Барномаи Фулбрайт барои донишҷӯёни хориҷӣ (соли таҳсили 2020–2021)

Барномаи Фулбрайт барои донишҷӯёни хориҷӣ ба донишҷуён ва мутахасисони ҷавон барои гирифтани дараҷаи магистр дар донишгоҳҳои Амрико дар соли таҳсили 2020-2021 шароит фароҳам меоварад.

Бахшҳои таҳсил: Барномаи стипендияи Фулбрайт таҳсилро дар ҳамаи бахшҳо ба истиснои бахши тиб кушода аст.

Талаботҳо:
• Довталабон бояд шаҳрванди Тоҷикистон бошанд ва ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳо дар Тоҷикистон зиндагӣ кунанд;
• Довталабон бояд дорандаи дипломи маълумоти олӣ бошанд;
• Довталабон бояд на кам аз 2 сол таҷрибаи корӣ дошта бошанд.

Хуҷҷатсупорӣ ба тариқи онлайн:
• Пур кардани дархостнома ба тариқи онлайн;
• Тасдиқи нотариалии нусхаи диплом, замима ба он ва тарҷумаи ҳуҷҷатҳои мазкур;
• Се нусха тавсианома;
• Пешниҳод намудани натиҷаи TOEFL ва озмуни GRE (агар дастрас бошад). Маълумоти муфассалро оид ба тестҳо ва намунаи имтиҳонот, метавон тавассути сомонаи www.ets.org/toefl ва www.ets.org/gre дастрас намуд. Дар баъзе мавридҳо натичаи GMAT низ зарур аст;
• Тавсифнома ё CV;
• Нусхаи шиноснома.

Дастгирӣ аз ҷониби барнома:
* Дастгирӣ ҳангоми ба даст овардани раводиди намуди J-1;
* Пардохти маблағи таҳсил ва хароҷоти марбут ба он;
* Суғуртаи саломатӣ;
* Идрорпулии моҳона;
* Хароҷот барои хариди китобҳои дарсӣ ва дигар лавозимоти хониш;
* Хароҷоти сафaр ба Амрико ва хароҷоти бозгашт.

Талаботҳо ҳангоми интихоби довталабон:
* Довталабон бояд дониши хуби забони англисӣ дошта бошанд, то тавонанд дар Иёлоти Муттаҳида таҳсил кунанд;
* Довталабон бояд дар донишгоҳҳои миллӣ таҳсили хуб дошта бошанд;
* Довталабоне, ки ба давраи дуюм мегузаранд, имтиҳони TOEFL, GRE, ё GMAT-ро бояд супоранд;
* Довталабон бояд сатҳи баланди ҳавасмандӣ, нияти ҷиддӣ ва сифатҳои роҳбарикунандаро баъд аз хатми барномаи мазкур ҳангоми бозгашт ба ватан нишон диҳанд.

Мӯҳлати охирини супоридани ҳуҷҷатҳо 17-уми майи соли 2019.

Дархостномаро метавонед тавасути суроғаи зеррин дастрас кунед: https://apply.iie.org/ffsp2020

Нахуст довталабон аз ҷониби сафорати ИМА интихоб мегарданд. Баъдан, рӯйхати интихобгардидагон аз ҷониби коммиссияи мустақил воқеъ дар Иёлоти Муттаҳида аз назар гузаронида мешаванд. Ҳуқуқи ниҳоии интихоби довталабонро бахши коммиссияи интихоботии Ҷ. Вильям Фулбрайт ба ӯҳда дорад.

Лутфан, тамоми пурсишҳоро марбут ба барномаи мазкур метавон ба корманди бахши робита бо ҷомеаи Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, Шафоат Мирзоева, тавасути рақами телефонии 2292314 ё суроғаи электронии: FulbrightTajikistan@state.gov пешниҳод намоед.