Барномаи Online Professional English Network (OPEN)

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон барои иштирок дар Барномаи Online Professional English Network (OPEN) барои зимистони соли 2021, дархост қабул менамояд. Барномаи OPEN курсҳои 8 ҳафтаинаи такмили ихтисосро барои омӯзгорони забони англисӣ, ки аз ҷониби донишгоҳҳои ИМА дар мавзӯъҳои: англисӣ ҳамчун воситаи омӯзиш (EMI), мусоидат ба ҳавасмандӣ ва ҷалби донишҷӯён (FSME), методикаи TESOL, такмили ихтисос барои омӯзгорон ва ҳамгироии тафаккури интиқодӣ дар синф, омода гардидааст, пешниҳод менамояд.

Дархости худро то 15 октябри соли 2020 пешниҳод намоед, то дар курсҳое, ки зимистони соли 2021 оғоз меёбад, баррасӣ карда шавад. Шаҳодатномаҳо ва нишонаҳои рақамӣ аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА барои ҳамаи омӯзгороне, ки аз курс мегузаранд, дода мешаванд.

Бо саволҳо ба EnglishProgramsDushanbe@state.gov муроҷиат намоед.
Aриза (Word 176 KB)