Муҳтарам Президент Раҳмон,
Чун мо ба ҷашни иди хуҷастаи Наврӯз наздик мешавем, мехостам ба Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистон аз номи кормандони Сафорати ИМА дар Душабе, иди саршор аз хурсандиро орзу намоям.
Ман ҳамчун Сафир аз он шодам, ки метавонам ба Шумо, Ҷаноби
Президент, номаи табрикотии Президент Ҷозеф Р. Байденро ба ин муносибат расонам.
Наврӯз замони таҷдид, эҳё ва ҳамзамон, фурсати андеша дар бораи гузашта ва оянда мебошад. Тавре президент Байден мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон дар тули 30 соли охир таърихи ғании ҳамкорӣ доранд. Муносибатҳои дуҷонибаи мо шарикии судманд ва ҳақиқӣ мебошанд. Иёлоти Муттаҳида соҳибихтиёрии Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, ҷонибдори ҳамкории муттақобила мебошад, ки амният, субот ва шукуфоии мардуми тоҷикро таъмин менамояд.
Чун мо соли нав ва рӯзи навро, ки Наврӯз онро муаррифӣ менамояд, ҷашн мегирем, итминони комил дорам, ки рӯзҳои беҳтаре моро дар пеш аст. Боварӣ дорам муносибатҳои васеъ ва амиқи мо минбаъд низ ба манфиати дуҷонибаи мардуми Тоҷикистон ва Амрико, густариш хоҳанд ёфт.
Бо камоли эҳтиром,
Сафир
Ҷон Марк Поммершайм
9-уми марти соли 2021
Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳтарам ҷаноби Президент,
Ман мехоҳам ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон Наврӯзи осоишта, шодмон ва шукуфон таманно намоям.
Соли ҷорӣ Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон 30-солагии шарикӣ ва ҳамкориро ҷашн мегиранд. Мо дар мубориза бо терроризм, пандемияи COVID-19 ва сохтани ояндаи беҳтар барои мардуми кишварҳоямон якҷоя ҳамкорӣ кардаем. Дастгоҳи иҷроияи ман умедвор аст, ки бо кишвари Шумо дар соли оянда ҷиҳати баррасии масъалаҳои амнияти умумӣ ва амиқтар намудани ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳимоят аз талошҳо барои сулҳ дар Афғонистон, ҳамкорӣ хоҳад кард. Мо инчунин умедворем, ки нишасти қолаби «С5+1»-ро, ки панҷ сол муқаддам таҳти роҳбарии Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ оғоз ёфта буд, идома диҳем.
Таманниёти беҳтарини худро ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон ба муносибати ин соли нав ва баҳори нав мерасонам.
Бо камоли эҳтиром,
Ҷо Байден