
Шабакаи хатмкардагони барномаҳои мубодилаи ҳукумати ИМА дар Тоҷикистон (USANT)
USANT зиёда аз 5000 хатмкардагони барномаҳои мубодилаи таҳти сарпарастии ҳукумати ИМА-ро муттаҳид намуда, робитаҳои байни онҳоро таҳким менамояд ва бо роҳи таъмини мураббигарӣ (менторинг), барномаҳои инноватсионии рушди зарфият, амалисозии лоиҳаҳои муштарак ва табодули донишу таҷриба ва захираҳои мавҷуда имкон фароҳам меоварад, то онҳо тавонанд дар якҷоягӣ мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистонро ҳал намоянд.
Аъзои шабака метавонанд дар машғулиятҳои омӯзишӣ, конфронсҳо, чорабиниҳои ҷамъиятӣ ширкат варзида, ҳамчунин имкон доранд, то барои дарёфти грантҳои хурд ба хотири татбиқи лоиҳаҳо дар ҷомеаҳои худ ба муроҷиат кунанд. Шабакаи USANT чаҳор шӯъбаи минтақавӣ дорад, ки дар Душанбе (барои Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) ва маркази вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМБК амал мекунанд.
USANT соли 2019 аз ҷониби Сафорати ИМА дар Тоҷикистон бо маблағгузории Ҳукумати ИМА таъсис дода шуда, фаъолияти онро Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) ба роҳ меандозад.
Агар шумо хатмкардаи барномаи мубодилаи ҳукумати ИМА ҳастед, лутфан ҳарчи тезтар ба шабакаи USANT ҳамроҳ шавед!