Семинари Эдютони барномаи ВАО дар Осиёи Марказӣ оғоз ёфт

Нур-Султон, Қазоқистон, 2-юми феврали соли 2021 Семинари дуюми солонаи MediaCAMP Эдютон 2021, ки аз ҷониби Агентии Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад, оғоз ёфт. Ин чорабинии маҷозӣ устодони донишгоҳҳо, омӯзгорон, мураббиёни расонаҳо, коршиносони саводнокии расонаиву рақамии Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ба ҳам гирд овард. Тӯли панҷ рӯз, таҳти роҳбарии коршиносони байналмилаливу маҳаллӣ дар соҳаи расонаӣ, технологияҳои рақамӣ, иштирокчиён лоиҳаҳои саводнокии расонаиву рақамии худро барои гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ таҳия хоҳанд кард.

Директори намояндагии минтақавии USAID дар Осиёи Марказӣ Кристофер Эдвардз дар ифтитоҳи чорабинӣ оид ба таъсири пандемия ба дастрасии мардум ба иттилоот чунин қайд намуд: “Маълумоти нодуруст, овозаҳо, тахминҳо, гузоришҳои бардурӯғ  нисбат ба худи вирус зудтар паҳн мешаванд. Ин аст, ки чаро талошҳои муштараки мо дар самти баланд бардоштани саводнокии расонаӣ хеле муҳиманд. Муҳим он аст, ки одамон тавонанд бештар аз ҷиҳати интиқодӣ фикр кунанд ва дар интихоби манбаъҳои иттилооти бомулоҳиза бошанд”.

Эдютон – платформаи кушода ва эҷодӣ барои таҳияи лоиҳаҳои самаранок оид ба баланд бардоштани саводнокии расонаӣ миёни қишри гуногуни аҳолӣ мебошад.

Иштирокчиёни Эдютон, аз ҷумла донишҷӯён, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кормандони расонаӣ, тавассути лоиҳаҳои ғайриоддии саводнокии расонаӣ, ки ба аудиторияи гуногун мутобиқ карда шудаанд, дар афзоиши саводнокии расонаиву рақамии минтақа саҳм хоҳанд гузошт.

“Ҳангоми пандемияи ҷаҳонӣ, зарурати баланд бардоштани сатҳи саводнокии расонаиву рақамӣ миёни аҳолӣ аз ҳарвақта дида шадидтар гардид. Ҷаҳон бо инфодемия, бо миқдори бениҳоят зиёди маълумоти бардурӯғ оид ба COVID-19 ва ваксина рӯ ба рӯ шудааст. Ғайр аз ин, мушкилот бояд дар шакли онлайнӣ ҳал карда шавад, ки ин вазифаи хеле мушкил аст. Аммо дарсҳои онлайнӣ метавонанд шавқовару ҷолиб бошанд ва мо инро дар ҷараёни Эдютон нишон медиҳем. Имсол мо ба усулҳои интерактивӣ, бозиҳо ва визуализатсия диққати ҷиддӣ медиҳем”, – гуфт Марат Бигалиев, роҳбари барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP ба лоиҳаҳои умедбахше, ки дар давоми саминари Эдютон таҳия шудаанд, дастгирии молиявӣ мерасонад.

###

Барномаи осиёмарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ ва аз ҷониби Интернюс амалӣ мегардад. Ин барнома ба таҳияи муҳити мутавозуни иттилоотӣ дар Осиёи Марказӣ равона шудааст, ки ба рушди озодии баён миёни ҷавонону пиронсолон барои мубодилаи афкор, ақида ва нуқтаи назари гуногун, инчунин ҷалби ҳарчи бештари шаҳрвандон ба ҳаёти ҷомеа мусоидат мекунад. USAID агентии барандаи байналмилалии рушд буда, суръатфизои рушди устувор мебошад. USAID барои пешбурди амнияти миллии ИМА ва шукуфоии иқтисодӣ кор мекунад, саховатмандии мардуми Амрикоро нишон медиҳад ва дар истиқлолу устувории кишварҳои баҳрабаранда саҳм мегузорад.

Маълумоти муффасал дар сомонаи USAID дар Осиёи Марказӣ https://www.usaid.gov/central-asia-regional
Барномаи MediaCAMP Central Asia https://ru.internews.kz/mediacamp/
Internews https://internews.org/about-us, Internews дар Қазоқистон https://internews.kz/.