Шӯъбаи равобит бо ҷомеаи Сафорати Амрико озмунро барои иштирок дар Барномаи Фулбрайт (FLTA) барои омӯзгорони забони хориҷӣ дар солҳои 2023-2024 эълон менамояд.
Тавсифи барнома: Барномаи FLTA аз ҷониби Идораи барномаҳои илмию фарҳангии (ECA) Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ шуда, муддати 9-моҳ, бидуни тақдими унвони илмӣ, давом меёбад ва довталабон бояд дорои таҷрибаи кории на бештар аз ҳафт сол, дошта бошанд. Ҳадаф аз он таҳкими малакаи таълимдиҳии забонҳои хориҷӣ дар коллеҷҳо ва донишгоҳҳои ИМА мебошад ва дар айни замон, барои омўзгорони имрӯза ва ояндаи забони англисӣ фароҳам овардани шароити мусоид, ҷиҳати такмили таҷрибаю малакаи худ дар риштаи забони англисӣ, васеъ намудани доираи донишу огоҳии худ дар бораи ҷомеа ва фарҳанги ИМА, мебошад. Номзадҳое, ки омӯзгорони соҳаҳои амрикошиносӣ, рӯзноманигорӣ ва ВАО, адабиёти Амрикову Инглистон ҳастанд, инчунин муаллимони забони модарӣ ҳамчун забони хориҷӣ низ дар алоҳидагӣ баррасӣ мешаванд.
Ҳангоми омодагӣ барои баргаштан ба фаъолият дар кишвари худ, пас аз анҷоми барнома, иштирокчиён имкон доранд, ки малакаҳои омӯзгории худро такмил диҳанд, сатҳи дониши забони англисии худро ӣаланд бардоранд ва дониши худро дар бораи ҷомеа ва фарҳанги ИМА тавассути кор ба сифати ёрдамчиёни таълими забони модарии худ ҳамчун забони хориҷӣ ба донишҷӯён ва пурзӯр намудани малакоҳи таълимдиҳӣ дар коллеҷҳо ва донишгоҳҳо дар ИМА васеъ кунанд. Иштирокчиёни FLTA инчунин бо ҷамоатҳои мизбон тавассути гурӯҳҳои гуфтугӯӣ, чорабиниҳои беруназсинфӣ ва лоиҳаҳои фарогирии ҷомеа ҳамкорӣ мекунанд. Иштирокчиёни FLTA бояд пас аз ба анҷои расидани барнома ба кишварҳои худ баргарданд.
Тартиби пешниҳоди ариза: Аз ҳар як довталаб талаб карда мешавад, ки дархости онлайнро тариқи системаи идоракунии онлайнӣ https://apply.iie.org/flta2023 на дертар аз 20 июли соли 2022 пешниҳод намояд.
Иштирокчиёни Барномаи FLTA метавонанд дар давоми ҳафта то бист соат дарсҳои забонӣ таълим диҳанд. Аз онҳо инчунин талаб карда мешавад, ки ҳадди ақал дар ду курс барои ҳар семестр ба қайд гирифта шаванд, ки яке аз онҳо бояд доир ба таҳқиқоти ИМА бошад. Тайёр кардани кори курсӣ дар асоси аудит ё кредит пешниҳод карда мешавад. Аз иштирокчиёни Барномаи FLTA интизор меравад, ки онҳо ҳамчунин дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, маҳфилҳои забонӣ ва мизҳои мудаввар ба таври маҷозӣ ё иштироки шахсӣ дар синфхона, барои рушди малакаҳои забонӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Довталабони эҳтимолии барномаи FLTA бояд донанд, ки онҳо бояд ба амалиёти барнома, бо сабаби ислоҳоти эҳтимолии марбут ба COVID-19 дар соли хониши 2023-24, чандир бошанд. Тағйироти барнома метавонад талаби таълими фосилавӣ, кӯмак дар иҷрои вазифаҳои таълимии онлайн ё иштирок дар чорабиниҳои маҷозӣ, аз қабили конфронси роҳнамоӣ ё конфронси нимсоларо дар бар гирад.
Талабот ба иштирокчиёни барнома: Иштирокчиёни барнома, тибқи талабот, муаллимони забони англисӣ ва ё донишҷўёне, ки дар оянда мақсади муаллими забони англисӣ шудан доранд, мебошанд. То 1 июни соли 2023, довталабони мазкур бояд ҳадди аққал дорои дараҷаи таҳсилоте бошанд, ки ба дараҷаи бакалаврии ИМА баробар бошад, то ки барои тақдим намудани нусхаҳои расмии ҳуҷҷатҳо пеш аз оғози Барномаи FLTA вақти кофӣ дошта бошанд. Дониши аълои забони англисӣ талаботи ҳатмӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, гирифтани баҳоҳои зерин зарур аст: на камтар аз 550 хол (гузаштани имтиҳони TOEFL ба таври хаттӣ); 213 хол (гузаштани имтиҳони TOEFL тариқи компютер); 79-80 хол (гузаштани имтиҳони TOEFL тариқи Интернет) ва ё 6,0 (баҳои умумӣ аз рўи Системаи байналмилалии имтиҳони забони англисӣ – IELTS).
Довталабон бояд ҷиддият, эътимоднокӣ, садоқат ва касбиятро нишон диҳанд. Довталабони Барномаи FLTA бояд шахсони боғайрат, омӯзгорони навкор, қодир ба иҷрои ду нақш – ҳам омӯзгор ва ҳам донишҷӯ, бошанд. Онҳо бояд барои ҳамсокинӣ бо ҳамтоёни худ дар хобгоҳи донишгоҳ омода бошанд. Инчунин, дар муошират бо омӯзгорону кормандони донишгоҳ онҳо бояд ҷиддият ва касбиятро нишон диҳанд.
Довталабон дар давоми раванди пешбарӣ ва интихоб бояд дар кишвари худ истиқомат кунанд ва пас аз итмоми барномаи 9-моҳаи FLTA бояд зуд ба кишвари худ баргарданд. ECA дархостҳои иштирокчиёни Барномаи FLTA-ро ҷиҳати тамдиди будубоши онҳо дар ИМА дастгирӣ нахоҳад кард. Иштирокчиён бояд талаботро оиди истиқомати дусола дар кишвари худ риоя намоянд. Чунин талабот ба иштирокчиёни барномаи мубодила барои ба даст овардани раводиди J-1 вогузор шудааст. Дар айни ҳол онҳо барои нишон додани саъю кўшишҳои худ дар роҳи таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва, ҳангоми бозгашт ба ватани худ, мубодила намудани малакаҳову донише, ки дар давоми барномаи таълимӣ андўхтаанд, ўҳдадор мебошанд. Ҳуҷҷатҳои довталабоне, ки дорои аризаи фаъол барои дарёфти сукунати доимӣ дар Амрико ё дорои лотереяи DV «Грин карта» мебошанд, барои иштирок дар барономаи мазкур баррасӣ карда намешаванд. Ба сафоратҳо ва комиссияҳо тавсия дода намешавад, ки онҳо довталабонеро, ки такрор ба такрор кўшиши муҳоҷират кардан ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доранд, пешниҳод нанамоянд. Довталабии ин гуна шахсон барои иштирок дар барномаи таълимӣ баррасӣ нахоҳад шуд ва раводиди J-1 барои онҳо содир нахоҳад гардид.
Эзоҳ оид ба интиҳол: Вуҷуд доштани интиҳол (плагиат) дар аризаҳо ба мушкилии ҷиддӣ табдил ёфтааст. Бинобар ин, довталабон бояд огоҳ бошанд, ки чунин аъмол қобили қабул нест.
Бастаи ҳуҷҷатҳо: Бастаи пурра ҳуҷҷатҳои зеринро дар бар мегирад: ариза – онлайн, нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳои таҳсилотӣ бо тарҷумаи тасдиқшуда ба забони англисӣ, диплом (дар ҳолати хатм намудани донишгоҳ), се тавсиянома ва натиҷаи супоридани имтиҳоноти TOEFL ё IELTS. Лутфан дар хотир доред, ки шиносномаи эътиборнок бо мўҳлати баохиррасии на дертар аз 31 декабри соли 2024 талаб карда мешавад. Ҳеҷ яке аз ҳуҷҷатҳои шомили бастаи ариза набояд тариқи почтаи электронӣ фиристода шавад. Довталабони муваффақ оиди дар озмун комёб гардиданашон дар давоми моҳҳои март – маи соли 2023 хабардор карда мешаванд.
Таъминоти пулӣ дар доираи Барномаи Фулбрайт барои омӯзгорони забони хориҷӣ:
Ба ҳамаи иштирокчиёни Барномаи FLTA идрорпулии ҳармоҳа, суғурта аз садамаҳо ва суғуртаи тиббӣ, инчунин маблағгузорӣ дар ҳамлу нақл таъмин хоҳад гардид. Идрорпулии ҳармоҳа танҳо барои қонеъи эҳтиёҷоти аввалиндараҷа пешниҳод шудааст ва тағйир додани он мавриди муҳокима қарор дода намешавад. Муассисаҳои таълимии мизбони ИМА, бо мақсади мусоидат намудан ба довталаб ҷиҳати анҷоми кори курсии зарурӣ, дар пардохтани ҳаққи таълим тахфиф пешниҳод менамоянд.
Агар шумо дар робита ба барномаи мазкур ва ё раванди пешниҳоди ариза саволҳо дошта бошед, лутфан ба шахси мутасаддӣ Ситора Қосимова ба суроғаи зерин муроҷиат намоед: EnglishProgramsDushanbe@state.gov.