Анҷоми пеш аз мӯҳлати барномаи раводиди муҳоҷиратии 2023
Душанбе, Тоҷикистон, 14-уми сентябри соли 2023 – Департаменти давлатӣ охирин раводиди дастрасро дар доираи Барномаи раводиди муҳоҷиратӣ (Diversity Visa – 2023) дар соли 2023 содир кард. Барои ҳар як давраи 12 моҳа, ки аз моҳи октябр оғоз меёбад, ба Департаменти давлатӣ қонунан иҷозат дода шудааст, ки тақрибан 55 000 раводиди Green Card лоторея пешниҳод кунад. …
Идомаи матолиб»Ҳукумати Амрико ва ширкати «Помир Энерҷӣ» деҳаҳои дурдасти Тоҷикистонро бо нерӯи барқ таъмин мекунанд
Ноҳияи Мурғоб, ВМКБ, 16-уми августи 2023 – USAID ва ширкати «Помир Энерҷӣ» (ШПЭ) барои таъмини манотиқи дурдасти кишвар бо энергияи устувор ҳамкорӣ мекунад ва ҳамчунин Ҳукумати Тоҷикистонро дар самти диверсификатсияи иқтидори худ оид ба тавлиди энергияи барқароршаванда (ТЭБ) дастгирӣ мекунад. Дар тӯли даҳсолаҳо ҷамоатҳои дурдасти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)-и Тоҷикистон бидуни дастрасӣ ба нерӯи …
Идомаи матолиб»Беҳбудии дастрасӣ ба обу беҳдошт дар водии Бартанг
Рӯшон, Тоҷикистон, 10 уми августи соли 2023 – Агентии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Фонди Тоҷикистонии Оғохон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони шабакаи оби нӯшокӣ ва ҳоҷатхонаи муассисаи таълимиро дар ду деҳаи водии Бартанги ноҳияи Рӯшон анҷом дода, ба истифода доданд. Ин шабакаи об 72 хонаводаи (397 нафар) деҳаҳои Пасор ва …
Идомаи матолиб»USAID ва Фонди Оғохон дастрасӣ ба об ва беҳдоштро дар ноҳияи Носири Хусрав афзоиш медиҳанд
Носири Хусрав, Тоҷикистон, 25 ноябри соли 2022 – Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Фонди Оғохон дар доираи барномаи муштараки “Шукуфоии Тоҷикистон” се шабакаи оби нӯшокӣ ва ду ҳоҷатхонаи мактабиро дар се деҳаи ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон ба истифода доданд. Шабакаи оби нӯшокӣ ҳудуди 800 хонаводаро (бештар аз 3,600 нафар) бо оби тозаи ошомиданӣ …
Идомаи матолиб»USAID ба баланд бардоштани ҳуқуқ ва имкониятҳои занони соҳибкор дар вилояти Хатлон мусоидат мекунад
Душанбе, Тоҷикистон, 27 октябри соли 2022 – Лоиҳаи USAID оид ба рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон (ACAT) муаррифии китоб бо аксу тасвирҳо таҳти унвони “ Аввалинҳо: 15 зани шуҷоъ ”-ро ҷашн гирифт, ки дар он саҳми занони соҳибкор дар Хатлон барои саъю талошҳои барҷастаашон дар пешравии агробизнес ва рушди устувори иқтисодиёти кишвар дарҷ шудааст. Дар китоб 15 нафар зан – …
Идомаи матолиб»Изҳорот оид ба сафари сафир Поммершайм ба ВМКБ
Душанбе, Тоҷикистон, 17 августи соли 2022 – Рӯзҳои 16-17 август сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) боздид кард. Сафир Поммершайм бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории “Помир- Инвест 2022” дар Хоруғ ширкат кард ва бо раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот мулоқот карда, самтҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ …
Идомаи матолиб»Сафорати ИМА ташаббуси коҳиши талабот ба маводи мухаддирро дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунад
Душанбе, Тоҷикистон, 22 декабри 2021 с. – Шуъбаи мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқи (INL) Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе дар бораи якчанд ташаббуси нав дар самти коҳиши талабот ба маводи мухаддир дар Тоҷикистон маълумот медиҳад. Шуъбаи INL ба ташкилотҳои ҷамъиятии (TҶ) “Феникс”, “Мактаби Ихтиёриён” ва “Занони Шарқ” се грант, ҳар кадоми …
Идомаи матолиб»Изҳороти сафир бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон
Ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи башар барандагони ҷоизаҳои ҳуқуқи башарро, ки аз ҷониби Созмони ҷамъиятии Идораи Ҳуқуқи Инсон ва Риояи Қонуният, бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дода шудааст, табрик мегӯям: Ташкилоти ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет, хабарнигори Радиои Озодӣ Муллораҷаб Юсуфй, ва адвокат Дилафруз Самадова. Ҳуқуқи инсон ба ҳама тааллуқ дорад. Моддаи 19-и Эъломияи умумии …
Идомаи матолиб»Изҳороти Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон
Ман аз номи ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва мардуми Амрико мардуми Тоҷикистонро бо 30 -умин солгарди истиқлолияти давлатӣ, ки 9 сентябри соли 2021 ҷашн гирифта мешавад, табрик мегӯям. Се даҳсолаи шарикии мо ба ҳадафи умумии мо дар ҳифзи Тоҷикистони соҳибихтиёр, мустақил ва шукуфон ва минтақаи шукуфони Осиёи Марказӣ, асос ёфтааст. Тавассути ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, …
Идомаи матолиб»USAID барномаи навро оид ба тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи захираҳои об дар Осиёи Марказӣ оғоз менамояд
Душанбе, Тоҷикистон, 12-уми майи соли 2021 – Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) лоиҳаи нави минтақавии оид ба захираҳои об ва муҳити зистро оғоз намуд. Дар тӯли панҷ сол лоиҳа, бо буҷаи 24 миллион доллари амрикоӣ дар ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ оид ба идоракунии захираҳои оби фаромарзӣ …
Идомаи матолиб»Ҳукумати ИМА ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи озуқа дастрас менамояд
Душанбе, Тоҷикистон, 9-уми апрели соли 2020 – Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар доираи барномаи «Озуқаворӣ ба хотири сулҳ», ва дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии Авасто ва созмони амрикоии Resource and Policy Exchange, Inc. (RPX) 56 280 кг кӯмаки озуқаворӣ, ки зиёда аз 171 000 доллари ИМА арзиш дорад, ба Тоҷикистон дастрас намуданд. …
Идомаи матолиб»Ҳамкории Ҳукумати ИМА бо Тоҷикистон дар мубориза бо ВНМО/БПНМ
Изҳороти сафир Ҷон Марк Поммершайм бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи ВНМО, 1-уми декабри 2019. Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон дар таҷлили Рӯзи ҷаҳонии ВНМО 2019 ҳамроҳ мешавад. Аз соли 2003 инҷониб, ҳукумати ИМА тавассути нақшаи фавқуллодаи президенти ИМА алайҳи БМНБ (PEPFAR) бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, дар барномаҳои аз байн бурдани беморӣ дар Тоҷикистон ба маблағи …
Идомаи матолиб»Изҳороти муштарак оид ба муҳокимаи сатҳи баланди C5+1 дар шаҳри Нур-Султон, Қазоқистон
Матни зерин аз ҷониби ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба муносибати мубоҳисаи сатҳи баланди C5+1, ки 21-уми август дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон баргузор шуда буд, нашр гардид. Имрӯз дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон намояндагони ҳукуматӣ аз кишварҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон бо мақсади баррасӣ намудани масъалаҳои дорои муҳиммияти муштарак …
Идомаи матолиб»Паёми Президент ба муносибати Наврӯзи соли 2019
Дафтари Котиби матбуотӣ БАРОИ НАШРИ ФАВРӢ 20 МАРТИ СОЛИ 2019 Ман мехоҳам беҳтарин табрикоти худро ба муносибати фарорасии ҷашни қадимӣ ва фархундаи Наврӯз ба ҳамаи онҳое бифиристам, ки аз ин ҷашн дар сарзамини ИМА ва саросари ҷаҳон истиқбол мекунанд. Наврӯз замони вижае барои ҷашнгирӣ ва шукргузорӣ дар аксари кишварҳои Осиёи Ғарбӣ ва Марказӣ, бахусус дар …
Идомаи матолиб»Баргузории дуввумин Форуми солонаи соҳибкорзанон ва намоиши маҳсулоти соҳибкорон
Душанбе, Тоҷикистон, 23-уми ноябри соли 2016 – Имрӯз, Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдои Амрико, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-умин Форуми солонаи соҳибкорзанон ва намоиши маҳсулоти соҳибкоронро ташкил намуданд. Форуми мазкур дар меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе …
Идомаи матолиб»