Изҳороти Сафир Ҷон Марк Поммершайм ба муносибати 75-умин солгарди анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ

Дар санаи 2-юми сентябри соли 1945 Ҷопон шартҳои таслимшавиашро ба давлатҳои ҳампаймон имзо намуда, ҳамин тариқ ба маргбортарин ҷанги таърихи инсоният – Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ хотима бахшид.  Имрӯз мо 75-умин солгарди ғалабаи муштаракамонро дар ин низои ҷаҳонӣ, ки дар он мардуми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон ҳамчун шарикон меҷангиданд, ҷашн мегирем.  Иёлоти Муттаҳида дастигриашро ба давлатҳои ҳампаймон дар соли 1941 тавассути Барномаи иҷораи қарзӣ шурӯъ намуд, ки дар чорчӯбаи он ба Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳаҷми муодили имрӯза 180 миллиард доллари ИМА кумаки муҳими низомӣ пешниҳод гардид.  Кумаки мазкур аз 14 ҳазор ҳавопаймо, 3 ҳазор танк ва 400 ҳазор ҷипу мошинҳои боркаш иборат буд.  Дар натиҷаи ҳамкории мо вохӯрии машҳури сарбозони амрикоӣ ва шӯравӣ дар назди дарёи Элба дар Олмон ба вуқӯъ пайваст.

16 миллион шаҳрвандони Амрико аз соли 1941 то соли 1945 дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ хизмат карда, дар уқёнуси Ором, Аврупо ва Африқои шимолӣ меҷангиданд ва зиёда аз як миллиони онҳо ба ҳалокат расиданд. Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон дар гиромидошти хотираи сарбозони қурбоншуда ва зиёда аз 70 миллион одамоне, ки дар ин ҷанг ҷон бохтанд, аз ҷумла миллионҳои бисёре, ки дар урдугоҳҳои консентратсионӣ кушта шуданд, муттаҳид ҳастанд.  Дар вақти ин ҷанг ҷаҳон шоҳиди ҷиноятҳои ваҳшиёна шуд ва мо бояд ҳамеша кӯшиш кунем, ки ҷаҳонро аз ин гуна таҳқирот бар зидди башарият раҳонем. Иёлоти Муттаҳида дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ барои ҳифзи ҳудуд ва шарикони худ, ва инчунин барои ҳимояи ҳуқуқи башар бар зидди қувваҳои харобиовари фашистӣ ва милитаризм мубориза мебурд.

Дар баробари он ки ин ҷанг ходисаи харобиовартарин дар таърихи инсоният ба ҳисоб меравад, он инчунин ба муттаҳидшавии давлатҳо мусоидат намуд.  Созмони Милали Муттаҳид, Бонкӣ ҷаҳонӣ ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар натиҷаи ҳамин ҷанг ба вуҷуд омаданд, ва ба ҳифзи сулҳу озодӣ тавассути ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомӣ мусоидат намуданд.  Саъю кӯшиши пайвастаи мо барои такмил додани ниҳодҳои байналмилалиамон ва бунёд намудани арсаҳои дигари ҳамкорӣ хеле муҳим аст.

Мардуми Амрико то ҳол ба кишварҳои рӯи ҷаҳон ҳар сол 45 миллиард доллари ИМА барои дастгирӣ кардани рушди иқтисод, суботи сиёсӣ ва ҳимояи ҳуқуқи башар тақдим мекунад.  Ҳамчунин Ҳукумати ИМА барномаҳои мубодилаи таҳсили байналмилалиро ба хотири беҳтар намудани якдигарфаҳмии одамон, ки барои сулҳомезона бартараф намудани фарқиятҳо байни мо ва дар якҷоягӣ сохтани ояндаи дурахшон мусоидат мекунад, дастгирӣ менамояд.

Дуруст аст, ки мо рӯзи 2-юми сентябри соли 1945-ро ҳамчун Рӯзи ғалабаи бузург таҷлил мекунем, лекин мубориза барои нигоҳ доштани ин ғалаба ҳеҷ гоҳ тамом намешавад.  Ҳоло бошад мо бар зидди таҳдидҳои терроризм ва таҷовузи ҳарбӣ меҷангем ва ҳамроҳ бар зидди пандемияи ҷаҳонии COVID-19 мубориза мебарем.  Албатта Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида дар ин мубориза низ муттаҳид ҳастанд ва мо ин мусибатро ҳамроҳ мағлуб хоҳем кард.

Имрӯз мо миллионҳо қурбонону қаҳрамонони Ҷанги дуюми ҷаҳониро гиромидошт мекунем ва ба аскарон, пешвоёну ҳамватанони худ, ки барои ғалабаи муштаракамон бо ҷонфидоии бузург саҳм гузоштанд, изҳори сипос мекунем.  Азобу уқубат ва музаффариятҳои шумо ҳеҷ вақт фаромӯш нахоҳад шуд. Мо хотираи шуморо бо эҳтиром ёдоварӣ мекунем.