Ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи башар барандагони ҷоизаҳои ҳуқуқи башарро, ки аз ҷониби Созмони ҷамъиятии Идораи Ҳуқуқи Инсон ва Риояи Қонуният, бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дода шудааст, табрик мегӯям: Ташкилоти ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет, хабарнигори Радиои Озодӣ Муллораҷаб Юсуфй, ва адвокат Дилафруз Самадова.
Ҳуқуқи инсон ба ҳама тааллуқ дорад. Моддаи 19-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар озодии баёнро барои ҳама ашхос, аз ҷумла аҳолии канормонда ва маҳдудшуда, рӯзноманигорон ва онҳое, ки ақидаҳои гуногун доранд, муқаррар мекунад. Қобили қабул шуморидани таҷрибаҳо ва назарҳои гуногун ҷомеаро мустаҳкам мекунад ва эҳтироми ҳуқуқи инсонро афзун мекунад.
Имсол 80-умин солгарди изҳороти бонуфузи раисиҷумҳури ИМА Франклин Делано Рузвелт дар бораи он, ки инсоният ба “чаҳор намуди озодӣ” – озодии баён, озодии ибодат, озодӣ аз ниёзмандӣ ва озодӣ аз тарс ҳақ дорад, таҷлил мешавад. Вақте ки мо дар бораи ин суханон андеша мекунем, тааҳҳудоти зерини президент Байден ба ёдам меояд: “Иёлоти Муттаҳида на бо намунаи қудрати худ, балки бо тавоноии намунаи худ пешбарӣ хоҳад кард.”
Ҳуқуқҳои башар як ҷузъи асосии дипломатияи ИМА мебошанд ва мо бесаброна интизорем, ки ҳамкориро бо шарикон дар саросари ҷаҳон барои пешбурди онҳо идома диҳем.
Ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи башар ман ҳамаи шариконамонрор дар Тоҷикистон: дар ҳукумат, соҳаи адлия, рӯзноманигорӣ, маориф, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар соҳаҳо, ки барои ҳифз ва таҳкими озодиҳои асосӣ саъй доранд, табрик мегӯям.