Рӯзҳои 20 то 23 июл намояндаҳои расмии Ҳукумати ИМА бо ҳайатҳои баландпояи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ барои баррасии пешрафти кори се гурӯҳи кории сиғаи C5+1, гурӯҳҳои муҳити зист, робитаҳои иқтисодӣ ва амният дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ва Тошканди Ӯзбекистон вохӯрӣ анҷом доданд. Сиғаи C5+1 платформаи асосии дипломатии минтақавӣ мебошад, ки тавассути он Иёлоти Муттаҳида ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ барои пешбурди ҳамгароии иқтисодӣ, коҳиши осебпазирии муҳити зист ва тақвияти амният ҳамкорӣ мекунанд.
Маниша Сингх, Ёвари Котиби Давлатӣ дар Бюрои масъалаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, роҳбари ҳайъати ИМА дар вохӯрии гурӯҳи кории робитаҳои иқтисодӣ буд, ки он рӯзи 20 июл дар шаҳри Алмаато воқеъ гардид. Дар давоми ин вохӯрӣ Ёвари Котиби Давлатӣ Сингх сӯҳбатро дар атрофи масъалаи густариши робитаҳо ва тиҷорат тавассути афзоиш додани робитаҳои иқтисодӣ доир намуд, инчунин ҷонишини Ёвари мудири USAID дар Осиё Ҳавийер Пйедра ба иштироккунандагон дар бораи лоиҳаҳои иқтисодии ҷории сиғаи C5+1 мухтасар иттилоъ дода, имкониятҳоро барои ҳамкории оянда номбар намуд.
Ҷонишини Ёвари Котиби Давлатӣ дар Осиёи Марказӣ Ҳенрӣ Эншер ҳайъати ИМА-ро дар вохӯрии гурӯҳи кории марбут ба масоили муҳити зист роҳбарӣ намуд, ки он рӯзи 20 июл дар шаҳри Алмаато баргузор шуд. Дар ин вохӯрӣ лоиҳаи Бозори минтақавии нируи барқи Осиёи Марказӣ (CAREM) ба иштироккунандагони сиғаи C5+1 муаррифӣ гардид.
Ҷаноби Эншер инчунин ҳайъати ИМА-ро дар вохӯрии гурӯҳи кории марбут ба масоили амният роҳбарӣ намуд, ки он рӯзи 23 июл дар шаҳри Тошканд баргузор гардид. Иштироккунандагон кӯшишҳои минтақаро дар мубориза бар зидди терроризм, ҳамкориҳоро оид ба тақвияти амнияти марзҳо ва кӯшишҳоро бар муқобили ифротгароии хушунатомез дар минтақа, инчунин оғози ду лоиҳаи аввалини гурӯҳи кориро баррасӣ намуданд. Ин лоиҳаҳои гурӯҳи корӣ ба ташвиқу иштироки ҷамоатҳо ҳамчун воситаи пешгирии ифротгароии хушунат мутамарказ шудаанд.