Котиби Давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳуриии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо баргузории ҷаласаи дуюми сатҳи вазирон дар шакли С5+1, ки 3 августи 2016 дар Ҳавзаи Колумбияи Вашингтон баргузор гардид, якҷоя Эъломияи дуюми ҳамҷояи шарикӣ ва ҳамкориро қабул менамоянд. Роҳбарони вазоратҳои хориҷии ин шаш кишвар омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ дар шакли С5+1 бори дигар изҳор намуданд. Котиби Давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ифтитоҳи панҷ лоиҳаи муштаракро эълом намуданд, ки ба густариши робитаҳои иқтисодӣ, мутобиқат ва пешгирии оқибатҳои тағйири иқлим, инчунин баланд бардоштани муколама оид ба таҳдидҳои умумии терроризм равона мебошанд ва барои мусоидат ба татбиқи ин лоиҳаҳо ӯҳдадориҳои даркорӣ ба душ гирифтанд.
Дар давраи таҷлили 25-солагии истиқлолияти давлатҳои Осиёи Марказӣ, инчунин дубора тасдиқ намудани эҳтироми устувори ҳамдигарӣ оид ба соҳибистиқлолӣ, мустақилият ва якпорчагии ҳудудии ҳар як давлат, Котиб ва Вазирони корҳои хориҷӣ тасмимҳои давлатҳои худро ба таври зайл эълом доштанд:
- Таҳкими минбаъдаи заминаи дипломатии С5+1 ҳамчун як механизм барои муколама ва талошҳои муштарак тавассути ҷаласаҳои минбаъдаи вазирон оид ба мубодилаи афкор дар хусуси манфиатҳои умумӣ, тавассути татбиқи лоиҳаҳои мутақобилан мувофиқашуда ва инчунин чорабиниҳои ояндаи С5+1;
- Татбиқи тадбиру чораҳои ривоҷдиҳандаи савдо ва рушду равнақи роҳравҳои нақлиётӣ тавассути ин минтақа баҳри баланд бардоштани дастрасӣ ба бозорҳо, беҳдошти маҳсулнокӣ ва самаранокии нақлиёт, инчунин таҳкими рақобатнокӣ дар ин минтақа ва дар бозорҳои байналмилалӣ;
- Таҳким бахшидан ба бахшҳои логистикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ баҳри густариши савдои минтақавӣ ва рушди иқтидори сармоягузорӣ;
- Беҳтар намудани муҳити мусоиди соҳибкорӣ дар минтақа бо мақсади ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва ривоҷ додани соҳибкории маҳалӣ, инчунин вусъат бахшидан ва таҳкими робитаҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико;
- Ширкат варзидан дар пешбурди захираҳои энергетикии барқароршаванда;
- Дастгирии банақшагирии сатҳи минтақавӣ, миллӣ ва маҳалӣ, инчунин татбиқи тадбирҳоии зарурӣ баҳри тайёрӣ ва мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйири иқлим;
- Густариши ҳамкориҳо баҳри пешгирӣ ва мубориза бо таҳдиду мушкилоти байнимарзӣ ба мисли терроризм ва қочоқи яроқи зарбаи оммавӣ), маводи нашъаовари ғайриқонунӣ ва одам;
- Саҳм гузоштан дар саъю талошҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ҷиҳати пешгирии паҳни яроқҳои зарбаи оммавӣ, аз ҷумла бо риоя аз муқаррароти Созишнома оид ба Минтақаи аз яроқи ҳастагӣ озоди Осиёи Марказӣ ва пайгирӣ ҷиҳати ҳукми қонунӣ баровардани Протоколи Созишнома;
- Вусъати муколама дар мавзӯи таҳдидҳо аз муборизони террористии хориҷӣ, инчунин мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар боби мубориза бо терроризм ва пешгирии тундгароӣ ба зӯроварӣ;
- Давом додани дастгирӣ ба Афғонистон ва рушди он ҳамчун як давлати мустақил, сулҳхоҳ, рушдкунанда ва эътирофи он, ки вазъият дар Афғонистон ҳамчун омили муҳим дар амният ва суботи тамоми минтақа боқӣ мемонад;
- Густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи башардӯстона ва равобити васеъ байни одамон, инчунин ҳавасмандкунии мубодилаҳои васеътар дар соҳаи маъориф, фарҳанг ва бизнес.
- Ҳимояи ҳуқуқҳои башар, рушди институтҳо ва таҷрибаҳои демократӣ, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути эҳтиром ба меъёрҳо ва принсипҳои эътирофшудаи қонуни байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Эъломияи Универсалӣ оид ба Ҳуқуқҳои Башар, Эъломия оид ба Принсипҳои Қонуни Байналмилалӣ, Санади ниҳоии Ҳелсинкии Конфронс дар мавзӯи амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо;
- Баробарсозии лоиҳаҳо ва муколамаҳо бо дигар шарикони байналмилалии формати С5 дар масоили дорои манфиати умумӣ; ва
- Вазирон миннатдории хешро ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои қабулу баргузории ҷаласаи мазкури Вазирони корҳои хориҷӣ дар шакли “С5+1” изҳор менамоянд.