Душанбе, Тоҷикистон, 7 январи соли 2020 – Шӯъбаи робита бо ҷомеаи Сафорати ИМА даъватеро нисбати супоридани дархост барои иштирок дар барномаи мураббиёни таълими забони англисӣ барои соли 2020 эълон менамояд. Барномаи мазкур чаҳор семинари бисёрӯзаро доир ба тарзи дарсгузаронии забони англисӣ дар ҳамроҳӣ бо мутахассисони амрикоӣ аз моҳи апрел то декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе мегузаронад. Иштирокчиёни барнома шабакаи муаллимонро барпо мекунанд, ки фикру андешахои худро дар вақти барнома ва баъд аз анҷоми он мубодила хоҳанд кард.
Довталабон бояд аз шумули муаллимони забони англисӣ дар мактабҳои ибтидоӣ, миёна ва донишгоҳҳо бошанд, ки хоҳиши мураббӣ будан ва мубодила кардани таҷрибаи худро бо дигар муаллимони забони англисӣ доранд.
Довталабони интихобкардашуда барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Аризаи барномаро метавонед аз ин ҷо (MS Word-357 KB) дарёфт намуда, ба нишонаи зерин на дертар аз 5 феврали соли 2020 ирсол намоед:
Таҳмина Ниязова
Шӯъбаи робита бо ҷомеаи Сафорати ИМА
хиёбони Исмоили Сомонӣ 109 A
ш. Душанбе, Тоҷикистон
Тел.: (992 37) 229 2316, 229 2000, факс: (992 37) 229 2050
Почтаи электронӣ: EnglishProgramsDushanbe@state.gov