Ба ифтихори Рӯзи ҳуқуқи башар, ман мехоҳам барандагони ҷоизаҳои ҳуқуқи инсонро, ки аз ҷониби Идораи ҳуқуқи инсон бо дастгирии Сафорати ИМА тақдим карда мешаванд, табрик намоям: ташкилоти ғайридавлатии “Ташабуси Ҳуқуқӣ”, рӯзноманигори хабаргузории Азия-Плюс Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва хабарнигор Маҳпора Киромова. Ин ҷоизадорон барои ҷалби диққат ба муборизаҳои одамони камбизоат дар ҷомеа ва дастгирии онҳо пешниҳод карда шуданд.
Ҳукуматҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, рӯзноманигорон ва шахсони алоҳида ҳама дар ҳимояи ҳуқуқи инсон нақш мебозанд. Иёлоти Муттаҳида ҳомиёни ҳуқуқи башарро дастгирӣ менамояд ва мунтазам ҳукуматҳоро даъват мекунад, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандони худро ҳимоя кунанд.
Ҳамаи мо бояд кӯшиш кунем, ки принсипҳои Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсонро, ки Созмони Милали Муттаҳид дар ин рӯз, соли 1948 қабул кардааст, риоя намоем. Тоҷикистон ба Паймони Байналмилалии СММ оид ба шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи сиёсӣ имзо гузоштааст, ки аз кишварҳо талаб мекунад, ки ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла озодии сухан, эътиқод, гирдиҳамоӣ ва ҳуқуқ ба мурофиаи одилонаро ҳимоя намоянд. Ба назари ман, новобаста аз ҷои зист, ҳамаи мо бояд дар беҳтар намудани ҳуқуқи башар барои шаҳрвандони ҷомеаҳоямон фаъолият кунем,” – Сафир Ҷон Марк Поммершайм.