Cафари Сафир Микаллер ба вилояти Суғд

Душанбе, Тоҷикистон, 21 июли соли 2023 – Рӯзҳои 17-20 июл сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер аз вилояти Суғди Тоҷикистон боздид кард. Нуқтаи асосии сафари мазкур мулоқот бо Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода буд, ки дар он масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва имконоти рушд баррасӣ шуданд.  Сафир Микаллер аз ширкати амрикоии истихроҷи маъдан COMSUP, бузургтарин сармоягузори хусусии ИМА дар ин кишвар, дидан кард.  Ӯ ҳамчунин аз пойгоҳи обкашии таъмиршудаи Хоҷабақирғон-1 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бо кумаки молии USAID ва Бунёди Оғохон бозсозӣ шудааст, дидан кард.

Сафир Микаллер зимни сафари худ дар вилояти Суғд аз барномаҳои кумаки ИМА, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодӣ нигаронида шудаанд, боздид намуда, бо намояндагони Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон (АМЗТ) мулоқот кард; инчунин бо Марказҳои амрикоӣ дар Хуҷанд ва Исфара, ки ҳамасола ба беш аз 10 ҳазор нафар барномаҳои таълимӣ пешниҳод мекунанд ва бо кормандони Маркази саломатии ҷамъиятии “Нуқта”, ки яке аз муассисаҳои калидӣ дар самти пешгирии ВНМО мебошад, мулоқот карданд.

Сафир қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида муддати тӯлонист аз соҳибкорӣ, рушд ва маориф дар вилояти Суғд пуштибонӣ мекунад ва бовар дорад, лоиҳаҳое, ки ба ҳалли ин масъалаҳо нигаронида шудаанд, ояндаи шаҳрвандони минтақаро беҳтар мекунанд.  ИМА фарҳанги соҳибкорӣ ва тиҷорати хурдро ташвиқ мекунад ва сафир Микаллер махсусан ба дастгирии тавсеаи тиҷорати занон таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, онро “ояндаи иқтисоди ҷаҳонӣ” номид.

Сафир Микаллер зимни суханронӣ аз дастовардҳои донишҷӯёне, ки дар барномаҳои забони англисӣ, аз қабили барномаи “ACCESS” дар Истаравшан, Зафаробод ва Исфара иштирок мекунанд, изҳори ифтихор карда, умедвор аст, ки иштироки онҳо ба «шуғли бештар, имкониятҳои таҳсилот ва эҳтимолан, имкони иштирок дар барномаҳои мубодилаи оянда оварда мерасонад.

Сафир инчунин дар мадрасаи Оими ш. Конибодом таваққуф кард, ки соли 2017 тавассути Хазинаи сафирон оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ (AFCP) маблағгузорӣ шудааст. Мадрасаи Оим барои тармиму азнавсозии утоқҳо, деворҳо ва боми мадраса 77 000 доллари ИМА кумак гирифт.

Сафир Микаллер зимни боздид аз дӯстӣ ва меҳмоннавозии мардум таасуроти зиёд гирифт. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки аз оши Хуҷандӣ лаззат бурд.

Дар анҷоми сафар, сафир Микаллер ҳадафҳои муштараки рушди иқтисод, тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистонро барои фароҳам овардани имконоти бештар ба мардуми Суғд ва тамоми Тоҷикистон таъкид намуд.