Дар Душанбе ҷашнвораи минтақавии “Go Viral” баргузор мешавад 

Душанбе, Тоҷикистон, 11 майи соли 2022 – Шабакаи “Go Viral” дар Осиёи Марказӣ, Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) ва Сафорати ИМА дар Тоҷикистон алоқамандону коршиносони бахшҳои расона, тиҷорат, фарҳанг ва фановариро ба ҷашнвораи серӯзаи “Go Viral Tajikistan” даъват мекунад. Ҷашнвора аз 13 то 15 май дар меҳмонхонаи Hyatt Regency, воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ 26/1 баргузор мешавад. Тақвими чорабиниҳои ҷашнвора дар пайванди зер дастрас мебошад: http://festival.goviral.kz.

Шурӯъ аз соли 2017 шабакаи “Go Viral” ҷиҳати рушди ВАО, фарҳанг, тиҷорат ва фановариҳо илҳомбахши рӯзноманигорон, соҳибкорон, филмсозон ва оҳангсозон мебошад.

Соли ҷорӣ мавзӯи “Go Viral 2022: Ҷустуҷӯ. Ихтироъ. Роҳҳал” аст. Беш аз 50 сухангӯ бо намояндагӣ аз ширкат ва созмонҳои мухталиф, бо шумули Алиф Бонк, Илмхона, Ташкилоти амонатии қарзи хурди “Ҳумо”, Coca-Cola ва Amazon дар ҷашнвора иштирок мекунанд. Инчунин, шахсиятҳои шинохташуда ва раҳбарони афкор дар шабакаҳои иҷтимоӣ – Рафаэл Гулов, Орзу Исоев, Зарнигор Маҳмудова, ва Фаридун Хайруллозода суханронӣ хоҳанд кард. Рассом Фаррух Неъматзода, меъмор Оят Шакурӣ, санъатшинос Диана Раҳмонова, дастаи “Oogway Comics” ва наққоши афғон Умар Хамм низ аз ҷумлаи баромадкунандаҳо ҳастанд. Дар ҷашнвора Далер Назаров, Ҷасур Халилов, DJ Фирдавс Исоев, гуруҳҳои мусиқии “Melody Rangers”, “The Daze” ва гуруҳи мусиқии афғонӣ аз Маркази ITCC ҳунарнамоӣ мекунанд, бар илова намоишномаи театрӣ ва намоишгоҳҳои ҳунарӣ манзури иштирокдорон мешаванд. 

Соҳибкори амрикоӣ Брэндон Эндрюс дар ҷашнвора иштирок намуда, мастер-класс мегузаронад. Брэндон яке аз бунёдгузорони платформаи “Gauge” мебошад, ки ба таҳқиқи бозори дастгоҳҳои мобилӣ дар асоси зеҳни сунъӣ машғул аст. Ӯ ба унвони корманди илмии бахши фановариҳо дар бисёр кишварҳои ҷаҳон дар мавриди соҳибкорӣ ва фановариҳо суханронӣ кардааст.

Сафири “Go Viral” дар Тоҷикистон Манижа Бобоқулова мегӯяд, давоми як соли охир шабакаи “Go Viral” бамаротиб афзоиш ёфтааст. Мо барои тавсеаи ҷомеа ҷиҳати ҳамкориҳои муфид одамони эҷодкор, коршиносони бахшҳои мухталиф ва ҳамфикронро ба ҳам овардем. Ҷашнвора иде барои як ҷамъияти бузург мебошад.

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм бо таъкид ба дастгирии ИМА дар баргузории ҷашнвора гуфт: Ҷашнвораи “Go Viral” беҳтарин роҳҳалҳои навоваронаи Тоҷикистон ва Амрикоро нишон медиҳад. Мо ифтихор дорем, ки дар гирди ҳам овардани теъдоди зиёди одамони эҷодкор барои ташаккули ояндаи кишварҳоямон барои 30 соли оянда кумак мерасонем.

Созмони “Spirit of America”, “Coca-Cola”, “Asia+”, “YourTJ” ва “Tсell” сарпарастони ҷашнвораи “Go Viral 2022” дар Душанбе мебошанд. Ҷаншвораи “Go Viral 2022” аз 13 май то 2 июл дар шаҳрҳои Душанбе, Тошканд, Бишкек, Алмаато ва Ишқобод баргузор мегардад.

Барои саволҳои иловагӣ ё дарёфти хабари бештар, лутфан ба Сафири “Go Viral” дар Тоҷикистон, Манижа Бобоқулова тавассути email-и manizha@iwpr.net ё рақами телефонии 901-10-79-48 муроҷиат кунед.

# # #

“Go Viral” ин майдони мусоид барои фаъолияти шабакавӣ ва таъсиси ҷамъияти аҳли расонаҳо, намояндагони тиҷорат, фарҳанг ва бахши фановариҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷашнвораи солонаи минтақавӣ. Тарҳи мазкур аз сӯи Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ ва аз ҷониби Маъмурияти дипломатӣ дар Осиёи Марказӣ дастгирӣ меёбад. Шуруъ аз моҳи октябри соли 2021 ин тарҳро Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Осиёи Марказӣ амалӣ мегардонад, ки ин созмон дар саросари Осиёи Марказӣ таҷрибаи ташкили барномаҳо ва чорабиниҳоро дорад.