Пас аз омӯзиши забони русӣ дар донишгоҳ дар давраи ҷанги сард, Ҷон Марк Поммершейм аз фурсати муносиб истифода бурда, тавассути барномаи мубодила ба Маскав рафт, ки он гоҳ Михаил Горбачёв роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Шавқу рағбати ӯ нисбат ба фарҳанг, адабиёт ва забонҳо дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ӯро водор сохт, ки забонҳои русӣ ва чиниро омӯзад. Дар давраи донишҷӯӣ, ӯ муҳим мешуморид, ки кишварҳо якдигарро беҳтар фаҳманд ва роҳҳои ҳалли ихтилофҳо ва мушкилоте, ки дар ҷаҳон рӯ ба рӯ мешаванд, ёбанд, ки ҳамаи ин ӯро ба карераи дипломатӣ оварда расонд. Ниҳоят, имконияти ҳамчун муттахасис бо мушкилоти умдаи байналмилалӣ сарукор гирифтан, ӯро ба минтақаи Авруосиё ҷалб кард ва дар он ҷо ӯ ба ҳайси Сафири ИМА дар Тоҷикистон акнун кору фаъолият менамояд. Маҷаллаи OCA дар ин бора маълумоти бештар гирифт.
ОCA: Шумо дар соҳаи кор бо кишварҳои Авруосиё таҷрибаи бой доред. Аввалин таассуроти шумо дар бораи минтақа ва фарҳанги он чӣ гуна буд?
ҶМП: Ҳангоми таҳсил дар Маскав ман аз фурсат истифода бурда, дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ сайр кардам. Ман бо бисёр одамон вохӯрдам ва онҳо ба назарам кушод ва манфиатдор менамуданд Он замон, вақте ки аз Маскав ба Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва дигар минтақаҳо сафар мекардам, аз фарқиятҳои фарҳангӣ ва дигар тафовутҳои байни онҳо мавҷудбуда дар ҳайрат мондам. Пас аз он ман имконият пайдо кардам, ки дар охири солҳои 80-ум дар Тошканди Ӯзбекистон, дар намоишгоҳи ИМА якчанд моҳ кор кунам ва имкон пайдо кунам, ки бо Осиёи Марказӣ аз наздик шинос шавам.
OCA: Шумо дар Тоҷикистон кадом хусусиятҳоро мушоҳида кардед, ки аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ фарқкунанда мебошанд?
ҶМП: Ба фикри ман Тоҷикистон фарҳанги беназир ва аҷоиб дорад. Шоирон, ба мисли Румӣ ва Рӯдакӣ, хеле машҳуранд ва мусиқӣ дар инҷо, аз мусиқии попи анъанавӣ то мусиқии муосир хеле форам ҳастанд ва гӯш кардани онҳо хеле гуворо аст. Тоҷикистон як кишвари аграрист, ки дорои меваю сабзавоти аъло аст: як хӯрок, ки ба ман махсусан писанд аст, қурутоб мебошад, ки сабзавотро бо нон дар табақ бо йогурт (чакка) омехта мекунад.
OCA: Самтҳои асосии ҳамкории иқтисодӣ ё тиҷоратии Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон кадомҳоянд?
ҶМП: Савдои мустақим байни Тоҷикистон ва ИМА нисбатан маҳдуд аст, аммо робитаҳои муҳими тиҷорӣ, аз ҷумла Comsup Commodities Inc. як ширкати амрикоист, ки бо истихроҷи маъдан кор мекунад, Coca-Cola ва Mountain Foods аст, ки дар минтақаи дурдасти шарқии Тоҷикистон аз картошкаи органикӣ чипсро истеҳсол мекунад. Ғайр аз ин, Палатаи савдои Амрико фаъолияти худро дар Тоҷикистон, бо ҷалб намудани якчанд ширкати дигари амрикоӣ, ки дар соҳаи рушди меҳмонхонаҳо ва пешниҳоди хизматрасониҳои машваратӣ кумак мерасонанд, васеъ менамояд.
Мо машваратро бо намояндагони тиҷорати Амрико дар бораи имкониятҳо дар Тоҷикистон идома медиҳем. Бо мустаҳкам шудани робитаи байни давлатҳои Осиёи Марказӣ, мо интизорем, ки бозор барои сармоягузорони байналмилалӣ ҳарчи бештар ҷолибтар хоҳад шуд, ки ин метавонад ба рушди иқтисодӣ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар тамоми минтақа оварда расонад.
Мо бо ҳукумати Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳамкории зич дорем. Корпоратсияҳои амрикоӣ ва байналмилалӣ кафолати шароити баробарро мехоҳанд, то ки сармоягузории онҳо бо волоияти қонун ҳифз карда шавад.
OCA: Ба назари шумо, Тоҷикистон бояд дар рушди кадом соҳаҳои афзалиятнок бо Иёлоти Муттаҳида ҳамкорӣ намояд?
ҶМП: Ба фикри ман Тоҷикистон бо роҳи сиёсати дарҳои боз барои ҳамкорӣ бо бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида, пеш гирифтан роҳи дурустро қабул кардаст. Тоҷикистон кишвари дорои зебои табиии аҷибест ва ман фикр мекунам, ки амрикоиҳои зиёде мехоҳанд ба онҷо ташриф оранд, зеро шароитҳо барои сайри сайёҳт дар кишвар беҳтар гардиди истодаанд. Иёлоти Муттаҳида талошҳои рушди сайёҳии Тоҷикистонро тавассути барномаҳои мушаххас, аз қабили омӯзиши забони англисӣ барои роҳбаладони сайёҳӣ, идоракунии меҳмонхонаҳо ва омӯзиши маркетинг, инчунин кумак дар насби аломатҳои роҳнамо барои меҳмонон ба ҷойҳои сайёҳӣ, дастгирӣ мекунад.
Самти дигари калидии ҳамкориҳои дуҷонибаи мо бахши энергетикӣ мебошад. Ҳукумати мо афзоиши содироти нерӯи барқро аз Тоҷикистон, тавассути лоиҳаи интиқоли нерӯи барқ CASA-1000 ва бозори минтақавии барқ барои васеъ намудани савдо ва, дар ниҳоят арзон кардани нархи нерӯи барқро дастгирӣ мекунад. Ғайр аз он, ширкати амрикоии GE дар лоиҳаҳои энергетикии миллӣ ва минтақавӣ кор мекунад ва мо умедворем, ки барои пешрафти ширкатҳои амрикоӣ имкониятҳои боз ҳам калонтар ба даст меорем.
OCA: Оё ягон барномаи сафорати ИМА барои дастгирии суботи сиёсӣ ё иқтисодӣ, ё тарғиби фарҳанг ва маориф дар Тоҷикистон вуҷуд дорад?
ҶМП: Ҳукумати ИМА аз соли 1992 инҷониб ба Тоҷикистон 1,9 миллиард доллар кумак, аз ҷумла беш аз 200 миллион доллар барои амният ва беш аз 5 миллион доллар барои мубориза бо COVID-19 кӯмак кардааст. Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) барномаҳои бисёрсолаи дастгирии бахши иқтисод (56 миллион доллар), тандурустӣ (30 миллион доллар), демократия ва идоракунӣ (14,4 миллион доллар) ва маориф (20 миллион доллар) -ро амалӣ мекунад.
Мо тавассути рушди лоиҳаҳои сершумор оид ба кӯмак ва таълим додани кишоварзони тоҷик рушди иқтисодӣ ва амнияти озуқавориро дастгирӣ менамоем, ҳамгироӣ ва суботи минтақаро тавассути лоиҳаҳои идоракунии об дар сатҳи кишвар ва сатҳи минтақавӣ, дастгирӣ менамоем.
Мо инчунин соҳаи маорифро тавассути курсҳои ройгони забони англисӣ барои садҳо донишҷӯён ва калонсолон дастгирӣ мекунем, 25 барномаи мубодила дорем ва ҳашт Маркази амрикоиро, ки дар саросари Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ва барои ҳазорон шаҳрвандон курсҳои ройгони забони англисӣ, гуманитарӣ, тиҷорат, журналистика ва технологияро пешниҳод мекунанд.
Мо мероси беназири фарҳангии Тоҷикистонро тавассути Хазинаи сафири ИМА оиди ҳифзи мероси фарҳангӣ, ки аллакай 17 лоиҳаро дар Тоҷикистон маблағгузорӣ кардааст, дастгирӣ мекунем.
OCA: Сафари Майкл Помпео ба Осиёи Марказӣ чӣ маъно дошт? Ҳадафи ин боздид чист ва оё мо метавонем дар оянда боздид аз Тоҷикистонро интизор шавем?
ҶМП: Котиби давлатӣ Помпео моҳи феврал ба Осиёи Марказӣ ташриф овард, то садоқати муштараки моро дар роҳи сулҳ, шукуфоӣ ва амният дар минтақа бори дигар таъкид намояд. Мо рӯҳбаланд аз он мешавем, ки панҷ кишвари Осиёи Марказӣ барои ҳалли мушкилоти умумӣ ҷамъ омадаанд ва хушҳолем аз он, ки онҳо сиғаи C5 + 1 -ро ҳамчун якдидан майдони муфид барои амали муштарак мебинанд.
Ҳадафи ИМА Осиёи Марказии устувор ва шукуфонро дидан мебошад, Осиёи Марказие, ки озодона манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амнияти худро бо шартҳои худ ва бо шарикони интихобкардааш амалӣ менамояд; Осиёи Марказие, ки бо бозорҳои ҷаҳонӣ пайваст аст ва барои сармоягузории байналмилалӣ боз аст; Осиёи Марказие, ки бо институтҳои қавии демократӣ, волоияти қонун ва эҳтироми ҳуқуқи инсон арзи вуҷуд дошта бошад. Тоҷикистон котиби давлатиро солҳои 2011 ва 2015 пазируфт ва ман мутмаинам, ки рӯзе боз як сафари дигар хоҳем дошт. Мо муколамаи фаъолро дар сатҳи олӣ идома медиҳем. Рӯзи 30 июн котиби давлатӣ Помпео муколамаи виртуалии C5 + 1 гузаронида, нишон дод, ки сарфи назар аз COVID-19 кори дипломатия идома дорад.
OCA: Фарҳанги Тоҷикистон аз фарҳанги Иёлоти Муттаҳида фарқ мекунад. Оё шумо чизе омӯхтед, ки шояд барои хонандагони мо, ки метавонанд аз кишварҳои Ғарб бошанд, қобили таваҷҷӯҳ бошад?
ҶМП: Ҳоло қабл аз ба ин кишвар омаданам, ман шунидам, ки муҳаббати Тоҷикистон нисбат ба шоиронаш ҳудуд надорад. Акнун ман боварӣ ҳосил кардам, ки ин дуруст аст. Ҳатто писаронам як таваҷҷӯҳи ғайричашмдошт пайдо карданд: вақте ки ман ба онҳо иқтибосҳо аз бузургон, ба мисли Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мефиристам, ба онҳо хеле писанд аст. Яке аз мисраҳои машҳури Рудаки чунин аст: «Ҳеҷ шодӣ нест андар ин аҳон, Бартар аз дидори рӯи дӯстон. Ҳеҷ талхӣ нест бар дил талхтар, Аз фироқи дӯстони пурҳунар”, – шояд ин мисраҳо ба мо дахл дорад, масалан, ба дипломатҳое, ки солҳои тӯлонӣ бо сафари корӣ дар дигар кишварҳо мебошанд.
Дар Тоҷикистон шеърро дар ҳама ҷо дидан ва шунидан мумкин аст: ҳатто вақте ки ҳамёнатонро мекушоед, шумо дар болои пулҳои кишвар шоиронро мебинед.
Ман инчунин ба таваҷҷӯҳи тоҷикон ба оила ва эҳтироми онҳо ба пиронсолон эҳтиром мегузорам, ки шояд баъзеҳо дар Иёлоти Муттаҳида аз ин огоҳ набошанд.
OCA: Шумо одатан вақти холии худро дар Душанбе чӣ гуна мегузаронед?
ҶМП: Тоҷикистон ҳамчун яке аз зеботарин кишварҳои ҷаҳон эътибори шоиста дорад. Ману ҳамсарам Наталя ба кӯҳҳои аҷиби кишвар рафтанро дӯст медорем. Ба ман омӯхтани забони тоҷикӣ низ маъқул аст: тоҷикӣ як забони аҷибест, ки дар асоси он забонҳои арабӣ, русӣ ва туркӣ мавҷуданд.
OCA: Дар асоси охирин рӯйдодҳои марбут ба пандемия дар ҷаҳон, кори шумо чӣ гуна тағир ёфт? Ва шумо бо кадом монеаҳои нав дучор шудед?
ҶМП: Пас аз хуруҷи ҷаҳонии COVID-19, кори мо ба таври назаррас тағир ёфт. Дипломатия иборат аз эҷоди муносибот аст ва дар ин асри дурии иҷтимоӣ, мо аксар вақт маҷбур мешавем, ки алтернативаҳо барои мулоқоти рӯ ба рӯ барои эҷод ва нигоҳ доштани шарикӣ пайдо кунем. Мо бояд дар истифодаи технологияҳо, ба мисли видеоконфронс тавассути платформаҳои сомонаҳои иҷтимоӣ, бештар эҷодкор бошем, аммо кори асосии намояндагии дипломатии мо идома дорад. Мо кумак ба шаҳрвандони Амрикоро дар хориҷа идома медиҳем, муносибатҳои мустаҳками дуҷонибаро таҳким мебахшем ва мубодилаи таълимӣ ва фарҳангиро тавассути платформаҳои маҷозӣ (виртуалӣ) идома медиҳем. Моҳҳои охир мо диққати худро ба кӯмак дар мубориза бо таъсири COVID-19 равона кардем. Аз моҳи март то инҷониб, ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон барои таъмини таҷҳизоти зарурии тиббӣ, гузаронидани озмоишҳо, омӯзонидани кормандони тиб, таъминоти таҷҳизоти муҳофизатии шахсӣ ва дастгирии гурӯҳҳои осебпазир, аз қабили муҳоҷирони меҳнатӣ, ба Тоҷикистон беш аз 5 миллион доллар кумак кард. Иёлоти Муттаҳида бо Тоҷикистон ва тамоми кишварҳои минтақа ҳамкории зич дорад, то ба одамоне, ки аз таъсири коронавирус ранҷ мебаранд, кумак кунад. Дар якҷоягӣ мо ин бӯҳронро паси сар хоҳем кард.