интерактиви)-ро барои рушди маҳорати иштирокчиён дар соҳаҳои монанди дата-журналистика, расонаҳои рақамӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод мекунад. Инчунин барнома дониши хабарнигоронро дар бораи ахлоқи журналистика, санҷиши манбаъҳо ва ошкор кардани иттилооти ғалат такмил хоҳад кард. Курси омузишӣ аз моҳи июн то июл сурат мегирад. Иштирокчиён бояд забони русиро хуб донанд.
Сину соли довталабон: 21
Давомият: 1 моҳ
Эълони барнома: Барнома барои соли 2021
Мӯҳлати охирони ҳуҷҷатсупорӣ: 19-уми феврали соли 2021
Шӯрои ҷавонони сиғаи C5 +1
Шӯрои ҷавонони C5 + 1 донишҷӯёнро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои муаррифии дидгоҳҳои онон ва барқарории иртиботи пойдор миёни ҷавонони минтақа, гирди ҳам меорад. Дар тирамоҳи соли 2016 Донишгоҳи Амрикоии Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо Департаменти давлатии ИМА Шӯрои ҷавонони C5 + 1-ро таъсис дод, ки дар он 30 нафар намояндагони минтақаи Осиёи Марказӣ ба унвони як гурӯҳи аслӣ интихоб шуданд. Ин гурӯҳ барои ташкил ва ширкат дар як қатор семинарҳо, тренингҳо, мусобиқаву мунозираҳо, чорабиниҳои дипломатӣ ва лоиҳаҳои хурд дар бахши мушорикати маданӣ сафарбар мешаванд, ки ҳадафи он дастгирии тақвияти эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ байни намояндагони ҷавонони Осиёи Марказӣ аст.
Фаъолияти Шӯрои ҷавонони C5 + 1 ба азхудкунии таҷрибаи таълимӣ ва илҳомбахш нигаронида шудааст то донишҷӯёнро барои омӯзиши мавзӯъҳои муҳим таҳти раҳбарии мутахассисони соҳаҳои алоҳида, таҳрик диҳад. Ин барнома бо ҷалби мутахассисони барҷаста барои илҳом бахшидан ва ҳидояти 30 раҳбари ҷавон, роҳандозии муколама, парвариши эҳсоси ҳамдардиву тарраҳум дар онҳо, мусоидат мекунад. Интизори онро дорем, ки дар фарҷоми лоиҳа ширкаткунандагон пешниҳодоти худро ироа мекунанд ва ин тавсияҳо барои тақвияти бештари ҳамкорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, кумак хоҳад кард.
Сину соли довталабон: донишчуёни то 30 сола
Давомият: Шӯрои ҷавонони C5+1 бинобар ба пандемияи COVID-19 аз моҳи марти соли 2020 ба таври онлайнӣ амал мекунад
Эълони барнома: Барнома барои соли 2021
Мӯҳлати охирони ҳуҷҷатсупорӣ: 31-уми марти соли 2021
Барномаҳои мубодилавӣ барои мутахассисон
Барномаи Фулбрайт барои муҳаққиқон
Барномаи Фулбрайт барои муҳаққиқон донишмандони шинохтаи Тоҷикистонро ба Иёлоти Муттаҳида барои анҷом додани таҳқиқоти илмӣ дар донишгоҳҳои ИМА ба муддати як сол даъват менамояд.
Сину соли довталабон: унвони докторӣ ва ё дигар унвони илмӣ
Давомият: як сол
Эълони барнома: Барномаи Фулбрайт барои муҳақиқон (соли таҳсили 2024 – 2025)
Мӯҳлати охирони ҳуҷҷатсупорӣ: 10-уми октябри соли 2023
Барномаи Ҳуберт Ҳ. Ҳамфрӣ
Барномаи стипендияи Ҳуберт Ҳ. Ҳамфри барои мутахассисони ҷавони тоҷик имконияти таҳсили курсҳои даҳ моҳа, рушд додани маҳорати сарварӣ ва такмили ихтисос дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фароҳам меорад. Довталабон ба барномаи мазкур дар асоси маҳорати сарварӣ ва шомил будан дар хизматрасонӣ ба ҷомеа дар бахши хусусӣ ё ҷамъятӣ интихоб карда мешаванд. Дар маҷмуъ ҳабдаҳ Донишгоҳ дар саросари Иёлоти Муттаҳида довталабони Барномаи Ҳамфриро фаро мегиранд.
Сину соли довталабон: дипломи маълумоти олӣ
Давомият: 10 моҳ
Эълони барнома: Барномаи Ҳуберт Ҳамфри барои соли таҳсили 2023 – 2024
Мӯҳлати охирони ҳуҷҷатсупорӣ: 31-уми майи соли 2022
Барномаи Фулбрайт барои омӯзгорони забони хориҷӣ (FLTA)
Барномаи FLTA аз ҷониби Идораи барномаҳои илмию фарҳангии (ECA) Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ шуда, муддати 9-моҳ, бидуни тақдими унвони таҳсилотӣ давом меёбад. Ҳадаф аз он таҳкими малакаи таълимдиҳии забонҳои хориҷӣ дар коллеҷҳо ва донишгоҳҳои ИМА мебошад ва, дар айни замон, барои омўзгорони имрӯза ва ояндаи забони англисӣ фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати такмили таҷрибаю малакаи худ дар риштаи забони англисӣ, васеъ намудани доираи донишу огоҳии худ дар бораи ҷомеа ва фарҳанги ИМА мебошад. Иштирокчиёни Барномаи FLTA ҳамчунин бо ҷамоатҳои мизбони худ тариқи гурӯҳҳо барои сӯҳбат, чорабиниҳои беруназсинфӣ ва лоиҳаҳо оиди гузаронидани корҳои иттилоотию маърифатӣ дар сатҳи ҷамоатҳо ҳамкорӣ хоҳанд кард. Баъд аз анҷоми барнома иштирокчиён бояд ба кишварҳои худ баргарданд.
Сину соли довталабон: омўзгорони имрӯза ва ояндаи забони англисӣ
Давомият: 9-моҳ, бидуни тақдими унвони таҳсилотӣ
Эълони барнома: Барномаи FLTA барои солҳои 2023-2024
Мӯҳлати охирони ҳуҷҷатсупорӣ: 20-уми июли соли 2022
Барномаи тахассусии баланд бардоштани маҳорати омӯзгорӣ (TEA)
Барномаи TEA ба муаллимони мактабҳои миёна имкониятҳоеро барои рушди коршиносӣ дар соҳаи фаннии худ, тақсими малака ва маҳоратҳои тадриси онҳо ва афзоиши донишҳои онҳо дар бораи ИМА фароҳам мекунад.
Сину соли довталабон: муаллимони мактабҳои миёна
Давомият: 6 ҳафта
Эълони барнома: Барномаи TEA
Мӯҳлати охирони ҳуҷҷатсупорӣ: 28-уми феврали соли 2022
Барномаи Fulbright TEA Media Literacy
Барномаи Фулбрайт барои такмили маҳоратҳои дарсдиҳӣ дар арсаи саводнокии расонаӣ (TEA Media Literacy) лоиҳаи Бюрои барномаҳои таълимӣ ва фарҳангии Департаменти давлатии ИМА мебошад, ки аз ҷониби Шӯрои байналмилалии тадқиқот ва табодул (IREX), таҳти сарпарастии Барномаи Fulbright амалӣ карда мешавад. Дар тӯли шаш ҳафта муаллимони мактабҳои миёна аз саросари ҷаҳон дар семинарҳои такмили ихтисоси донишгоҳҳои мизбони Амрико ширкат варзида, нақшаи чорабиниҳоро оид ба баланд бардоштани саводнокии ВАО ва малакаҳои тафаккури интиқодӣ дар мактабҳо, синфхонаҳо ва ҷомеаҳои маҳаллӣ таҳия мекунанд.
Сину соли довталабон: муаллими мактаби миёнаи пурраи англисӣ ё омӯзгори забони англисӣ ҳамчун забони хориҷӣ, муаллими илмҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқи шаҳрвандӣ, таърих, ҷаҳонишавӣ, таҳқиқоти ВАО, иртибот, рӯзноманигорӣ, илмҳои табиӣ ё илмҳои марбута, муассисаҳои таълимӣ, ки дар пеш аз ҳама, аҳолии маҳаллӣ, то барои иштирок дар барнома ҳуқуқ пайдо кунанд;
Давомият: 6 ҳафта
Эълони барнома: Барномаи TEA Media Literacy Cohort
Мӯҳлати охирони ҳуҷҷатсупорӣ: 1–уми марти соли 2022
Барномаи SUSI барои олимон
Курсҳо оид ба омӯзиши ИМА (SUSIs) барои олимон – ин барномаҳои омўзиши интенсивӣ барои хатмкунандагони донишгоҳ мебошанд, ки дар доираи онҳо саёҳати таълимӣ низ пешбинӣ шудааст. Хадафи ин барномаҳои омўзишӣ фароҳам кардани замина ба омӯзгорони донишгоҳҳои хориҷӣ ва дигар олимон мебошад, то ки онњо дар бораи ҷомеа, фарҳанг, арзишҳо ва институтҳои амрикоӣ фаҳмиши амиқтар пайдо кунанд. Ҳадафи ниҳоии курсҳои мазкур мукаммал сохтани нақшаҳои таълимӣ ва сифати дарсдиҳӣ дар бораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар муассисаҳои таълимии берун аз Амрико мебошад. Курсҳо оид ба омӯзиши ИМА барои олимон дар аввал ё охири моҳи июн дар коллеҷҳо, донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ дар саосари Иёлоти Муттаҳида дар тӯли шаш ҳафта баргузор мешавад. Ҳар як курс аз бахши таълимии чорҳафтаина ва то ду ҳафта сафар ба минтақаи дигари Иёлоти Муттаҳида иборат аст. Аз аспирантҳо ва довталабони потенсиалӣ даъват карда мешавад, ки барои гирифтани маълумоти умумӣ ба саҳифаи сомонаи мо ташриф оранд. Суроғаи сомона: http://exchanges.state.gov/susi. Дар ҷараёни Курсҳо оид ба омӯзиши ИМА барои олимон мавзӯъҳои зерини марбут ба омӯзиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешкаш карда мешаванд: фарҳанг ва арзишҳои Амрико; Журналистика ва ВАО; Озодиҳои динӣ ва гуногунандешӣ; Иқтисод ва бизнес дар ИМА; Сиёсати хориҷии ИМА; Ҷавонон, рушди қувваи корӣ ва рафъи норасоии малакаҳо.
Сину соли довталабон: 30-50
Давомият: 6 ҳафта
Эълони барнома: Барномаи SUSI
Мӯҳлати охирони ҳуҷҷатсупорӣ: 20-уми декабри соли 2021
Барномаи SUSI барои омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна
Курсҳо оид ба омӯзиши ИМА (SUSI) барои омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна – ин барномаҳои омўзиши интенсивии сатҳи баъдидипломӣ мебошанд, ки дар доираи онҳо як қатор сафарҳои таълимӣ низ пешбинӣ шудааст. Ҳадафи ин барномаҳо барои омӯзгорон ва кормандони маъмурии муассисаҳои таҳсилоти миёна фароҳам овардани замина мебошад, то ки онҳо дар бораи ҷомеа, фарҳанг, арзишҳо ва институтҳои амрикоӣ фаҳмиши амиқтар пайдо кунанд. Ҳадафи ниҳоии курсҳо мукаммал сохтани нақшаҳои таълимӣ ва сифати дарсдиҳӣ дар бораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мактабҳои миёна ва дигар муассисаҳои таълимии хориҷӣ мебошад. Аз довталабони потенсиалӣ даъват карда мешавад, ки барои гирифтани маълумоти умумӣ ба саҳифаи сомонаи мо ташриф оранд. Суроғаи сомона: http://exchanges.state.gov/susi. Курсҳо оид ба омӯзиши ИМА (SUSI) барои омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна дар моҳи июн сар мешавад. Давомнокии курсҳо панҷ ҳафта аст. Барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна се курс пешниҳод карда мешавад: ду курс барои роҳбарони синф ва курси сеюм барои кормандони маъмурӣ, аз ҷумла методистон, таҳиякунандагони нақшаи таълимӣ, муаллифони китобҳои дарсӣ ва шахсони мансабдори вазорати маориф пешбинӣ шудааст. Дар ҳар як курс 20 нафар иштирокчӣ таълим мегиранд. Курс аз ҷузъи омўзишии чорҳафтаина ва як сафари таълимии якҳафтаина иборат аст.
Сину соли довталабон: омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна
Давомият: 5 ҳафта
Эълони барнома: Барномаи SUSI
Мӯҳлати охирони ҳуҷҷатсупорӣ: 20-уми декабри соли 2021.
Барномаи TechWomen
Мақсади барномаи TechWomen муттаҳид сохтани занон-роҳбарони ҷавон дар соҳаи илм, технология, муҳандисӣ ва математика (STEM) аз кишварҳои Африқо, Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ва Ховари Миёна бо ҳамтоёнашон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои таълим гирифтан дар барномаи касбии мураббигӣ ва мубодила мебошад. Барнома насли ояндаи занони роҳбарро дар соҳаи STEM муттаҳид ва дастгирӣ намуда, ба онҳо дастрасӣ ва имкони пешрафт дар зинаҳои мансаб, амалӣ кардани орзуҳояшон ва таъсир гузоштан дар ҷамоати худ шароит фароҳам меорад. Маълумоти пурра: https://www.techwomen.org/
Сину соли довталабон: дорои дараҷаи аввали таҳсилоти олии касбӣ (бакалавр)
Давомият: 8 ҳафта
Эълони барнома: Барномаи TechWomen
Мӯҳлати охирони ҳуҷҷатсупорӣ: 5-уми январи соли 2022
Барномаи байналмилалии IVLP
Барномаи байналмиллалии Visitor Leadership (IVLP) барномаи мубодилаии ҳирфаӣ мебошад, ки бо дастгирии молиявии Бюрои умури маориф ва фарҳанги Департаменти давлатии ИМА амалӣ мегардад. Ҳадафи Барномаи IVLP ба роҳбарони байналмилалии кунунӣ ва нав фароҳам кардани замина барои дарк кардани ғановат ва гуногуншаклии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Амрико тавассути барномаҳои мубодилаи дақиқ тарҳрезишуда, ки манфиатҳои касбии иштирокчиён ва ҳадафҳои дипломатияи ҷамъиятиро дар ҳукумати Иёлоти Муттаҳида инъикос мекунад, мебошад. Ҳар сол то 5000 роҳбарони нави ҳирфаӣ аз тамоми дунё барои иштирок дар барномаҳои давомнокиашон то се ҳафта ба ИМА меоянд. Дар барнома иштирокчиён танҳо аз ҷониби кормандони сафорати ИМА таъин карда мешаванд.
Сину соли довталабон: дорои дараҷаи аввали таҳсилоти олии касбӣ (бакалавр)
Давомият: 4 ҳафта
Эълони барнома: як маротиба дар як сол
Барномаи "Ҷаҳони боз»
Барномаи “Ҷаҳони Боз” ки аз ҷониби Конгресси ИМА маблағгузорӣ мешавад, ба зиёда аз 27000 роҳбарони кунунӣ ва оянда аз Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Украина, Тоҷикистон ва Туркманистон имкон дод, ки бо аъзои Конгресс, кормандони Конгресс ва ҳазорон нафарони дигари амрикоӣ муоширати самарабахш дошта бошанд. Аксарияти ин ҳамтоёни амрикоӣ ҳаммаслакони мустақими касбии иштирокчиёни барнома мебошанд. Ҳадафи асосии барномаи «Ҷаҳони Боз» эҷоди шабакаи роҳбарони нав, ки барои тағйиротҳои мусбат дар кишварҳояшон фаъолият мекунанд, ва ба роҳ мондани тамос байни ин роҳбарон ва ҳамтоёни амрикоияшон, ки ба ҳамкориҳои минбаъда манфиатдоранд ва ин ҳамкориҳо натиҷаҳои зарурӣ хоҳанд овард, мебошад. Барномаҳо барои 10 рӯз тарҳрезӣ шудаанд ва ҳайатҳо аз 5 иштирокчӣ ва як фасилитатор (одатан узви шӯъбаи робита бо ҷомеа) иборатанд. Ҳангоми будубош дар Иёлоти Муттаҳида иштирокчиён бояд бо оилаҳои қабулкунанда зиндагӣ кунанд. Иштирокчиёни барномаи «Ҷаҳони Кушод» ҳамаи сатҳҳои ҳукумат, ТҒҲ, васоити ахбори омма ва бахши хусусиро намояндагӣ мекунанд. Иштирокчиёни барномаи «Ҷаҳони Кушод» аз лињози синну сол нисбатан ҷавононанд. Барнома бахусус ба ҷалби қонунгузорони миллӣ ва маҳаллӣ, шахсони мансабдори интихобшуда, роҳбарони ҷамоатҳо ва инчунин судяҳо дар доираи барномаи «Судя ба судя» нигаронида шудааст. Дар вақтҳҳои охир вакилони парлумон, омӯзгорон ва занони роҳбар низ барои иштирок ҷалб шуда буданд.
Сину соли довталабон: дорои дараҷаи аввали таҳсилоти олии касбӣ (бакалавр)
Давомият: 12 руз
Эълони барнома: як маротиба дар як сол
Барномаи «Community Solutions»
Барномаи Community Solutions (CSP) аз ҷониби Бюрои умури маориф ва фарҳанги Департаменти давлатии ИМА сарпарастӣ ва аз ҷониби созмони IREX татбиқ карда мешавад. Барномаи мазкур ба роҳбарони ҷамоатзо аз саросари ҷаҳон барномаи мубодилаи рушди касбиро дар Иёлоти Муттаҳида аз моҳи август то декабри соли 2020 пешкаш мекунад. Дорандагони стипендияи CSP дар фаъолияти ҷамоатӣ таҷрибаи пурарзишро ба даст меоранд ва дар соҳаи роҳбарӣ ва рушд дар кишварҳояшон зарфияти худро мустаҳкам мекунанд.
Сину соли довталабон: 25-38
Давомият: аз моҳи август то декабри соли 2022
Эълони барнома: Барномаи CSP
Мӯҳлати охирони ҳуҷҷатсупорӣ: 27-уми октябри соли 2021
Барномаи мубодилаи мусиқии «OneBeat»
Барномаи мубодилаи мусиқии OneBeat: ҷузъи муҳими One Beat барномаи якмоҳа мебошад, ки дар доираи он будубош ва саёҳати ҳунарии иштирокчиён дар қаламрави ИМА пешбинӣ шудааст. Дар давоми будубошашон, иштирокчиён ансамблҳои хурди коллективӣ ташкил мекунанд, ки дар жанрҳои гуногун импровизатсия мекунанд, оҳангҳои анъанавиро аз нав кашф мекунанд, асарҳои аслӣ месозанд, мусиқии худро дар студияи муосири сайёрии OneBeat сабт мекунанд ва ба намоишҳо ва семинарҳои таълимӣ омода мешаванд. Пас аз он, гурӯҳҳо ба шаҳрҳои гуногуни ИМА сафар мекунанд ва сурудҳои эҷодкардаашонро пешкаши шунавандагон месозанд; бо мусиқачиёни маҳаллӣ баромад мекунанд ва бо ташкилотҳои ҷомеаи маҳаллӣ барои гузаронидани семинарҳои эҷодӣ бо ҷавонони маҳаллӣ ҳамкорӣ мекунанд. Нуктаи ниҳоӣ – барномаи дурахшони консертӣ хоҳад буд. Ҳамчунин, омодасозии як албом бо сурудҳое, ки дар студияи мобилии OneBeat сабт мешаванд, пешбинӣ шудааст.
Сину соли довталабон: 19-35
Давомият: як моҳ
Эълони барнома: Барномаи OneBeat
Мӯҳлати охирони ҳуҷҷатсупорӣ: 10-уми марти соли 2021
Барномаи «Забони англисӣ барои рӯзноманигорон»
Ҳадафи барномаи «Забони англисӣ барои рӯзноманигорон» аз он иборат аст, ки ба рӯзноманигорон ҷиҳати сайқал додани малакаю дониши забони англисӣ бо мақсади дастрасӣ пайдо кардан ба манбаъҳои адабӣ ба забони англисӣ, навиштани мақолаҳо ба забони англисӣ, инчунин баргузории мусоҳиба ва гузоришҳо ба забони англисӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Дар ҷараёни курси омўзишӣ, рӯзноманигорон инчунин бо стандартҳои байналмилалии этикаи журналистӣ шинос хоҳанд шуд.
Сину соли довталабон: рӯзноманигорон ва котибони матбуот, ки дар ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ кор мекунанд
Давомият: 10 моҳ
Эълони барнома: Барнома барои солҳои 2022-2023
Мӯҳлати охирони ҳуҷҷатсупорӣ: 31-уми июли соли 2022
Барномаи мураббиёни таълими забони англисӣ
Барномаи мураббиёни таълими забони англисӣ (ETM) барои такмил додани малакаҳои омӯзиши муаллимони забони англисӣ дар мактабҳои миёна ва донишгоҳҳо тавассути пешниҳоди дастурамали интенсивии сатҳи баланд оид ба таълими забони англисӣ ҳамчун забони хориҷӣ тарҳрезӣ шудааст. Ин барнома барои муаллимоне тартиб дода шудааст, ки дар зинаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбашон қарор доранд, ки қаблан дар хориҷа таҷрибаомӯзӣ накардаанд. Иштирокчиён, ба ҳайси стипендиатҳои ETM, бояд нақшаи омўзонидани муаллимони мактабҳо ва донишгоҳҳоро дар охири сол таҳия кунанд. Муаллимони интихобшуда дар чор семинари омӯзишӣ, ки дар давоми сол дар Душанбе баргузор мешаванд, иштирок хоҳанд кард. Мутахассиси забони англисӣ аз ИМА ва мутахассиси забони англисӣ дарсҳои омӯзиширо мегузаронанд. Хатмкардагони ETM дар назорати дарсҳо, таҳияи чорабиниҳои омӯзишӣ ва баргузории машғулиятҳои таълимӣ тавассути омӯзиши гурӯҳӣ, тренерӣ, менторинг ва ғайра ҷалб карда мешаванд.
Сину соли довталабон: муаллимони забони англисӣ дар мактабҳои ибтидоӣ, миёна ва донишгоҳҳо
Давомият: аз моҳи апрел то декабри соли 2019 дар шаҳри Душанбе
Эълони барнома: Барнома барои соли 2020
Мӯҳлати охирони ҳуҷҷатсупорӣ: 5-уми феврали соли 2020
Сафарҳои гузоришдиҳӣ барои рӯзноманигорон
Сафарҳои гузоришдиҳӣ барои рӯзноманигорон: Дар ҳамкорӣ бо Маркази матбуоти хориҷии Департаменти давлатии ИМА, Сафорати ИМА сафарҳои хабарнигориро барои 8 рузноманигор дар мавзӯҳои зерин баргузор кунад: «Тандурустии ҷамъиятӣ», «Тиҷорат ва сармоягузориҳо», «Масъалаҳои экологӣ», «Интихобот дар ИМА» ва «Иштироки занҳо дар ҳукумат». Рӯзноманигорони Тоҷикистон тақрибан дар муддати 7-10 рӯз ба Иёлоти Муттаҳида сафар мекунанд ва дар якҷоягӣ бо ҳамтоёнашон аз Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон имкон пайдо мекунанд, ки бо коршиносони соҳаҳои марбута мусоҳиба гузаронанд, ба ҷойҳо ва чорабиниҳои марбут ба мавзӯъҳои сафари хабарнигорӣ ташриф оранд.
Сину соли довталабон: рӯзноманигорон
Давомият: 10 руз
Эълони барнома: Барнома барои соли 2020
Мӯҳлати охирони ҳуҷҷатсупорӣ: 22-юми январи соли 2020
Сафарҳои омӯзишӣ барои рӯзноманигорон
Сафарҳои омӯзишӣ барои рӯзноманигорон: Дар ҳамкорӣ бо Маркази матбуоти хориҷии Департаменти давлатии ИМА, Сафорати ИМА нақша дорад, ки барои рӯзноманигорон, роҳбарон ва муҳаррирони расонаҳои хабарӣ ва ҳамчунин барои устодони журналистика сафари шиносоӣ дар мавзӯъҳои зерин ташкил кунад: «Технологияҳои муосир дар шўъбаи хабарҳо», «Таҳсили донишгоҳӣ барои рӯзноманигорон», «Кор бо дафтарҳои матбуотӣ» ва «Идоракунии манбаъҳои иттилоот». Сафарҳои шиносоӣ барои 8 рӯзноманигор аз 7 то 10 рӯз давом мекунанд ва дар онҳо таваҷҷўҳи асосӣ ба сайқал додани малакаву маҳорати иштирокчиён равона мегардад. Илова бар ин, иштирокчиён дар рафти сафари шиносоӣ бо коршиносони соҳаҳои марбута мусоҳиба мегузаронанд, ба агентиҳои хабарӣ ва донишгоҳҳои амрикоӣ ташриф меоранд.
Сину соли довталабон: рӯзноманигорон
Давомият: 10 руз
Эълони барнома: Барнома барои соли 2020
Мӯҳлати охирони ҳуҷҷатсупорӣ: 22-юми январи соли 2020
Барномаи таҷрибаомӯзии якмоҳа барои рӯзноманигорон
Барномаи таҷрибаомӯзии якмоҳа барои рӯзноманигорон: Ин барнома рӯзноманигоронро барои таҷрибаомӯзии ҳирфаӣ аз тамоми Осиёи Марказӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷамъ оварда, барои беҳтар намудани стандартҳои касбӣ, эътимоднокӣ ва саҳеҳии маводҳои иштирокчиён ва барои дастгирии воситаҳои ахбори оммаи мустақил дар Осиёи Марказӣ равона шудааст. Тавассути ин таҷриба, онҳо метавонанд сохтор ва фаъолияти воститаи ахбори оммаи амрикоиро омӯзанд ва фаҳмиши худро дар бораи маълумоти нодуруст ва тасдиқи манбаи хабариро беҳтар гардонанд. Иштирокчиён бояд забони англисиро хуб донанд.
Сину соли довталабон: рӯзноманигорон
Давомият: як моҳ
Эълони барнома: Барнома барои соли 2020
Мӯҳлати охирони ҳуҷҷатсупорӣ: 15-уми ноябри соли 2019
Барномаҳои мубодилавӣ барои ташкилотҳо
Барномаи Фулбрайт барои мутахассисон
Барномаи «Фулбрайт барои мутахассисон» ба ташкилотҳои қабулкунанда имконият медиҳад, ки мутахассисеро даъват кунад, ки дар татбиқи лоиҳаҳое, ки таҳсил ё тамаркуз доранд, кӯмак расонад. Давомнокии барномаи мутахассис аз 14 то 42 рӯз буда метавонад, аз ҷумла рӯзҳои истироҳат, ид ва рӯзҳои сафар. Лоиҳаҳо бояд ҳадафҳои мушаххас дошта бошанд, ки онҳоро мутахассис ҳангоми ташриф ба даст оварда тавонад.
Давомият: аз 14 то 42 руз
Эълони барнома: Барномаи Фулбрайт
Мӯҳлати охирони ҳуҷҷатсупорӣ: 5-уми сентябри соли 2022