Барномаи мубориза бо маводи нашъаовари сафорати ИМА барои афсарони милитсия

Сафорати ИМА дар Душанбе 20 нафар афсарони алоқаи Дастаи таъиноти махсуси милитсияи (ДТММ) Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии назорати маводи нашъаоварро барои хатми давраи омӯзишии думоҳаи Барномаи мубориза бо маводи нашъаовари Фармондеҳии марказии ИМА табриқу таҳният намуд.

Давраи омӯзишии мазкур зарфияти вазорату идораҳои ширкаткунандаро барои қабулу ирсоли ахборот тавассути дастгоҳи мухобиравие, ки аз ҷониби Барномаи мубориза бо маводи нашъаовар ба наздикӣ харид ва тақдим шудааст, баланд бардошт. Афсарони алоқа оид ба тарзи дурусти истифодаи шаклҳои гуногуни антенна барои таъмини сифати баланди ирсоли ахборот, сохтани шабакаҳои муътамади мустақил, барномасозӣ ва муоинаи техникиву насби таҷҳизоти мухобиравӣ дарс хонданд. Ҳамчунин, давраи омӯзишӣ мавзӯҳои дигари вобаста ба доираи радиобасомад, паҳншавии амвоҷи радиоӣ, тарҳрезии алоқаву ирсоли гузориш, инчунин дарсҳои амалӣ оид ба сохтани антенна барои кор дар муҳит ва баландии гуногунро низ дар бар гирифта буд.

Силсилаи давраҳои омӯзишии мазкур имконоти Дастаи таъиноти махсуси милитсияи (ДТММ) Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иртибот бо сохторҳояшон дар манотиқи дурдаст васеъ намуда, бо ин роҳ ба бунёди ҷабҳаи қавитару муттаҳидтар барои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА-ро тавассути кӯмакҳо бо мақсади дастгирии рушди иқтисодӣ, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва амнияти Тоҷикистон ҷудо намудааст. Сафорати ИМА дастгирии шарикӣ миёни мақомоти Амрико ва Тоҷикистонро ҷиҳати таъмини таҷҳизоти муосир, омӯзиш ва беҳтар намудани зерсохтор идома хоҳад кард.