Эълони озмун барои ширкат дар барномаи табодули ВАО дар Осиёи Марказӣ (CAMEX) барои соли 2019

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон қабули лоиҳаҳоро аз телевизионҳои маҳаллӣ барои иштирок дар барномаи табодули ВАО дар Осиёи Марказӣ (CAMEX) барои соли 2019 эълон мекунад.  Барномаи мазкур ба ширкатҳои телевизионӣ ва ҳамчунин студияҳои истеҳсолии Осиёи Миёна имконият медиҳад, ки гурӯҳи эҷодии худро ба ИМА барои таҳияи филми мустанад ва маводҳои гуногун ба муддати ду ҳафта фиристанд.

Барои таҳияи филмҳо барои соли 2019 мавзӯъҳои зерин афзалият доранд:
·  STEAM (илм, технология, муҳандисӣ, санъат, риёзиёт) ва водии Силикон (донистани забони англисӣ ҳатмист)
·  Сиғаи С5+1 ва алоқаи иқтисодӣ
·  Тиҷорат ва сармоягузории мустақим
·  Саёҳӣ.

Одатан гурӯҳҳои эҷодӣ ҳангоми ин сафари дуҳафтаина як ё якчанд филми мустанад, маводҳои мултимедиавӣ ва силсилаи лавҳаҳои телевизионӣ аз ҳаёти Амрикоро таҳия мекунанд ва онҳоро дар вақти мусоиди телевизионӣ пахш мекунанд.  Хабарнигорон маводи худро ба навор мегиранд,  таҳия мекунанд ва дар вақти праймтайм маводи таёр намударо пахш мекунанд. Гурӯҳи эҷодиро дар ИМА дар тамоми муддати сафар таҳиягари амрикоӣ, ки аз ҷониби ташкилоти шарикӣ “Меридиан” таъйин шудааст, ҳамроҳӣ мекунад.   Ғолиби озмуни ин барнома ба гранти Департаменти давлатии ИМА ноил мегардад, ки он хароҷоти иқомати гурӯҳи эҷодиро дар ИМА дар давоми ду ҳафта дар бар мегирад.  Аз ҷумла хароҷотҳои рафту омад, меҳмонхона, хӯрокворӣ, суғуртаи муваққатии тиббӣ ва наворбардорӣ аз ҳисоби грант пардохта мешаванд.

Гурӯҳи эҷодӣ бояд на зиёда аз ду нафар иборат бошад, донистани забони англисӣ пазируфта мешавад.   Гурӯҳ бояд бо таҷҳизоти касбии худ барои наворгирӣ муҷаҳҳаз бошанд. Шабакаи телевизионӣ бояд кафолат диҳад, ки маводи таҳияшударо ҳатман дар вақти праймтайми телевизионӣ пахш мекунад ва ожонсии иттилоотӣ бояд кафолат диҳад, ки маводи омодашуда дар сомона дастрас мешавад. Хабарнигорон бояд нусхаи маводҳои омодашударо ба сафорати ИМА пешниҳод намоянд.

Лоиҳаҳо бояд аз чузъҳои зерин иборат бошанд:
1.      Асоснокии лоиҳа: шарҳи сабаби тасмимгирӣ оиди татбиқи ҳатмии ин лоиҳа – то як параграф;
2.      Тафсири лоиҳа: шарҳи чорабиниҳое, ки дар доираи лоиҳаи мазкур иҷро мешаванд, аз ҷумла номгӯи шаҳрҳои ИМА, ки ба онҳо сафар кардан лозим аст, шахсоне, ки бо онҳо мулоқот гузаронидан лозим аст, мавзӯъҳои мусоҳибаҳо ва ғайра – то ду параграф;
3.      Натиҷаи лоиҳа: шарҳи миқдор ва навъи барномаҳое, ки дар натиҷаи сафари мазкур таҳия мешаванд, шабақаҳои телевизионие, ки онҳоро пахш менамоянд ва ғайра – то як параграф;
4.      Ҳайати гурӯҳи эҷодӣ:  ному насаби аъзоёни гурӯҳ, таҷрибаи кории онҳо, сифатҳои ғайр;
5.      Дарозии лоиҳа: Лоиҳа набояд аз як саҳифа дарозтар бошад.

Меъёрҳо барои иштирок дар барнома:
Хабарнигорон аз ожонсиҳои иттилоотӣ, шабақаҳои телевизионӣ ва ҳамчунин студияҳои истеҳсолӣ ҳуқуқи иштирок дар озмунро доранд.  Ташкилотҳое, ки соҳиби шабақаи пахшкунандаи худ нестанд, бояд нақшаҳои пахши филмҳоро дар лоиҳа шарҳ диҳанд.

Лоиҳаҳо барои иштирок дар озмун бояд бо забони тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ ба Сафорати ИМА дар Тоҷикистон на дертар аз рӯзи чоршанбе, 20 феврали соли 2019, то соати 17:00 ба суроғаи зерин фиристода шаванд:

Бахши робита бо ҷомеа, Сафорати ИМА
кӯч. Исмоили Сомонӣ, 109 «А»
ш.Душанбе, Тоҷикистон
Почтаи электронӣ: MuborakshoevPA@state.gov
Телефонҳо барои тамос: 229 23 57, 229 20 00