Сафари ду муовини ёвари Котиби давлатии ИМА Розенблум ва Фелдштейн ба Тоҷикистон

Ду муовини ёвари Котиби давлатии ИМА Даниэл Розенблум ва Стивен Фелдштейн рӯзҳои 5 то 8 феврали соли ҷорӣ ба Душанбе ташриф меоваранд. Дар доираи сафари мазкур бархе аз масоили дуҷониба ва байналмиллалӣ бо намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ хоҳанд шуд. Инчунин вохӯрии онҳо бо ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назар аст.

Даниэл Розенблум муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Департаменти давлатӣ мебошад. Даниэл Розенблум дар Бюрои Департаменти давлатӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ фаъолият намуда, маъсули сиёсати ИМА ва муносибатҳои дипломатӣ бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, аз қабили Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон мебошад. Стивен Фелдштейн муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба демократия, ҳуқуқи инсон ва меҳнат мебошад. Стивен Фелдштейн масъул оид ба масоили меҳнати байналмилалӣ ва озодии динии байналмилалӣ мебошад.

Барои маълумоти бештар оид ба сафари мазкур, лутфан, бо ёрдамчии бахши иттилооти сафорат Соро Мародалиева тамос гиред. Суроғаи электронӣ: MarodalievaSZ@state.gov. Телефон: (37) 229-2358.