Тақдими маводи таълимӣ оид ба мубориза бо хариду фурӯши одамон аз ҷониби Сафорати ИМА ба идораҳои давлатии Тоҷикистон

Душанбе, Тоҷикистон, 30-юми апрели соли 2021 – Сафорати ИМА дастурҳои таълимӣ ва таҷҳизоти компютериро ба марказҳои такмили ихтисоси Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ ва Маркази мубориза бо хариду фурӯши одамони Вазорати корҳои дохилӣ тақдим намуд. Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) бо дастгирии молиявии Департаменти давлатии ИМА консепсияи таълимии касбӣ ва чор дастури таълимӣ марбут ба мубориза бо хариду фурӯши одамон барои милитсия, прокуратура ва суд таҳия кардааст.

Бюрои байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Департаменти давлатии ИМА (INL) қаблан ба UNODC 315.000 доллари ИМА-ро барои татбиқи лоиҳаи “Тақвияти аксуламали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хариду фурӯши одамон дар Тоҷикистон” ҷудо кард, ки он талошҳои Тоҷикистонро дар мубориза бо ин ҷиноят дастгирӣ мекунад.  Ҳангоми маросими супоридани маводи омузишӣ роҳбари шӯъбаи INL хонум Сита Фаррелл муассисаҳои таълимиро барои истифодаи бомуваффақи дастурҳо дар ҳашт ҷаласаи озмоишӣ барои зиёда аз 100 муфаттиш, прокурор ва судя табрик кард. Сита Фаррелл ҳозиринро аз дастгирии доимии Cафорати Амрико итминон дода, таъкид кард, ки хариду фурӯши одамон мушкилии умумиҷаҳонӣ аст ва Иёлоти Муттаҳида омода аст, ки бар зидди ин падида дар куҷое, ки он вуҷуд надошта бошад, мубориза барад.

Дар соли 2021 INL ба Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) барои баланд бартоштани иқтидори Ҳукумати Тоҷикистон дар пешгирӣ, тафтишоту таъқиботи судии парвандаҳои хариду фуруши инсон ва тақвияти ҳамоҳангии байниидоравӣ 600 000 доллари ИМА ҷудо кард. Лоиҳа ба гурӯҳҳои осебпазир – ба монанди муҳоҷирон, қурбониёни хушунати хонаводагӣ, бекорон, духтарони ҷавону занони бесавод – таълимот ва маводи иттилоотӣ тақсим мекунад. Онҳо дар бораи хатари хариду фурӯши одамон, усулҳои ҷалб ва маҷбуркунӣ, воситаҳои назорат ва муқовимат, ва ба куҷо муроҷиат карданро меомӯзанд. Лоиҳаи мазкур иқтидори муассисаҳои давлатиро барои татбиқи усули тафтишоте, ки ба манфиати ҷабрдидагон нигаронида шудааст, ва ҷамъоварӣ, таҳлил ва ҳисоботдиҳи маълумот мустаҳкам хоҳад кард.

Аз соли 2007 инҷониб шӯъбаи INL талошҳои Тоҷикистонро дар мубориза бо хариду фурӯши одамон ва дар кӯмак ба ҷабрдидагонро дастгирӣ мекунад. INL барои маблағгузории лоиҳаҳои зидди хариду фурӯши одамон, аз ҷумла Паноҳгоҳи ҷабрдидагон, Маркази мубориза бо хариду фурӯши одамони Вазорати корҳои дохилӣ ва Маркази таълимии мубориза бо хариду фурӯши одамони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон беш аз 3,5 миллион доллари ИМА-ро ҷудо кардааст. Шӯъбаи INL тавассути Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ малака ва захираҳои мақомоти Тоҷикистонро дар самти муқовимати самарабахш бар зидди хариду фурӯши одамон ва ҳимояи ҳуқуқи ҷабрдидагон тақвият дод.