Рӯзшумори 30 соли равобити ИМА ва Тоҷикистон

25 декабри соли 1991:  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт.

14 феврали соли 1992:  Вазири умури хориҷии ИМА Ҷеймс Бейкер III ва раисҷумҳури пешини Тоҷикистон Раҳмон Набиев дар дидор дар Душанбе барои роҳандозии равобити дипломатӣ тавофуқ карданд.

19 феврали соли 1992:  Раисҷумҳури пешини ИМА Ҷорҷ Буш қарори давлат барои роҳандозии равобити дипломатӣ миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъйид ва эълом кард.

13 марти соли 1992:  Сафорати ИМА дар Душанбе корашро бо сарпарастии Кордори муваққат Эдмунд МакВилямс, ҳашт корманди амрикоӣ ва 16 корманди тоҷикистонӣ оғоз кард.

16 марти соли 1992:  ифтитоҳи расмии Сафорати ИМА дар Душанбе дар ошёнаи чаҳоруми меҳмонхонаи «Октябрская» (ҳамакнун меҳмонхонаи «Авесто»).

1 июли соли 1992:  ИМА ва Тоҷикистон барои роҳандозии равобити тиҷорӣ созишнома имзо карданд, ки имкони ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, бозаргонӣ, сармоягузорӣ, бонкдорӣ ва бунёди корхонаҳои муштаракро фароҳам кард.

Моҳи июли соли 1992:  нахустин сафири ИМА дар Тоҷикистон – Стэнли Эскудеро ба Душанбе омад.

Аз апрел то сентябри соли 1992:  кормандони Сафорати ИМА ҳар ду-се ҳафта барои мардуми Тоҷикистон бо ҳавопаймо хӯрокворӣ ва дору интиқол медоданд. Масъулини сафорат панҷ то ҳашт боркашонро аз гузаргоҳҳое мегузаронданд, ки нерӯҳои Давлатӣ ва мухолифин дар роҳҳо сохта буданд, то ба бемористонҳо ва хонаводаҳои ниёзманд бирасонанд.

Аз соли 1992 то кунун:  Ҳукумати ИМА аз соли 1992 то кунун ба мардуми Тоҷикистон ба маблағи 75 миллион доллар кумаки башардӯстона, аз ҷумла хӯрок, пӯшок, дору, таҷҳизоти пизишкӣ ва ҳамчунин кумаки молӣ расондааст.

Аз соли 1992 то кунун:  Ҳукумати ИМА 130 миллион доллар кумак ба кишоварзони Тоҷикистон барои таъмини амнияти хӯрокӣ ва таъмини маъишати коргарон дар бахши кишоварзӣ ироя кардааст. Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба кишоварзон кумак карда то фурӯши маҳсулоти худро ба мизони 16 миллион доллар афзоиш диҳанд ва тақрибан 7 миллион доллар қарз ба кишоварзон додааст.

Аз соли 1992 то кунун:  Ҳукумати ИМА барои ҳифзи саломатии аҳолӣ ба Тоҷикистон беш аз 230 миллион доллар кумак расондааст.

Аз соли 1992 то кунун:  3400 нафар аз Тоҷикистон дар чорчӯби барномаҳои мубодилаӣ бо пуштибонии ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ба Амрико сафар кардаанд. Ҳукумати ИМА барои 188 донишҷӯи тоҷик барои дарёфти унвони илмӣ дар донишгоҳҳои Амрико ва Донишгоҳи Амрикоии Осиёи Марказӣ бурсия ҷудо кардааст. Афзун бар ин, 1228 тан аз раҳбарони кунунӣ ва ояндаи Тоҷикистон барои сафарҳои мутолеъотӣ тавассути барномаҳои табодулоти кӯтоҳмуддат ба Амрико сафар кардаанд.

25 октябри соли 1992:  кормандони Сафорати ИМА дар Душанбе ба далели даргириҳои шадид дар пойтахт маҷбур шуданд кишварро тарк кунанд.

20 марти соли 1993:  кормандони Сафорати ИМА ба Душанбе баргаштаанд ва фаъолияти одии худро аз сар гирифтанд.

Соли 1994:  Созмони мардумниҳоди амрикоии «Наҷоти кудакон» (Save the Children) 1,3 миллион доллар барои бозсозии хонаҳое ихтисос дод, ки дар ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Шаҳритус ва Кӯлоб, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ хароб шуда буданд.

Соли 1994: нахустин гурӯҳ аз донишомӯзон барои таҳсили яксола дар дабиристони амрикоӣ дар чорчӯби барномаи FLEX ба ИМА сафар кард. Аз он замон то кунун беш аз 930 шаҳрванди Тоҷикистон дар ин барнома ширкат кардаанд, ки ба ҳисоби миёна 37 донишомӯз дар солро ташкил медиҳад.

19 феврали соли 1995:  Сафорати ИМА барномаи ҳунарии дирижёри амрикоӣ Чарлз Ансбахерро дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ дар Душанбе баргузор кард.

Соли 1995:  бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон устоди улуми иқтисод Вилям Лер 8 моҳ дар Тоҷикистон ҳамчун мушовир кор кард. Ӯ дар поёни маъмурияти худ тавсияҳое ироя кард, ки ба Тоҷикистон дар гузор ба иқтисоди бозорӣ кумак кард.

Солҳои 1992 – 1997:  Ҳукумати ИМА ба маблағи 178 миллион доллар кумак ба Тоҷикистон расонд.

Солҳои 1992 – 1999:  Агентии USAID ба омӯзиши кормандони назарсанҷии интихоботӣ кумак кард ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиро бо мавод ва таҷҳизот барои баргузории интихобот таъмин кард.

Солҳои 1995 – 1998:  Агентии USAID ба Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи раванди хусусисозӣ дар кишвар мушовира дод.

Солҳои 1995 – 1999:  Сандуқи сармоягузории Амрико – Осиёи Марказӣ, ки USAID таъмини молӣ мекунад, беш аз 3 миллион доллар қарз ба корхонаҳои хусусии Тоҷикистон додааст.

Соли 1995:  Агентии USAID дар Душанбе Маркази ибтикорҳои тиҷориро ифтитоҳ кард то иттилоъоте ба корофаринони Тоҷикистон пешниҳод кунад ва ҳамчунин омӯзишҳоеро дар заминаи хусусисозӣ ва дигар мавзуъҳои иқтисодӣ барои кормандони калидии Давлат ироя диҳад.

Соли 1996:  Агентии USAID кумакрасонӣ ба шабакаҳои мустақили радиотелевизионӣ дар Тоҷикистонро оғоз кард ва барои беҳсозии кайфияти барномаҳо ва мудирият таҷҳизот, омӯзиш ва кумаки фаннӣ дар ихтиёри онҳо гузошт.

Солҳои 1996 – 1997:  Ҳукумати ИМА беш аз 68 ҳазор тонна гандумро ҳамчун кумаки башардӯстона дар ихтиёри Тоҷикистон қарор дод.

Соли 1997:  Иёлоти Муттаҳида аз раванди сулҳ дар Тоҷикистон бо миёнҷигарии СММ пуштибонӣ кард ва ҳамвора бо ҳар ду ҷониб дар музокирот ройзанӣ мекард. Пас аз имзои Созишномаи сулҳи Тоҷикистон, ИМА аз Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи байнулмилалии пул даъват кард, ки Тоҷикистонро бо вому кумакҳо барои бозсозӣ ёрӣ диҳанд. Агентии USAID ҳамчунин Шурои мусолиҳа ва Додгоҳи қонуни асосиро дар татбиқ ва поиши раванди сулҳ дар Тоҷикистон дастгирӣ кард.

Соли 1997:  Агентии USAID ба таҳияи барномае кумак кард, ки ба кишоварзон имкон медод қарзҳои хурд дарёфт ва қарзҳои худро аз тариқи кумакҳои ғайринақдӣ ба бемористонҳои маҳаллӣ, ятимхонаҳо ва дигар муассисаҳои мушобеҳ бозпардохт кунанд, ки дар натиҷа на танҳо барои корофаринон, балки барои гурӯҳҳои осебпазир низ судманд буд.

Соли 1997:  дар паи сар задани бемории домана дар Душанбе, USAID будҷаи таъмироти системи обрасонии шаҳрро таъмин кард то чунин буҳронҳои беҳдоштӣ пешгирӣ карда шаванд.

Аз соли 1997 то кунун:  Ҳукукмати ИМА барои насбу таъмири 3200 чоҳ, ки беш аз 235 000 касро дар саросари Тоҷикистон бо оби поки ошомиданӣ таъмин мекунад, 20 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Солҳои 1997 – 2000:  Агентии USAID шаш Маркази пуштибонӣ аз ҷомеъаи шаҳрвандиро дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Панҷакент ва Душанбе бунёд кард.

Соли 1998:  Чойхонаи «Боулдер-Душанбе» дар шаҳри Боулдери аёлати Колорадо ифтитоҳ шуд. Чиҳил усто аз чандин шаҳри Тоҷикистон орояҳои ин чойхонаро сохтанд, ки ҳадяи шаҳрдории Душанбе ба Боулдер буд.

Солҳои 1998 – 2000:  Агентии USAID кишоварзони манотиқи ҷангзадаро дар афзоиши тавлидоти кишоварзӣ кумак кард, ки тавонистанд дар ду сол ҳосили гандум ва картошкаро аз 3 то 4 баробар афзоиш диҳанд.

Солҳои 1998 – 2002:  Ҳукумати ИМА 307 ҳазор тонна хӯрокворӣ ба маблағи 137 миллион долларро дар ихтиёри Тоҷикистон қарор дод.

Солҳои 1998 – 2006:  тарҳҳое, ки USAID сармоягузорӣ карда, барои ҳамгироии беш аз 1200 размандаи пешин ва беҳбуди шароити зиндагии 140 000 хонавода дар минтақаҳои ҷангзада мусоидат кардаанд. Дар чорчӯби ин тарҳҳо бозсозии мактабҳо, дармонгоҳҳо, шабакаҳои обрасонӣ, каналҳои обёрӣ, манзил ва нерӯгоҳҳо сурат гирифт.

Солҳои 1998 – 2006:  Агентии USAID дар 400 рустои водии Рашт, вилоятҳои Суғд ва Хатлон барои рафъи манобеъи ташаннуҷ кор кард ва беш аз як миллион шаҳрванд аз имконоти тақрибан 740 тарҳи зерсохтие, ки бо ёрии USAID иҷро мешаванд, аз қабили таъмири мактабҳо ва марказҳои ҷавонон, дармонгоҳҳо, системҳои обрасонӣ ва ҷӯйҳои обёрӣ, баҳра бурданд. Ин ибтикорот хидматрасонии иҷтимоъиро беҳтар карда, 8000 ҷойи корӣ падид оварданд ва имконоти шаҳрвандонро барои мушорикат дар тасмимгирӣ барои тарҳҳои ҳаётан муҳим бештар карданд. Сафорат ҳамчунин бозсозии бемористони ноҳия, мактаби миёна, дастгоҳҳои обполо ва чаҳор шабакаи обрасонии деҳот дар минтақаи аз ҷанг осебдидаи Кӯлобро сармоягузорӣ кард, ки беш аз 118 000 шаҳрванд аз онҳо баҳра мебаранд.

Солҳои 1998 – 2017:  Давлати ИМА аз соли 2003 то кунун дар саросари Тоҷикистон сохт, таъмир ё бозсозии 117 мактаб ва 8 дармонгоҳу бемористонро сармоягузорӣ кардааст, тарҳҳои зерин аз он ҷумла ҳастанд: дармонгоҳҳо дар Нулванд ва Оби Теппа, мактаби №23 дар ҷамоати Сари Чашма, бемористони Қалъаи Хумб, дармонгоҳҳои рустоӣ дар Тавилдара ва Шаҳритус, зоишгоҳ дар Сари-Чашма, дармонгоҳи рустоӣ дар Корез, бемористони ноҳияии Хатлон, мактаби №19 дар ноҳияи Ҳамадонӣ, мактаби деҳотии Имом Муҳиддин дар ҷамоати деҳоти Ширинчашма дар водии Рашт, мактаби №39 дар Исфара, мактаби №44 дар Душанбе, мактаби №67 шаҳри Исфара, мактаби нобиноёни шаҳри Душанбе, кӯдакистони «Парасту», мактаб дар Шуғнон, мактаб дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, мактаби ибтидоии деҳаи Марҳамати ноҳияи Ашт, мактаби №31 шаҳри Исфара, мактаби миёнаи №5 дар Қалъаи Хумб, мактаб-интернати тавонбахшии саломат дар ноҳияи Рӯдакӣ, мактаби №49 дар шаҳри Бохтар, мактаби №10 дар ноҳияи Тавилдара, мактаб-интернати ноҳияи Қумсангир, мактаби миёна дар Лоҷирк, мактаби миёна дар ноҳияи Кӯлоб ва мактаб-интернати №1 дар Ғарм. USAID ҳамчунин ба таъсиси кумитаҳои бозсозии мактабҳо мусоидат карда, барои таъмири 69 мактаб сармоя ихтисос дод.

Соли 1999:  USAID иҷрои барномаҳо барои ҷавононро оғоз кард, ки ҳадаф аз он ёрирасонӣ ба осебдидагон дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон буд.

Соли 2000:  ширкати «Оби зулол» ҳамчун корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрико оғоз ба кор кард.

Аз соли 2001 то кунун: бо иҷрои тарҳи 30 ҳазордолларии бозсозии муҷассамаи Буддои хобида дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар соли 2001, Хазинаи сафирон оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ беш аз 800 000 доллар барои таъмини молии 17 тарҳи ҳифзи мероси фарҳангии ғании Тоҷикистон фароҳам кардааст.

Соли 2001:  дар паи талошҳои USAID Радиои «Тироз» ҳамчун нахустин радиои мустақил дар Тоҷикистон таъсис ёфт.

Соли 2001:  Ҳукумати ИМА ба осебдидагон аз заминларза дар ноҳияи Фархор ба маблағи 109 000 доллар кумаки башардӯстона расонд.

Солҳои 2001 – 2014:  Ҳукумати ИМА барои таъмини молӣ ва осонсозии таҳвили доруҳо, ваксинҳо ва таҷҳизоти пизишкӣ ба маблағи беш аз 408 миллион доллар аз созмони амрикоии «Project Hope» ба бемористонҳо ва дармонгоҳҳои Тоҷикистон кумак кард.

Аз соли 2002 то кунун:  Ҳукумати ИМА беш аз 100 миллион доллар ба бахши омӯзиши Тоҷикистон кумак кардааст. Дар чорчӯби барномаҳои USAID 28 ҳазор омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар давраҳои донишафзоӣ фаро гирифта шуданд.  Ба манзури беҳбуди савод ва комёбӣ дар таҳсил, USAID ба донишомӯзон дар саросари Тоҷикистон 1,6 миллион китоби бачагона тақдим кард. Ҳамчунин 1560 китоб бо хати Брайл чоп карда ва 61 китоби савтиро дар ихтиёри донишомӯзони камбино қарор дод то ба маводи омӯзишии бокайфият дастрасӣ дошта бошанд. USAID ҳамчунин наҳорҳои мактабиро барои донишомӯзону омӯзгорон ва низ доруҳои ангалзудо, муроқибатҳои беҳдоштии мактабӣ, ташхиси биноӣ ва шунавоӣ фароҳам кардааст. USAID ба бсозсозии таъсисоти обу фозилоб дар мактабҳо кумак кард ва барномаҳои омӯзиши беҳдоштиро барои ҳамаи синфҳо таҳия кардааст.

Аз соли 2002 то кунун:  Ҳукумати ИМА барои беҳбуди тавлиду тавзеъи нерӯи барқ дар саросари Тоҷикистон 25 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

7 феврали соли 2003:  Сафорати Тоҷикистон дар ИМА дар шаҳри Вашингтон ифтитоҳ шуд.

Солҳои 2003 – 2007:  Ҳукумати ИМА дар чорчӯби тарҳи омӯзиши мушорикатӣ ва тақвияти дониши USAID (USAID/PEAKS) 27 мактабро бозсозӣ кард.

Соли 2003:  Агентии USAID ба барқарорсозии 12 истгоҳи обкашӣ дар вилояти Хатлон кумак кард, ки дар натиҷа ҳосили зироатҳо дар беш аз 20 000 ҳектар замин афзоиш ёфт ва беш аз 72 000 нафар аз онҳо баҳра бурданд.

Аз соли 2003 то кунун:  тарҳҳои ислоҳоти замини USAID ба беш аз 190 000 шаҳрванди Тоҷикистон мустақиман кумак расондаанд.

Аз соли 2003 то кунун:  Иёлоти Муттаҳида барои пешгирӣ аз густариши ВНМО/БПНМ ва бемории сил дар Тоҷикистон, коҳиш додани табъизу бадномии иҷтимоъӣ ва муайянсозии роҳҳои кумак ба гирифторони ин беморӣ дар дастрасӣ ба дармони муассир беш аз 100 миллион доллар ҷудо кардааст.

Аз соли 2003 то кунун:  бо пуштибонии Сафорати ИМА беш аз 130 гурӯҳи мусиқӣ, дастаҳои рақсӣ, ҳунармандон ва сухангӯёни маъруф барномаҳои хешро пешкаши мардуми Тоҷикистон кардаанд.

Солҳои 2003 – 2009:  Агентии USAID 23 мактаби тавсеъаи ҳирфаӣ дар саросари Тоҷикистонро пуштибонӣ кард то ба марказҳои омӯзиши ҳирфаӣ ва манобеъ барои мактабҳои атроф табдил шаванд. Ин марказҳо равишҳои омӯзиши таъомулиро ба 1500 омӯзгор ва шеваҳои муъассири мудирияти мактабро ба 600 мудири омӯзишу парвариш муаррифӣ карданд.

Соли 2004:  Вазорати кишоварзии ИМА барои афзоиши ҳосилнокии зироатҳо 1000 тонна гандуми навъи серҳосили «Жагер-9»-ро дар ихтиёри ширкатҳои кишоварзии Тоҷикистон қарор дод.

Аз соли 2004 то кунун:  Ҳукумати ИМА ба таъсиси Шурои Қарордоди чорчӯби тиҷорату сармоягузории ИМА ва Осиёи Марказӣ (TIFA) дар соли 2004 кумак кард ва ҷаласаҳои солонаи кишварҳои узвро барои мусоидат ба рушди тиҷорат миёни Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон баргузор кард.

Солҳои 2004 – 2005:  Ҳукумати ИМА дар пайи обхезӣ дар ноҳияи Варзоб дар соли 2004 ба маблағи 50 000 доллар ва Панҷакент дар соли 2005 ба маблағи 600 000 доллар ба мардуми Тоҷикистон кумаки изтирорӣ расонд.

Соли 2005:  Агентии USAID бунгоҳи обпахшони Қизилқишлоқро бозсозӣ кард, ки яке аз иншоотҳои муҳим дар мудирияти самарабахши минтақаии ҳавзаи оби Сирдарё аст. Ҳамчунин дар соли 2005 USAID ба таҳияи қонуне мусоидат кард, ки заминаи ҳуқуқиро барои таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои масрафкунандагони об фароҳам овард.

Аз соли 2005 то кунун: нахустин Марказҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Хуҷанд ифтитоҳ шуданд. Ҳамакнун дар Тоҷикистон 8 Маркази амрикоӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Панҷиканд, Исфара, Ғарм ва Хоруғ фаъолият мекунанд.

Аз соли 2005 то кунун:  USAID 72 иттиҳодияи масрафкунандагони обро таъсис дод, ки дар натиҷа мудирияти обёрӣ барои беш аз 170 000 кишоварз беҳтар гардид ва ҳосили зироатҳо дар беш аз 204 000 гектар замин афзоиш ёфт.

Аз соли 2005 то кунун:  Иёлоти Муттаҳида ҳудуди 30 миллион доллар кӯмак барои беҳбуди саломати модару кӯдак дар Тоҷикистон ироя кардааст, ки коҳиши мизони ақибмондагии рушд, уфунати кирмӣ, гуруснагӣ ва маргумири навзодонро дар пай доштааст. Барои ин манзур, USAID аз қонуни ғанигардонии орд дар Тоҷикистон барои афзоиши мизони маводи муғаззии солим дар хӯроки ҳаррӯзаи мардум ва коҳиши камғизоӣ пуштибонӣ кард. Маҷлиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қонунро дар соли 2019 тасвиб кард.

Аз соли 2005 то кунун:  Афзун бар 100 омӯзгору коршиноси забони инглисии барномаи Фулбрайт, пажӯҳишгарон, донишмандон, стипендиатҳо аз Амрико ба Тоҷикистон омадаанд то донишу маҳорати худро бо мухотабони тоҷик, омӯзгорон, донишҷӯён ва донишомӯзон мубодила кунанд.

Соли 2006:  Ҳукумати ИМА ба осебдидагон аз заминларза дар ноҳияи Қумсангир 24 000 доллар кумаки башардӯстона расонд.

28 июни соли 2006:  сохтмони кунунии Сафорати ИМА дар Душанбе бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуд.

Аз соли 2006 то кунун:  Иёлоти Муттаҳида 27 иншооти марзӣ, аз ҷумла 13 посгоҳ, 9 гузаргоҳ, 2 подгони марзбонӣ ва 3 маркази омӯзиширо сохта ё таъмир кардааст. Сафорат ҳамчунин беш аз 4500 дастгоҳи мухобира, 400 воситаи нақлиёт, 1600 дастгоҳи дид дар шаб ва ҳиссгарҳои заминӣ барои 160 километр марзро дар ихтиёри марзбонони тоҷик қарор додааст. Бархе аз тарҳҳои сохтмоние, ки Давлати ИМА сармоягузорӣ карда, чунинанд: Маркази миллии омӯзишии «Қаротоғ» барои Вазорати дифоъ (7 миллион доллар), Академияи омӯзишии Хадамоти гумрук (3,4 миллион доллар), Маркази минтақаии омӯзишии Агентии эминии партавҳои ҳастаӣ дар Душанбе (1 миллион доллар) ва Подгони марзбонии Шурообод (1,7 миллион доллар).

Соли 2007:  Ҳукумати ИМА тавассути Сипоҳи муҳандисии Артиши Амрико нахустин пули бузурги миёни Тоҷикистону Афғонистонро дар Панҷи Поён бо ҳазинаи 37 миллион доллар бунёд кард. Афзун бар он Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин 11 миллион доллар барои бунёди иншоотҳои гумрукӣ, подгонҳои марзбонӣ, сканерҳои сайёр ва дигар таъсисот дар ҳар ду сӯи пул сармоягузорӣ кард.

Зимистони солҳои 2007 – 2008:  замоне ки сармои сахт ва қатъи нерӯи барқ боиси гуруснагӣ ва мушкилоти дигар шуд, Иёлоти Муттаҳида 1 миллион доллар кумаки нақдӣ мустақим ба ниёзмандон ҳамроҳ бо 259 ҳазор ҷираи рӯзона, кӯрпа, рахти хоб, пӯшок, сӯзишворӣ ва хадамоти пизишкӣ ба маблағи куллии 5 миллион доллар ироя кард. Дар зимистони он сол созмонҳои хайрия ва ширкатҳои хусусии Амрико низ 10,7 миллион доллар кӯмаки башардӯстона ба мардуми Тоҷикистон эҳдо карданд.

Соли 2009:  дар Душанбе Маркази дӯстии «Боулдер» ифтитоҳ шуд. Ин марказ ҳадяе аз шаҳри Боулдер ба Душанбе дар чорчӯби равобити бародаршаҳрии онҳо аст, ки соли 1987 оғоз шуда буд.

Аз соли 2009 то кунун:  Ҳукумати ИМА дар чорчӯби барномаи омӯзиши забони инглисӣ равишҳои самараноки таълимро ба 260 омӯзгор омӯзиш дод.

Майи соли 2010:  дар пайи сар задани обхезӣ ва сел дар минтақаи Кӯлоб, ҳукумати ИМА барои кумак ба хонаводаҳои осебдида дар ноҳияҳои Восеъ, Темурмалик, Муъминобод, Ховалинг, Шоҳин, Балҷувон, Шаҳритус ва Ҷиликӯл беш аз 1,1 миллион доллар кӯмаки башардӯстона, аз ҷумла, хайма, рахти хоб, таҷҳизоти пизишкӣ, ироа кард.

Соли 2010:  дар паи хуруҷи бемории фалаҷи атфол, USAID ба 900 000 кӯдак дар саросари Тоҷикистон ваксини зидди фалаҷи атфол ироя кард.

Аз соли 2011 то кунун:  USAID Ҳамоиши тиҷории солонаи Осиёи Марказиро бар по кард, ки дар он садҳо намояндагони давлатҳо, ширкатҳои тиҷорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида барои баррасии имконоти сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ гирди ҳам меоянд.

Соли 2012:  Вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида ба манзури мубориза бо камғизоӣ ва беҳбуди саломати куллии кӯдакон 8 миллион ҳабро дар ихтиёри 2 миллиону 600 ҳазор кӯдак ва наздик ба 2 миллион зан дар саросари Тоҷикистон қарор дод то аз кирмҳои ангалии рӯда пок шаванд.

Аз соли 2012 то кунун:  Иёлоти Муттаҳида бо эҳдои мошини 1,2 миллиондолларии минрӯби «MineWolf» ба Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар соли 2012, ба поксозии беш аз 6840 мин дар марзи Тоҷикистону Афғонистон мусоидат кард. Поксозии ин минҳо ҷони мардуми бисёреро наҷот дода, 230 ҳектар замини кишоварзиро барои киштукору чарои чорво бехатар сохт.

Соли 2013:  Ҳукумати ИМА дар кумак ба Тоҷикистон барои пайвастан ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат (СҶТ) дар моҳи марти соли 2013 нақши калидӣ дошт. USAID дар таҳияи пешнависи Ёддошти пайвастани Тоҷикистон ба СҶТ дар соли 2003 кумак кард ва бознигарии бархе аз муқаррарот, аз ҷумла осонсозии сиёсатҳои марбут ба дастрасӣ ба колову хадамотро барои Тоҷикистон фароҳам кард. USAID Маркази иттилоърасонии СҶТ таъсис дод, дарки мақомоти давлатӣ, коркушоён ва иттиҳодияҳои корофаринон дар мавриди масоили пайвастан ба СҶТ-ро густариш дод ва кумак кард то қонунҳои тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо муқаррароти СҶТ созгор бошанд.

Соли 2013:  Ҳукумати ИМА 15 миллион доллар барои пуштибонӣ аз тарҳи Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ (CASA-1000) барои насби хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Осиёи Ҷанубӣ ихтисос дод.

Соли 2015:  Ҳукумати ИМА дар соли 2015 ба осебдидагони сел дар Барсем, Колхозобод ва ноҳияи Рашт 60 ҳазор доллар ва ба осебдидагони заминларза дар ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон ва Ванҷ 100 000 доллар кумакҳои башардӯстона расонд.

Моҳи ноябри соли 2015:  Иёлоти Муттаҳида барои устуворсозии беш аз пеши равобити иқтисодии минтақаӣ ва густариши ҳамкориҳои сиёсӣ форуми C5+1-ро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дод. Аз он замон то кунун ҳар сол, аз ҷумла дар замони дунёгирии кунунӣ, мулоқоти бисёрҷониба баргузор мешаванд.

Соли 2017:  USAID режими кӯтоҳтари дармони сили тобовар ба чанд доруро муаррифӣ кард, ки давраи дармониро аз 2 сол ба 9 моҳ коҳиш дод. Гурӯҳи аввал аз 324 бемор пас аз такмили режими дармонии кӯтоҳтар комилан беҳбуд ёфтаанд.

Соли 2018:  USAID ба роҳандозии системи сабти электроникии худкор кӯмак кард, ки замони сабти заминро аз як моҳ ба чанд соат коҳиш дод.

Соли 2019:  USAID ба Тоҷикистон кумак кард то нахустин ҳароҷи замин дар таърихи худро баргузор кунад.

Моҳи сентябри соли 2020:  USAID тарҳи панҷсолаи амнияти хӯрокӣ ба маблағи 36 миллион долларро оғоз кард, ки ҳадафи он коҳиши гуруснагӣ, камбуди хӯрок ва бенавоӣ дар Тоҷикистон аст.

Моҳи сентябри соли 2020:  USAID тарҳи панҷсолаи 12-миллиондоллариро барои эҷоди дастрасии одилонатар ба оби ошомидании солим дар ҷамоатҳои деҳоти Тоҷикистон оғоз кард.

Моҳи ноябри соли 2020:  USAID дар ноҳияи Мурғоб як нерӯгоҳи хуршедии 220 киловаттиро барои барқрасонӣ ба деҳаҳои дуруфтода дар ин минтақа бунёд кард.

Моҳи майи соли 2021:  USAID барномаи панҷсолаи энергетикии минтақаии – «USAID Power Central Asia Activity in Tajikistan» ба маблағи 39 миллион долларро оғоз кард.

Моҳи майи соли 2021:  USAID тарҳи 24 миллиондолларии панҷсоларо барои тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ дар мудирияти манобеъи обии муштарак дар ҳавзаи Сирдарё ва Амударё оғоз кард.

Солҳои 2020 – 2021:  Дар замони ҳамагирии COVID-19, USAID аз омодасозии беш аз 160 барномаи телевизионии омӯзишӣ пуштибонӣ кард, ки дар саросари кишвар пахш мешаванд. USAID ҳамчунин ду барномаи телефонҳои ҳамроҳро (мобилӣ) барои кумак ба донишомӯзон густариш дод то малакаҳои хонишро беҳбуд бахшанд.

Солҳои 2020 – 2021:  Иёлоти Муттаҳида беш аз 12 миллион доллар кумак ва наздик ба 2,5 миллион воя ваксини COVID-19 барои кумак ба Тоҷикистон дар мубориза бо ҳамагирии COVID-19 ва пайомадҳои он ироа кардааст. Ин кумак ҳамчунин шомили таҳияи таҷҳизоти ташхиси озмоишгоҳӣ, дастгоҳи экосистеми оксиген ва малзумоту омӯзишҳои муртабит барои кормандони пизишкӣ ва беҳдоштӣ дар саросари кишвар аст. Ин кумак тавони кишвар барои вокуниш ба ҳамагирӣ ва омодагӣ ба таҳдидҳои оянда дар бахши тандурустиро созмандона такмил мекунад.