Сафорати Амрико озмуни “Барномаи грантҳои хурди комиссия оид ба рушди демократия”-ро барои соли 2021 эълон мекунад

Шӯъбаи равобит бо ҷомеаи Сафорати ИМА дар Душанбе, ки таҳти роҳбарии Департаменти давлатии ИМА фаъолият мекунад, бо камоли хушнудӣ эълон менамояд, ки маблағгузорӣ тавассути Барномаи грантҳои хурди Комиссияи рушди демократия дастрас аст. Ҳадафи асосии ин барнома дастгирӣ намудани рушди ниҳодҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, тариқи грантҳои хурд, ки дар заминаи рақобат ба созмонҳо ва иттиҳодияҳои ғайритиҷоратии ғайридавлатӣ, созмонҳои ғайритиҷоратии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва инчунин ба расонаҳои хабарии мустақили маҳаллӣ пешкаш намуда мешаванд, мебошад. Шӯъбаи равобит бо ҷомеаи Сафорати ИМА дар Душанбе аз созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои хабарии мустақили Тоҷикистон даъват менамояд, ки баёния таваҷҷуҳи худро ирсол намоянд. Дар баёнияи мазкур яке аз самтҳои афзалиятноки дар поён зикршуда бояд ифшо гардад. Дархосткунандагон ҳангоми таҳияи дархости худ бояд ба ҳадафҳои Шӯъбаи равобит бо ҷомеа, самтҳои афзалиятноки барнома, ҳадафҳои ба шунавандагон нигаронидашуда ва мавқеиятҳои ҷуғрофӣ диққати бештар диҳанд. Баёнияи таваҷҷуҳ бояд на зиёда аз ду саҳифа бошад.

Мавзӯъҳои афзалиятнок:

  • Дастгирии рушди расонаҳои мустақил ва блогнависони мустақил: Мо лоиҳаҳоеро дастгирӣ хоҳем кард, ки қобилияти блогнависони мустақил ва таъсиргузорони васоити иҷтимоӣ, дар самти самаранок таҳия кардани маводҳои ба дезинформатсия, ахбороти таблиғотӣ ва экстремистӣ рақобаткунанда, баланд бардоранд.
  • Мубориза бо экстремизми хушунатомез: Мо лоиҳаҳоеро дастгирӣ хоҳем кард, ки миқдори маводи зидди экстремистиро дар васоити ахбори оммаи анъанавии Тоҷикистон ва саҳифаҳои иҷтимоӣ, тавассути ҷалби шахсони алоҳида барои навиштан ва паҳн кардани маълумоти мусбӣ, дар рафти фаъолияти лоиҳа ва пас аз анҷом ёфтани он, зиёд мекунад.қ
  • Дастгирии ҳуқуқҳои гурӯҳҳои осебпазир: Мо лоиҳаҳоеро дастгирӣ хоҳем кард, ки қабул ва фарогирии тамоми аъзои чомеа, алалхусус аъзоени ҷомеаи дар канор монда ва коҳиш додани табъиз нисбати ин гурӯҳҳо коҳиш медиҳанд.

Мӯҳлати охири ирсоли дархостҳо: 25-уми майи соли 2021 (соати 24:00 бо вақти Душанбе)

Барои гирифтани кӯмак дар робита бо талаботҳои дархости мазкур, лутфан ба GrantProposalsDushanbe@state.gov муроҷиат намоед ё бо рақами 2292319 дар тамос шавед.

Довталабони муваффақ барои даври дуюм ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод кунанд: