Сафорати Амрико озмуни “Барномаи грантҳои хурди комиссия оид ба рушди демократия”-ро барои соли 2020 эълон мекунад

Шӯъбаи равобит бо ҷомеаи Сафорати ИМА дар Душанбе, ки зери Департаменти давлатии ИМА фаъолият мекунад, бо камоли хушнудӣ эълон менамояд, ки маблағгузорӣ тавассути Барномаи грантҳои хурди Комиссияи рушди демократия дастрас аст. Ҳадафи асосии ин барнома дастгирӣ намудани инкишофи ниҳодҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон тариқи грантҳои хурд, ки дар заминаи рақобат ба созмонҳо ва иттиҳодияҳои ғайритиҷоратии ғайридавлатӣ, созмонҳои ғайритиҷоратии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва инчунин ба расонаҳои хабарии мустақили маҳаллӣ пешкаш намуда мешаванд, мебошад. Шӯъбаи равобит бо ҷомеаи Сафорати ИМА дар Душанбе аз созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои хабарии мустақили Тоҷикистон даъват менамояд, ки баёния таваҷҷуҳи худро ирсол намоянд. Дар баёнияи мазкур яке аз самтҳои афзалиятноки дар поён зикршуда бояд ифшо гардад. Дархосткунандагон ҳангоми таҳияи дархости худ бояд ба ҳадафҳои Шӯъбаи равобит бо ҷомеа, самтҳои афзалиятноки барнома, шунавандагони мақсаднок ва мавқеиятҳои ҷуғрофӣ диққати бештар диҳанд. Баёнияи таваҷҷуҳ на бояд аз ду саҳифа зиёд бошад.

Мавзӯъҳои афзалиятнок:

  • Васеъгардонии имкониятҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва такмили малакаю маҳорати касбӣ, хусусан дар байни занон, ҷавонон ва гурўҳҳои осебпазири ҷомеа, бо мақсади таъмини мустақилияти иқтисодӣ ва рушди устувор (фаъолияти тиҷоратӣ ва ё бизнеси / стартапи хос баррасӣ намешаванд)
  • Мубориза бо ифротгароии хушунатомез тавассути тарғиботи гуногунандешӣ ва таҳаммулпазирӣ. Дар саросари ҷаҳон, одамоне, ки ба фикру ақоиди ифротгароии (эктсремизми) хушунатомез ба осонӣ дода мешаванд, шахсоне мебошанд, ки дар ҳолати рӯҳафтодагӣ, канормонӣ ва беҳуқуқӣ қарор гирифтаанд ва роҳҳои раҳоӣ аз чунин ҳолатро меҷӯянд, аз ҷумла, тариқи шомил шудан ба гурӯҳҳои экстремистӣ. Норизоятӣ ва дар айни замон усулҳои фиребгаронаи ҷалбкунӣ ба сафи гурўҳҳои экстремистӣ муҳитеро ба вуҷуд меоранд, ки ба вусъатёбии экстремизми хушунатомез мусоидат мекунад. Тавассути як қатор мукофотҳои грантии мақсаднок, Шўъбаи равобит бо ҷомеаи Сафорати ИМА созмонҳоеро дастгирӣ мекунад, ки бо ҷамоатҳои худ корҳои лозимиро пеш мебаранд, то он проблемаҳои ҷомеа, ки ба тундравию ифротгароӣ заминаи мусоид эҷод мекунанд, ошкор гарданд ва роҳҳои ҳаллу фасли онҳо ҷустуҷў шаванд.
  • Мусоидат ба интишори озоди иттилооти дақиқ оид ба масъалаҳои муҳим дар ҷомеаи Тоҷикистон тариқи рушди журналистикаи мустақил, касбӣ ва ҳаваскор

Мӯҳлати охири ирсоли дархостҳо: 31-уми марти соли 2020 (соати 24:00 бо вақти Душанбе)

Барои гирифтани кӯмак дар робита бо талаботҳои дархости мазкур, лутфан ба GrantProposalsDushanbe@state.gov муроҷиат намоед ё бо рақами 2292319  дар тамос шавед.

Довталабони муваффақ барои даври дуюм ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод кунанд: