Марказҳои амрикоӣ дар миёни шўъбаҳои корҳои иҷтимоии сафоратҳои ИМА ва муассисаҳои мизбон ҳамкорӣ мекунад. Онҳо дастрасӣ ба маълумоти ҷорӣ ва боэътимодро аз ИМА ва дар бораи он аз тариқи маҷмўаи китобҳо, Интернет ва аз тариқи барномарезии маҳаллӣ ба оммаи мардуми дар хориҷбуда таъмин менамоянд.
Марказҳои амрикоӣ, ки ба таври муштарак аз ҷониби сафорати ИМА ва ниҳоди марбутаи кишвари мизбон пуштибонӣ мешавад, ҳамчун намояндагии иттилоотии шабеҳ ба китобхонаи ҷамъиятӣ хидмат мекунад. Маҷмўаҳои мултимедӣ, китоб ва матбуоти даврӣ боз ва қобили дастрасӣ мебошанд. То ҷое, ки имкон дорад, толорҳои қироат ё мулоқот барои чорабиниҳо ва фаъолиятҳои барномаҳои маҳаллӣ (яъне қироати муаллиф, барнома барои суханронон, филмҳо, семинарҳо, дидорҳо ва намоишгоҳҳо) дастрас карда шудаанд. Вазифаи бунёдии Маркази амрикоӣ ҷамъоварии иттилооти ҳамаҷониба дар бораи Иёлоти Муттаҳида барои хонандагони хориҷӣ мебошад.
Марказҳои амрикоӣ аз маҷмўи китобҳо ба забони англисӣ дар бораи ИМА ва мунташираи ИМА мебошад. Маҷмўаи китобҳо шомили унвонҳои манбаъҳо, иттилоот аз Дафтари Департаменти давлатӣ оид ба барномаҳои иттилооти байналмилалӣ, осори бадеӣ, нашриёти тиҷоратӣ ва ҳукуматӣ ва маводи омўзишии забони англисӣ мебошад. Марказҳои амрикоӣ ҳамчунин дастрасиро ба иттилооти ИМА аз тариқи Интернет, маводи аудио ва видео, СД-ҳо ва СД-РОМ-ҳо таъмин менамояд. Дар марказҳо кормандони муассисаҳои мизбон хидмат мерасонанд.
Дар айни замон ҳашт Маркази амрикоӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Кӯлоб, Хоруғ, Бохтар, Ғарм ва ноҳияи Панҷакент фаъолият мекунанд.
Маркази амрикоӣ дар ш. Душанбе
Кӯчаи Мирзо Турсунзода 49
Маркази тиҷоратии "Пойтахт", қабати 3
Моб.: 98-760-02-22
acdushanbe@gmail.com
Маркази амрикоӣ дар ш. Хуҷанд
Кӯчаи Қаландаров 56 А
Моб.: 98-760-13-15
askhujand@gmail.com
Маркази амрикоӣ дар ш. Исфара
Мактаби миёнаи рақами 2
Кӯчаи Саидон 1
Моб.: 98-760-02-28
acisfara@gmail.com
Маркази амрикоӣ дар ш. Кўлоб
Филиали Донишгоҳи технологӣ
Кӯчаи Борбад, микрорайони 9
Тел.: (+992-332) 2-13-64
Моб.: 98-760-02-24
acornerkulob@gmail.com
Маркази амрикоӣ дар ш. Хоруғ
Кӯчаи Ш. Шотемур 79
Тел.: (+992-3522) 223-38
Моб.: 98-760-02-25
ackhorog@gmail.com
Маркази амрикоӣ дар ш. Бохтар
Кӯчаи Дустии халқҳо
Тел.: (+992-3222) 2-95-28
Моб.: 98-760-02-26
acqurghon@gmail.com
Маркази амрикоӣ дар ш. Ғарм
Кӯчаи Исмоили Сомонӣ
Тел.: (+992-3131) 2-16-74
Моб.: 98-760-02-29
acgharm@gmail.com
Маркази амрикоӣ дар ш. Панҷакент
Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон
Кӯчаи Рӯдаки 108
Моб.: 98-760-02-27
acpanjakent@gmail.com