Табрикоти Сафир Поммершайм ба муносибати 30-солагии равобити дипломатии ИМА ва Тоҷикистон

Душанбе, Точикистон, 19 феврали соли 2022 – Расо сӣ сол пеш дар ин рӯз, Иёлоти муттаҳида ва Тоҷикистон робитаҳои дипломатии худро расмӣ карданд. Аз он замон мо равобити дуҷонибае эҷод кардаем, ки бо он ифтихор мекунем. Аз ибтидо то кунун Иёлоти Муттаҳида ҳамвора аз истиқлол, ҳокимият ва тамомияти арзии Тоҷикистон ҳимоят кардааст. Ду миллати мо ин робитаи фаъолро эҷод кардаанд. Табибони Иёлоти муттаҳида ва Тоҷикистон ба якдигар дар табобати беморон кумак кардаанд, сарбозон ва неруҳои амниятии мо бо ҳам омӯзиш дидаанд, дипломатҳои мо бо ҳам мушкилотро ҳал кардаанд, навозандагони мо якҷоя мусиқӣ эъҷод кардаанд, деҳқонони мо бо ҳам кишоварзиро беҳбуд бахшидаанд, соҳибкорони мо тарҳоеро бо ҳам иҷро карданд ва муаллимону мураббияҳои мо бо ҳам ба насли оянда кумак кардаанд.

Мо дар шодиву ғам дар канори ҳам будем. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Иёлоти Муттаҳида ба маблағи 178 миллион доллар ба мардуми Тоҷикистон ғизо ва кумакҳо барои рушд расонидааст.  Аз он замон то кунун мо беш аз 100 мактабро таъмир ё бозсозӣ карда, ба кишоварзон барои афзоиши ҳосилнокӣ кумак расонида, саломатии кӯдаконро беҳбуд бахшидем. Барои сохтани ояндаи равшани насли оянда мо 1.6 миллион китоб дар ихтиёри донишомӯзон қарор дода, тақрибан 30000 муаллими мактабро омӯзиш додаем.  Барои ҳифзи саломатии аҳолӣ беш аз 2.6 миллион воя ваксинаи зидди COVID-19-ро ба мардуми Тоҷикистон пешниҳод кардем.  Ин ваксинаҳо ҳаёти инсонҳоро наҷот медиҳанд. Барои ҳифзи амният ва истиқлоли Тоҷикистон мо 27 иншооти марзиро таҷдиду бозсозӣ карда ва ба маблағи беш аз 330 миллион доллар барои бахши амният кумак ироа кардем.

Мо аз амният ва шукуфоии Тоҷикистон ҳимоят карда, таърихи ғании шуморо гиромӣ доштаем. Аз замони кумак ба тармими муҷассамаи “Будои хобида” дар Осорхонаи миллии Душанбе дар соли 2001, мо то кунун 17 лоиҳаи ҷудогонаро барои кумак ба коршиносону мутахассисони тоҷик дар ҳифзу бозсозии мероси фарҳангии Тоҷикистон, сармоягузорӣ кардаем. Соли гузашта ба унвони бахше аз чорабиниҳои бахшида ба 30 солагии равобити дуҷониба, ифтихорманд будам, ки бо кумаки бостоншиносони тоҷик лоиҳаи навро барои ҳифзи шаҳри қадимаи Панҷакент, роҳандозӣ кунам.

Муносибатҳои мо бар асоси эҳтироми мутақобил ва мушорикат бино шудааст. Мо бо ҳам қавитар ҳастем ва бо ҳам ба пеш меравем.  Ба ҳамин далел шиори 30-юмин солгарди равобити Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон “Якҷоя ба пеш” аст! Ба якояки шумо ман амиқтарин таҳсину табрикоти самимонаи худро ба муносибати 30-юмин солгарди дӯстии мо баён мекунам. Мо бесаброна ин фурсатро интизорем, ки марҳилаи 30-солагии равобитро дар тӯли сол бо шумо ҷашн бигирем. Дар соли 1992 аввалин раҳбари маъмурияти мо дар Тоҷикистон, Кордори сафорат Эдмунд МакВилямс чунин гуфта буд: “Зинда бод дустии байни мардумони Амрико ва Точикистон!”

Эзоҳ:
Рузшумори 30 соли равобити ИМА ва Тоҷикистон – https://bit.ly/3H8daUw
Беҳтарин аксҳо аз 30 соли равобити Амрико ва Тоҷикистон – https://bit.ly/3EhptfD