Суханронии Кордори сафорат Кевин Коверт ба муносибати ҷашнгирии Истиқлолияти Амрико.
Ассалому алейкум, дӯстони азиз! Хуш омадед ба таҷлили ҷашни истиқлолияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико!
Ман Кевин Коверт ҳастам, бисёр хушҳолам ва ифтихор аз он дорам, ки имрӯз бо Шумо ҳастам.
Муҳтарам Фаррух Маҳмуд Ҳамрализода, сафирон, меҳмонони гиромиқадр, хонумон ва ҷанобон, ман мехостам аз номи ҳамаи ҳамкоронам шуморо ба Сафорати Амрико хушоамадед гуям. Ба ҳамаи шумо барои ҷашн гирифтани ин рузи муҳим бо мо ташаккур мегуям.
Мехостам ба сарпарастони маъракаи имруза миннатдорӣ изҳор намоям: ширкати коркарди куҳии “КОМСАП”, Маркази ташхисоти “Нурафзо”, ширкати “Coca Cola Icecek”.
Ман инчунин мехостам ба гурӯҳи мусиқии Ҳарбӣ-ҳавоии қувваҳои муссалаҳи Иёлоти Муттаҳида барои сафари дуру дароз аз Доҳа ба Душанбе барои намоиши ҳунари мусиқиашон миннатдорӣ изҳор намоям, ва мехостам ба Қисми пиёдақӯшуни баҳрии Иёлоти Мутаҳҳидаи Амрико, ки бехатарии ҳаррӯзаи моро таъмин менамоянд, ташаккур бигӯям. Ташаккури худро ба меҳмонхонаи Ҳилтон барои хизматрасонӣ дар маъракаи имрӯза изҳор менамоям. Дар охир мехостам миннадориамро ба Кумитаи тадорукоти Сафорат вобаста ба ҷашни Истиқлолияти ИМА, хусусан ба Ҷошуа Лэмб барои истифодаи тамоми имкониятҳо баҳри бомуваффақият гузаронидани чорабинии имрӯза, изҳор намоям.
Дусаду чилу ду сол пеш миллати муҳоҷирон, дар асоси принсипҳо оиди он, ки ҳамаи одамон баробар офарида шудаанд ва аз ҷониби Офаридгор бо ҳуқуқҳои муайяни универсалӣ таъмин гардидаанд, бунёд гардид. Иёлоти Муттаҳида дар асоси ваъдае бунёд гардид, ки ҳамаи одамон баробар офарида шудаанд, ва аз ин рӯ, мо то ҳол кӯшиш карда истодаем, то ки ин ваъдаро иҷро намоем.
Ман танҳо қайд менамоям, ки мо дар давоми 26 (бисту шаш) соли охир тақрибан 2 (ду) миллиард доллари ИМА-ро ҳамчун кӯмак ҷудо намудем ва 500 000 (панҷ сад ҳазор) нафар ҷавонони Тоҷикистон, аз тамоми қаламрави кишвар, аз ҳашт Маркази Амрикоии мо дидан намудаанд.
Аммо рақамҳо маънои аслӣ ва таъсири амиқи шарикии моро нишон дода наметавонад. Ба ҷои ин, ман мехоҳам, баъзе воқеаҳоро нақл кунам. Ин воқеаҳо аз таърихи ҳамкории мо бо мардуми Тоҷикистон мебошанд.
Барои дуруст ҳикоя намудани ин қиссаҳои инсонӣ, ман ба забони англисӣ мегузарам.
Қиссаи авалини мо анҷоми хеле ширин дорад. Шумо мумкин кулчақандро бо тасвири парчамҳои Тоҷикистону Амрико дар маъракаи имрӯза дидед.
Ин кулчақанд маҳсули дасти Инобат Раҷабова аз Бохтар мебошад. Бист сол пеш, даврае, ки ҷанги шаҳрвандӣ ва муноқишаҳо таҳдиди ба порчаҳо тақсим намудани ин кишвар мекарданд, ӯ як дӯкончаи хурди кулчапазиро кушод. Ин дӯкончаи кулчапазӣ аз сармоягузории одӣ бештар буд. Ин ифодаи умед ва имон ба ояндаи беҳтар буд.
Зиёда аз як сол пеш, USAID дар васеъ намудани дӯкони кулчапазӣ, аз ҷумла дар таъсиси маркази таълимӣ, ба ӯ кумак расонд. Акнун дар баробари пухтупази кулчақандҳо ва дигар шириниҳо, Инобат ба дигар ҷавонзанони ҷамоати худ маҳорати асосии кору фаъолиятро меомузонад.
Имрӯз ман мехоҳам ба Инобат ва ҳамаи соҳибкорон ва онҳое, ки навовариҳоро пешниход менамоянд, ба хавфҳо нигох накарда барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузорӣ менамоянд, миннатдорӣ изҳор намоям.
Қиссаи навбатиамон дар бораи қаҳрамони шахсии ман, хонум Лола Насриддинова, сардори созмони “Ташаббуси волидони кӯдакони дорои аутизм” мебошад.
Ҳамсарам Леся ва ман бо Лола чанд моҳ пеш вохӯрдем ва аз он хабардор гардидем, ки ҳар дуи мо одамони наздик дорем, ки бо аутизм зиндагӣ мекунанд. Лаҳзае тасаввур кунед, ки ин чи гуна аст: шумо ҳатто намедонед, ки писаратон ё духтаратон ба мактаб меравад ё не, соҳиби ҷои кор мешавад ё не, ё метавонад зиндагии мустақилро ба сар барад.
Ба туфайли далерию садоқати Лола, волидон акнун тавассути шабакаи таъсисдодашуда имконияти мубодилаи таҷрибаҳои беҳтарин доранд ва маълумотро дар бораи роҳҳои беҳтари таълими кӯдакони маъюб аз ҳамдигар метавонанд бигиранд. Акнун онҳо ҷойе доранд, ки ба он ҷо мераванд, шахсе доранд, ки ба ӯ муроҷиат мекунанд, то ки ба фарзандонашон ҳаёти хушбахту пурмаъно таъмин намоянд.
Мо ифтихор мекунем аз он фаъолияте, ки ӯ баҳри ҳифзи ҳуқуқи шахсони осебпазир ба анҷом расонида истодааст. Ташаккури зиёд Лола барои кори пуғайрати шумо, ва ташаккур ба пешравони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигороне, ки имрӯз дар ин ҷо ҳузур доранд, онҳое, ки барои беҳтару қавитар намудани ҷомеаи худ кор мекунанд.
Агар бобати ҷомеа сухан ронем, мо дар ин ҷо як нафари дигар дорем, ки мехостам онро эътироф кунам: Рухшона Шобуддинова, ки барномаи мубориза алайҳи зӯроварии хонаводагиро, таҳти ташаббуси Сафорат оиди хидмати полис дар ҷомеа, роҳбарӣ менамояд.
Зиёда аз се як ҳиссаи занон дар тамомии ҷаҳон бо ягон намуди зуроварӣ ру ба ру мегарданд: зуроварии ҷисмонӣ, руҳӣ, ҷинсӣ. Ин масъалаи ҷиддист дар тамоми ҷомеҳои дунё ва онро танҳо бо роҳабарони ба мисли Рухшона метавон ҳал намуд.
Дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ ва Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Рухшона маъракаҳои коммуникатсиониро оид ба зӯроварии хонаводагӣ бомуваффақият ташкил намуд. Ҳатто ман ҳам шиори “Ҳаёти зан бе зӯроварӣ!”-ро медонам.
Ташаккури зиёд барои роҳбариатон. Мо ҳама аз шумо илҳом мегирем. Ташаккур ба шумо.
Дар охир, аз тарафи ман беаҳамиятӣ мебуд, агар ман муносибатҳои беҳамторо дар масъалаҳои амният қайд намекардам. Тавре Президент Трамп ба Президент Раҳмон изҳор дошт, соҳибихтиёрӣ ва амният дар Тоҷикистон манфиатҳои умумии миллии мо ҳастанд.
Чанд моҳ пеш ман дар маросими хатмкунандагони Қӯшунҳои махсуси Академияи Вазорати корҳои дохилӣ иштирок намудам. Ман аз сатҳи тахассусии ин афсарони нав, аз ҷумла хатмкунандагони аввалин аз ҳисоби занон, дар тааҷҷуб будам. Бисёрии онҳо дар шароитҳои мушкил дар ҷойҳои дурдасти куҳӣ, дур аз ёру рафиқ ва оилаашон хизмат мекунанд. Биёед ҳамроҳ ба онҳо, барои хизматашон сипос гуем.
Маъзарат мехоҳам, агар вақти бисёр гирифта бошам, лекин ба фикрам ин қиссаҳои ҷолибро ба шумо нақл намудан бисёр муҳим буд. Албатта, инҳо танҳо чанде аз лаҳзаҳои муҳим мебошанд, ки Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида бо ҳам дар давоми 26 (бисту шаш) соли охир паси сар намуданд.
Пеш аз анҷом, ман мехостам, ки як шахси дигарро эътироф кунам, ки хусусияти дигари шарикии махсусро намояндагӣ мекунад.
Чӣ тавре ба ҳамагон маълум аст, соли ҷорӣ соли рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон эълон гардидааст. Соли рушди сайёҳӣ муборак!. Як ду моҳ қабл ман, Леся ва писарамон Даниэл бо ҳамроҳии муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ширин Амонзода ба мавзеи Ҳафткӯли Панҷакент сафар намудем. Мо дар лаби кӯли шашум, дар деҳаи зебоманзара, бо оилаи меҳмоннавозе оши палав хурда, дар ҳақиқат маънои гуфтаҳои “Feel the friendship!” – «Дустиро эҳсос намоед!»-ро фаҳмидам.
Ба шарофати Ширин ман дар бораи ин кишвари зебо, дар бораи таъриху маданияти ғании он маълумоти зиёд гирифтам. Аз ҷумла, дар бораи шоири бузурги тоҷик Рудакӣ, ҳангоми ташриф ба мақбараи ӯ дар Панҷрӯд, маълумот гирифтам. Ва бо иҷозати шумо, ман мехостам, баромади худро бо суханони шоѝри бузýрг Рудакӣ анҷом бахшам:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
Ҳеҷ талхӣ нест дар дил талхтар,
Аз фироқи дӯстони пурҳунар.
Tашаккур барои диққататон. Хуш омадeд! Аз шоми имруз ҳаловат баред ва дустиро эҳсос намоед!!!
Акнун, бо камоли мамнун ба шумо меҳмони фахрии мо, Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Фаррух Маҳмуд Ҳамрализодаро муаррифӣ менамоям. Марҳамат бипазиред.