22 майи соли 2022
Ёвари котиби давлатии ИМА оид ба масоили Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Доналд Лу санаҳои 23-27 май, ҳамчун роҳбари як ҳайати ИМА, ба Ҷумҳурии Қирғизистон, Узбакистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон барои таҳким бахшидан ба равобити ИМА бо минтақа, пешбурди саъю талошҳои муштарак барои бунёди равобити бештари ҳамбастагӣ, ободу беҳтар намудани минтақаи Осиёи Марказӣ сафар мекунад.
Ба ҳайати ин гуруҳ директори аршади Шӯрои амнияти миллӣ оид ба маcоили Русия ва Осиёи Марказӣ Эрик Грин, муовини ёвари вазири дифоъ оид ба Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ Ребекка Зиммерман, масъули сиёсати Корпоратсияи молияи ИМА оид ба рушд Наз Ал-Хатиб шомиланд.
Дар Ҷумҳурии Қирғизистон ҳайат бо мақомоти баландпояи Қирғизистон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва раҳбарони иқтисодӣ мулоқот хоҳад кард, то роҳҳои беҳтари дастгирии Иёлоти Муттаҳида аз арзишҳои муштарак, фарҳанги маҳаллӣ ва рушди иқтисодӣ пайдо кунад. Ҳайат дар Узбакистон бо мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва раҳбарони ҷомеаи шаҳрвандии Узбакистон мулоқот карда, дар бораи таҳкими шарикии иқтисодӣ, арзишҳои муштарак ва дастгирии ИМА барои тавонмандсозии занон гуфтугӯ хоҳанд кард.
Ёвари Котиби давлатии ИМА Лу ва ҳайати ҳамроҳонаш баъдан ба Тоҷикистон, барои анҷом додани мулоқот бо мақомоти расмӣ ва ширкат дар машваратҳои дуҷонибаи солонаи ИМА ва Тоҷикистон, баҳри рушди равобити иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкориҳои амниятӣ сафар хоҳанд кард. Ёвари котиби давлатии ИМА Лу ҳамчунин бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот карда, дар бораи кӯмакҳои башардӯстона ва дастгирии минбаъда ба гурезаҳои афғон, ҳуқуқи башар ва ташаббусҳои муштарак оид ба амнияти озуқаворӣ ва нақши занон дар ҷомеа гуфтугӯ хоҳад кард.
Ҳайат дар Қазоқистон бо мақомоти баландпоя ва раҳбарони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот карда, барномаи ислоҳоти Қазоқистон, талошҳо барои таҳкими ҳифзи ҳуқуқи башар ва тавонмандии занон баррасӣ хоҳад кард.