Бист сол қабл, баъди пош хӯрдани Иттифоқи Шӯравӣ, Иёлоти Муттаҳида яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил эътироф кард. Сипас дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид, ки он, панҷ сол давом кард ва боиси маргу харобиҳои зиёд гардид. Агарчӣ дар охири солҳои 1990-ум ҷангҳо кам шуд бошанд ҳам, азияти мардуми тоҷик давом меёфт. Гуруснагӣ ин заминро таъқиб мекард. Харобшавии роҳу кӯпрукҳо ва дигар инфрасохтор дар баъзе қисматҳои кишвар зиёд ба чашм мерасиданд. Имкониятҳои иқтисодӣ хираю торик буданд, чунки таъсир ҷанг ба рушди бозор назаррас буд. Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида талошҳои хешро ҷиҳати расонидани кӯмакҳои башардӯстонаи хешро тавассути Оҷонсии Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва дигар сохторҳои бо мақсади таъмини хӯроки аввалиндараҷа ба мавзеҳое, ки дар ҷангбештар хароб гардиданд, оғоз намуд. Баъдан, барномаҳои кӯмакрасони ИМА вусъат ёфта, илова ба расонидани кӯмаки башардӯстона инчунин баланд бардоштани иқтидори инсонӣ ва бунёди рушди устувору дарозмӯҳлати иқтисодиро фаро гирифтанд.
Аз соли 2001 баъди шурӯъ гардидани фаъолияти низомӣ дар Афғонистон аз ҷониби қувваҳои байналмилалӣ оид ба кӯмаки амниятӣ (ISAF) зери роҳбарияти ИМА , ҳамкории мо бо Тоҷикстон боз ҳам бештар вусъат ёфт. Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади 1300 км. дорад, дар нигоҳ доштани роҳҳои транзитӣ ба/аз Афғонистон шарики муҳим ба ҳисоб рафта, ҷиҳати беҳтар намудани муҳити амниятӣ бо мо ҳамкорӣ мекунад. Имрӯз барномаи кӯмакрасони дуҷонибаи мо ба Тоҷикистон ба таври устувор ва қавӣ ба роҳ монда шудааст. Барномаҳои мо рушди иқтисод, раванди демократикунунӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф, энергетика, кишоварзӣ ва фаъолияти мубориза бо терроризм ва гардиши маводи мухаддирро дастгирӣ менамоянд.
Чолишҳои дар назди Тоҷикистон пеш истода : рушди пасти иқтисод, норасоии нерӯи барқ, хавфнокии озуқаворӣ ва норасоии шаффофият
Мувофиқи омори [I] Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) зиёда аз як миллиони шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҳашт миллиони аҳолии кишвар, дар давлатҳои хориҷӣ, асосан дар Руссия, кор ва зиндагӣ мекунанд. Дар соли 2014 пӯлҳои интиқолии муҳоҷирон қариб 50 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил доданд. Сеяки шаҳрвандони Тоҷикистонро синну солашон аз 14 поён ташкил медиҳанд. Аҳолии рӯ ба афзоиш намудаи ҷавонони Тоҷикистон ба низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва таълимии кишвар таъсири сахт расонид. Аён аст, ки Тоҷикистон ниёз ба рушди иқтисодӣ ва такшили ҷойҳои корӣ дорад. Сармоягузорӣ дар зерсохторҳои энергетика ва нақлиёт, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва густариши имкониятҳои тиҷорат ва сармояи бевоситаи хориҷӣ мусоидат хоҳад кард.
Ба он нигоҳ накарда, ки танҳо 7 фоизи ҳудуди Тоҷикистон дорои замини шудгорбоб мебошад, қисми зиёди тоҷикон дар соҳаи хоҷагии қишлоқ фаро гирифта шудаанд. Аз нуқтаи назари амнияти озуқаворӣ Тоҷикистон то ҳол ҳам дар сатҳи паст қарор дорад. Ба нафарони зиёди занон ва кӯдакон ғизои мувофиқ дастрас намегардад. Маҳсулоти босифати кишоварзӣ ва рақобатпазирӣ ба ҳамкории минтақавӣ ва инкишоф, ба хусус, дар минтақаҳои деҳот, ки аксари аҳолӣ истиқомат дорад, мусоидат мекунад.
Занон гӯрӯҳи махсусан осебпазирро дар Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Мувофиқи омори Ҳукумати Тоҷикистон, 19 фоизи занони тоҷик, аз зӯроварӣ дар оила хабар медиҳанд. Хонаводаҳо ҳангоми имкониятҳои маҳдуд доштан барои таҳсил афзалиятро нисбат ба духтарбача, аксари вақт, ба писарбача медиҳанд. Миқдори зиёди издивоҷ ба қайд гирифта нашудааст, ки он занонро аз ҳуқуқҳои юридикии худ барои амволи хонавода ё ба даст овардани алимент ҳангоми қатъи ақди никоҳ маҳрум месозад.
Ҳукумати Тоҷикистон якчанд қонунҳоро, мувофиқи ӯҳдадориҳои байналмилалӣ қабул намуд, вале онҳо то ҳол ҳам пай дар пай амалӣ нагардида истодаанд. Ниёз ба шаффофияти бештар, на танҳо аз ҷониби Ҳукумат, балки ҳангоми иҷрои амалиётҳои тиҷоратӣ вуҷуд дорад. Мувофиқи Миссияҳои нозирони интихоботии Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар, ҳангоми интихоботи президентӣ дар соли 2013 ва интихоботи парлумонӣ, ки моҳи марти соли ҷорӣ баргузор гардид, як қатор вайронкуниҳо ба назар расидаанд. Миссияи нозирони интихоботии Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар изҳоротро бо хулосаҳо марбут ба танқиди шароити гузаронидани маъракаи интихоботи парлумонӣ пешниҳод намуд. Инчунин дар он раванди райдиҳӣ бо қайди гузоришҳои зиёд дар робита бо вуҷуд доштани варақаҳои интихоботии қалбакӣ ва дигар вайронкуниҳо дарҷ гардидааст (2).
Ҳамкории имрӯзаи ИМА бо Тоҷикистон
Муддати ба ҳайси Сафири ИМА дар Тоҷикистон буданам, мо ба Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон дар ҳалли ин мушкилот кӯмак расонидем. Дар якҷоягӣ, мо дар бисёр соҳаҳо ба беҳбудиҳо ноил гаштем, ба хусус имкониятҳоро дар соҳаи тиҷорат, энергетика, бехатарӣ, рушди иқтисод, маҳсулоти кишоварзӣ, тандурустӣ, озуқаворӣ, ислоҳоти полис, бехатарии сарҳад, дар мубориза бар зидди маводи мухаддир ва террориз густариш додем. Бисёр сохторҳои ИМА дар ин талошҳои густурда фаро гирифта шудаанд.
Тоҷикистон дар соли 2013 бо кӯмаки назарраси техникӣ ва дастгирии сиёсии Иёлоти Муттаҳида ба Созмони ҷаҳонии савдо (WTO) шомил гардид. Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи амалиётро оид ба амалӣ гардонидани нақшаи амалиёти баъди ба СҶС шомил шуданро дар аввали моҳи ноябри соли 2014 ба тасвиб расонид. Кӯмаки техникиро ҷиҳати мусоидат намудан ба амалигардонидани қонунгузорӣ ва муқараррот дар чорчӯбаи СҶС ба Ҳукумат идома хоҳем дод.
Инчунин, дар кӯмак ба Тоҷикистон бо мақсади ҳамгироии иқтисодӣ бо иқтисодиёти минтақавӣ муваффақ шудем. Масоили тиҷорат, об ва энергетика дар ин ҷода доимо вуҷуд доранд. Имрӯз мо барномаҳоеро дастгирӣ менамоем, ки онҳо ҷиҳати густариш додани муносибатҳои тиҷоратӣ ва мусоидат намудан ба гардиши мол миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон амалӣ гаштаистодаанд. Мо ба кишварҳое, ки шомили лоиҳаи пешниҳодшудаи энергетикӣ (CASA-1000) мебошанд, маблағи 15 миллион долларро ҷудо намуда, дар ин ҷода кумаки техникӣ мерасонем. Ин лоиҳаи минтақавӣ хатҳои интиқоли барқро бунёд месозад, ки он ба Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кирғизистон имконият медиҳад, ки нерӯи барқи барзиёд истеҳсолшударо, бахусус, дар фасли тобистон ба Покистон тавассути Афғонистон интиқол диҳад, чун дар ин фасл Покистон ба нерӯи барқ бештар ниёз дорад.
Бо дарки он, ки ҷавонон гурӯҳи калидии демографияи Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, мо кӯшишҳои ҷавонони фаъол ва масъулиятноки ҷомеаро ҷиҳати сохтани ояндаи хеш дастгирӣ менамоем. Мо беш аз 100 грантҳоро барои фаъолияти ҷавонон ҷудо намудем. Онҳо ба ҷавонони маҳаллӣ имконият медиҳанд, ки маҷмӯи васеи мушкилоти дар ҷомеа ҷой доштаро ҳал намуда, иштироки онҳоро дар ҳаёти ҷомеаи шаҳрвандӣ вусъат медиҳад.
Дар солҳои охир, мо грантҳоро ба маблағи зиёда аз 86 000 доллар ҷиҳати дастгирӣ намудани рушди демократия дар Тоҷикистон ҷудо намудем. Ба тариқи мисол метавон аз гранте, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониш занон ва мардони деҳот дар бораи ҳуқуқҳои хеш, мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус, ҳуқуқи инсон хотиррасон кард. Дигар намуди грант барои ҳавасманд гардондани ҷавонони тоҷик бо мақсади иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ҷудо гардидааст.
«Барномаи ҳамкории милитсия бо ҷомеа» ба ҳукумати маҳаллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони иттиҳоди маҳаллӣ бо мақсади иштироки фаъоли онҳо дар раванди қабули қарор вобаста ба масоили ҷомеа имкониятҳои васеъро фароам овард. Дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо гӯруҳҳои шарикиро оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа иборат аз намояндагони милитсия, ҳукумат ва ҷомеа таъсис додем. Инчунин барои иштирокчиён тренингҳоро оид ба муайян намудан, афзалият бахшидан ва ҳалли мушкилоти маҳаллӣ вобаста ба содир намудани ҷиноят, таъмини бехатарӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ баргузор намудем. Имрӯз барномаи мазкур 30 адад марказҳои ҳамоҳангсозии ҳамкории милитсия бо ҷомеаро таҳти назорати 17 гурӯҳҳои шарикӣ, ки дар ҳамаи минтақаҳои кишвар фаъолият мекунанд, дар бар мегирад.
Барномаи Презденти Обама «Озӯқаворӣ ба хотири фардо» дар Тоҷикистон низ амалӣ мегардад. Тавассути барномаи мазкур мо соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, рушди иқтисод, тандурустӣ ва озӯқавориро бо мақсади таъмини амнияти озӯқаворӣ дастгирӣ мекунем. Илова ба ин, моҳи сентябри соли 2013 мо Ҳукумати Тоҷикистонро ҳавасманд намудем, то ба ҳаракати байналмилаллӣ оид ба беҳтар намудани сифати ғизо шомил гардад. Ҳукумат аз раванди байниидоравӣ, ки сиёсат ва меъёрҳои ҳуқуқиро бо мақсади беҳтар намудани сифатнокии ғизо барои мардуми Тоҷикистон таҳия менамояд, пайравӣ менамояд. UNICEF ва USAID ҳамчун шарикон/маблағгузорони ширкати Тоҷикистон дар ин ташаббуси байналмиллалӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар муддати ду соли охир, фаъолиятҳои USAID маҳсулнокии хоҷагиҳои хурди деҳқониро беҳтар намуда, ба имкониятҳои хонавода дар парвариш кардан ва истеъмол намудани ғизои босифат тақвият бахшиданд. Бо бартараф намудани монеаҳо дар ба даст овардани дониши тоза оид ба масоили кишоварзӣ, дастрасӣ ба бозор, истифодаи сармоя ва дигар масоили молиявӣ, оилаҳои деҳоти тоҷик, минҷумла онҳое, ки таҳти сарварии занон қарор доранд дар қитъаи замини хурд ва заминҳои наздиҳавлигӣ миқдори зиёди маҳсулотро барои истеъмол хонавода ва барои фурӯш дар бозор парвариш карданд. Дастгирии мо системаи обёрӣ ва ҳуқуқи истифодаи заминро аз ҷониби хоҷагиҳои фермерии хурд беҳтар намуда,имкониятҳои парвариши меваю сабзавотро густариш дода, хоҷагиҳои фермериро ба имкониятҳои нави тиҷорат пайваст намуд.
Таҳдидҳои умум ва чолишҳо
Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон дорои манофеи муштараканд, чун мо бо таҳдидҳои умумӣ дар шакли терроризми трансмиллӣ, ифротгароии хушунатомез ва қочоқи маводи мухаддир рӯ ба рӯ мешавем. Гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир – ин таҳдиди бузургест ба Осиёи Марказӣ ва берун аз он. Даромад аз маводиои мухаддир гурӯҳҳои ифродгароро маблағгузорӣ намуда, ба фасод ва қонунвайронкуниҳо дар давлатҳои транзитӣ мусоидат мекунад.
Тоҷикистон дар таъмини сулҳу суббот дар минтақа ва дар мубориза алайҳи таҳдиди ифротгарои хушуматомез нақши асосӣ мебозад. Бо мақсади дастгирии Тоҷикистон дар мубориза алайҳи таҳдиди қочоқи маводи мухаддири наздисарҳадӣ, Дафтари байналмилалии назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Департаменти давлатии ИМА ташаббуси зидди маводи мухадирро дар Осиёи Марказӣ таҳия намуд. Мақсади ташаббуси мазкур – вайрон кардани маҷрои маводи мухаддир аз Афғонистон ва пароканда намудани парокандасозии созмонҳои ҷиноятии муташаккили трансмиллӣ. Мо ба мақомоти Тоҷикистон дар тафтиш намудан, таъқиб ва маҳкум кардани қочоқбарони маводи мухаддир кӯмак расонидем. Инчунин ба Ҳукумати Тоҷикистон дар омода намудани гурӯҳҳои мақсаднок оид ба мубориза алайҳи маводи мухаддир ва беҳтар намудани имкониятҳои судиву ва тафтишотӣ онҳо кӯмак расонидем.
Департаменти мудофиаи Иёлоти Амрико қувваҳои зиддитерористии Тоҷикистонро бо таҷҳизот таъмин намуда, омӯзишҳо ва семинарҳои стратегиро марбут ба мубориза алайҳи терроризм баргузор намуд. Гузаронидани барномаи степендиявии зиддитерористӣ ба такмили малакаи мутахассисони ин соҳа мусоидат намуд. Илова ба ин, Фармондеҳии марказии Департаменти мудофиа зиёда аз 100 миллион доллари амрикоиро барои сохтмони постбонгоҳҳои сарҳадӣ, гузаргоҳҳои гумрукӣ, омӯзондан ва бо таҷҳизот таъмин намудани нерӯҳои амнияти Тоҷикистон бо мақсади мамониати таҳвили маводи мухаддир ҷудо намудааст. Нерӯҳои амнияти Тоҷикистон таҷҳизоти алоқаи аз ҷониби ИМА таъмин гардидаро барои муайян намудан, назорат кардан ва эҷод кардани монеа ба қочоқбарандагони маводи мухаддир истифода хоҳанд бурд.
Аз оғози таъсис ёфтан, Барномаи Департаменти давлатӣ оид ба мусоидат ба мубориза алайҳи терроризм, 1276 нафар кормандони полис, мутахассисони соҳаи амниятро аз Агентии назорати маводи нашъаовар, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиа гражданӣ, Вазорати корҳои дохилӣ омӯзониданд.
Роҳ ба сӯи оянда
Пешгӯи кардани мавқеи Тоҷикистон баъди даҳсолаҳо мушкил аст. Таъсис додани манбаҳои боэътимод ва дастраси нерӯи барқ, коҳиш додани монеаҳо дар раванди тиҷорат бо кишварҳои ҳамсоя, баланд бардоштани маҳсулоти кишоварзӣ, мубориза алайҳи транзити ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқу аслиҳа ва террористон унсурҳои муҳим ояндаи дурахшону устувори Тоҷикистон мебошанд. Сатҳи пасти фасод ва шаффофияти бештар дарҳоро барои сармояи хориҷӣ боз мекунад. Таъсиси устувори волоияти қонун ва тобеият, идоракунии комилҳуқуқ эҳтимолияти сармояи хориҷиро меафзояд. Густариш додани имкониятҳои омӯзишӣ барои насли ояндаи Тоҷикистон, инчунин фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои занон дар бунёд намудани ояндаи дурахшон ва устувор барои халқи тоҷик омилҳои муҳим мебошанд. Мо муносибатҳои дуҷонибаи устуворамонро баланд қадрдонӣ намуда, барои Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми он ҳамчун шарики содиқ боқӣ хоҳем монд.Ҳамкории зичи худро бо дӯстони тоҷик ҷиҳати мусоидат намудан ба сулҳу субот, таъмини амният, рушди иқтисод на танҳо барои мардуми Тоҷикистон балки ба Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа низ давом хоҳем дод.
[1] “Муҳоҷирони тоҷик бо манъи воридшавии дубора ба Федератсияи Руссия дучор шуданд” Созмони байналмилалии муҳоҷират, с. 2014.
[2] Изҳорот оид ба бозёфтҳо ва хулосаҳои Миссияҳои нозирони интихоботии Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Интихоботи парлумонӣ, 1 марти соли 2015.