Барномаи грантҳо барои хатмкунандагони барномаҳои табодулӣ

Ин қисмати сомона маълумот ва захираҳоро барои Барномаи хатмкунандагони (аlumni) мубодилаи таҳсилӣ ва касбӣ бо маблағгузории ҳукумати ИМА пешниҳод менамояд.

Шўъбаи равобит бо ҷомеаи Сафорати ИМА як қатор ташаббусҳоро барои пуштибонии фарогирии хатмкардагон (аlumni) дар Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Он Барномаи грантии хатмкунандагонро (аlumni) ба таври солона барои пуштибонии лоиҳаҳои дорои ташаббуси алумнӣ ба мақсади пешбурди хадамот ба ҷомеа ва паҳн кардани дониши касбӣ идора мекунад. Шўъбаи корҳои ҷамъиятӣ ҳамчунин гузориши семоҳаи алумниро  ба хотири инъикос кардани тафсилоти комёбӣ, мубодилаи иттилоот дар бораи фаъолиятҳо ва чорабиниҳои вобаста ба алумнӣ ва тақвияти шабакаи ҳамаи барномаҳои алумнии ҳукумати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро нашр мекунад.

Шумо метавонед бо Шафоат Мирзоева, Ҳамоҳангсози барномахои грантӣ барои хатмкунандагон (аlumni), барои саволҳои иловагӣ ё маълумот: +992 37 229 23 14, MirzoevaSK@state.gov тамос бигиред.

Сафорати ИМА Дар Душанбе барои ташкилотҳо ҷиҳати амалисозии Барномаи таъминоти моддию техникӣ барои шабакаи хатмкардагони тоҷики барномаҳои табодули амрикоӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати ИМА сарпарастӣ мешаванд, ва амалисозии Барномаи грантҳо бо мақсади таблиғи демократия барои хатмкардагони барномаҳои табодули амрикоӣ дар Тоҷикистон озмуни кушод эълон мекунад. Лутфан ҳамаи дастурҳои дар поён овардашударо дунбол кунед.

Шабакаи хатмкардагони тоҷики барномаҳои табодули амрикоӣ (USANT) барномаест, ки аз ҷониби Бахши дипломатияи ҷамъиятии Сафорати ИМА дар Душанбе бо мақсади идоракунии таъминоти моддию техникӣ барои Шабакаи хатмкардагони тоҷики барномаҳои таълимии Ҳукумати ИМА (USG) маблағгузорӣ мешавад. USANT дар соли 2019 барои дастгирӣ ва тақвияти ҷамъияти хатмкардагони ИМА бо мақсади таҳкими арзишҳои муштараки зеҳнӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва демократии халқҳои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъсис дода шудааст.

Лутфан ҳамаи ҳуҷҷатҳои дархостиро мустақиман ба почтаи электронии: AlumniTajikistan@state.gov ирсол намоед.