Форуми байналмилалии соҳибкорон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад

Форуми байналмилалии «Соҳибкорӣ – нигоҳи инноватсионӣ ба рушди иқтисодиёт» дар шаҳри Душанбе рӯзи чоршанбе 18-уми ноябри соли 2015 баргузор мегардад. Чорабинӣ дар доираи Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, Палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиё дар Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон рӯзҳои аз 16-ум то 20-уми ноябр ташкил карда мешавад, барпо мегардад.

Дар кори форум Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, Кордори муваққатии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хонум Лесли Ҳэйден, Сафири Британиёи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳю Филпот иштирок меварзанд.

Ҳамчунин мушовири калони Департаменти давлатии ИМА оид ба масъалаи соҳибкории ҷавонон Ванесса Бери, коршинос оид ба масъалаи сиёсати иҷтимоӣ ва давлатӣ, ҳамзамон менеҷери минтақавӣ оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва давлатии ширкати “Google” дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Алекс Лонг, директори кулли ширкати “EGI Development” Карин Шипман бо презентатсияҳо баромад мекунанд. Директори Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ Дэниел Заретски бо презентатсия баромад мекунад, ки дар он экосистемаи Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ, ки дар саросари ҷаҳон фаъолият дорад, муаррифӣ карда мешавад.

Пас аз гузоришҳо муҳокимаҳои панелӣ дар се мавзӯи зерин баргузор мегарданд:

  1. Занон – пешвоён дар соҳибкорӣ;
  2. Ҷавонон, стартап, инноватсия ва технология;
  3. Сармоягузорӣ ба стартапҳо: сармоягузории фариштавӣ, маблағгузории пеш аз оғози фаъолият ва дастгирии стартапҳо.

Пас аз ба итмом расидани муҳокимаҳои панелӣ баррасикунии гурӯҳҳои корӣ барпо мегардад, ки дар он котибон бо таҳлили умумии баҳсҳое, ки дар муҳокимаҳои панелӣ ҷой доштанд, баромад мекунанд.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ҷиҳати иштирок дар чорабинии мазкур Шумо метавонед бо шахсони зерин дар тамос бошед:

Илҳом Алиев – ҳамоҳангсози ҲУС-2015 аз ҷониби Палатаи савдои Амрико: 93-110-50-05 ё тавассути почтаи электронии aliev.ilhomdjon@gmail.com.

Баҳром Абдуллаев – ҳамоҳангсози ҲУС-2015 аз ҷониби Хазинаи Авруосиё дар Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон: 90-000-16-16 ё тавассути почтаи электронии bahrom@ef-ca.org.