Душанбе, Тоҷикистон, 29 марти соли 2019 – Барои истиқболи гарм ташаккур мегӯям, Фейзо. Иёлоти Муттаҳида ба ҳайси узви САҲА ҷонибдори аҳамияти ҳамкории наздик ва ҳамоҳангии иқдомҳои мост. Конференсияи имрӯза ба ман аввалин имкониятро барои гирд овардани ҳамкорон аз ҷомеаи байналмилалӣ, ҳамчунин аз Ҳукумати Тоҷикистон фароҳам мекунад, то дар бобати масъалаи аҳамияти дуҷонибаи мубориза бо ифротгароии хушунатомез (МИХ) ҳамкорӣ намоем.
Иёлоти Муттаҳида дар кори таҳияи ташаббусҳои МИХ бо шарикони давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҳамкории наздик дошт, ки мақсади он маҳдуд кардани ҷалби аҳолӣ ба гурӯҳҳои террористӣ тавассути коҳиш додани шавқмандию дастгирии ифротгароии хушунатомез аст.
Кӯшишҳои МИХ бар пояи ин фарзия асос ёфтаанд, ки нерӯи муҳаррики ифротгароии хушунатомез ба шароитҳои хос вобаста аст ва метавонад аз набуди имкониятҳои иҷтимоию иқтисодӣ, дарки беадолатӣ, ҷудоӣ аз ҷомеа (маргинализатсия) ва табъиз, ҳукуматдории заиф, нақзи ҳуқуқи башар ва ҳокимияти қонун, ва ё бадрафторӣ дар маҳбасҳо иборат бошад.
Дар аксарияти ин мубоҳисаҳо фикри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амниятӣ бартарӣ дорад, ки ба назорати ҳарчи пурзӯр ва чораҳои бештар маҳдудкунанда нисбати гурӯҳҳои мушаххас, ба монанди ақалиятҳои мазҳабию қавмӣ даъват мекунанд. Ба маънии густурдатар, Тоҷикистон нисбати тақрибан ҳама намудҳои фаъолияти осоиштаи баёни эътиқоди динӣ маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ кардааст, ки манъи масҷидравии кӯдакони ноболиғ ё дарёфти таҳсилоти расмии динӣ аз ҷумлаи онҳост. Ҳарчанд, дар аксари мавридҳо, рӯйкардҳои шадид ба ҷои муқобила бо ифротгароӣ, баръакс метавонад боиси норозогии бештар ва шиддат гирифтани радикализму ифротгароии хушунатомез шавад.
Ташаббусҳои МИХ-и ИМА дар ҷаласаҳо бо мақомоти расмии давлатӣ ба аҳамияти эҳтироми озодии динӣ, нақши муколамаҳои байнимазҳабӣ дар мубориза бо таҳаммулнопазирии динӣ ва ифротгароии хушунатомез таъкид мекунад.
Таъмини дастгирии байналмилалии фаъолиятҳои МИХ бо ҳамкории шарикони мо ҷанбаи муҳими сиёсатгузории зиддитеррористии ИМА гаштааст, ба монанди ташаббусҳои чандҷонибаи Нақшаи фаъолиятҳои Котиби Генералии СММ бо мақсади пешгирии ифротгароии хушунатомез, нишасти роҳбарони СММ оид ба МИХ дар соли 2015, ва лоиҳаи муштараки Форуми ҷаҳонии зиддитерроризми гурӯҳи C5+1 (GCTF).
Доираи густариши лоиҳаҳои мо дар Тоҷикистон, аз лоиҳаҳои рушди USAID ба маблағи 14 миллион доллари ИМА дар соҳаи иқтисод ва таъмини имкониятҳои шуғли аҳолӣ, ки ба коҳиши хатари ифротгароӣ мусоидат мекунад то ба таъмини таҷҳизоти баландсифат, сохтмон ва омӯзиш ба маблағи 20 миллион доллари ИМА тайи соли гузашта барои тақвияти қобилиятҳои неруҳои амниятиро фаро мегирад.
Тавассути дастгирии барномаи Милисаи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ Сафорати Амрико ҳокимияти қонун ва тақвияти муносибатҳои байни милиса ва ҷамоатҳои маҳаллиро дар амри пешгирӣ ва мубориза бо ифротгароии хушунатомез пеш мебарад.
Соли гузашта, барои дастгирии кӯшишҳои МИХ дар Тоҷикистон, Сафорат ба ироаи пешниҳодҳо аз ҷониби ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои дастгирии фикру пешниҳодҳои пешқадами аҳолӣ даъват намуд. Ин ташкилоҳо дар ҳамоҳангӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон барои боло бурдани сатҳи огоҳии мардум, ҷалби ҷавонон ба ин амр ва таълими маҳоратҳои иртиботӣ махсусан ба ҷамоатҳои осебпазир кор мекунанд. Мо ба наздикӣ даъвати дигареро барои ироаи пешниҳодҳо эълон кардем ва интизори фикру ақидаҳои пешрави ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон барои бартараф кардани ин мушкилии печида ҳастем.
Ҳамкориҳо ва ташаббусҳои чандҷонибаи мо ба эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмии тарафайн асос ёфтааст, ки хеле муҳим мебошад. Мо ба кӯшишҳои шарикони худ, ба монанди Тоҷикистон, дар пешбурди ин барномаи густурда ва чандҷонибаи МИХ сипосгузорем ва омодаи ҳамкориҳои минбаъда дар мубориза бо ифротгароии хушунатомез ҳастем.
Ташаккур!