Барномаи мураббиёни таълими забони англисӣ барои соли 2022

Душанбе, Тоҷикистон, 10 январи соли 2022 – Шӯъбаи робита бо ҷомеаи Сафорати ИМА даъватеро нисбати супоридани дархост барои иштирок дар барномаи мураббиёни таълими забони англисӣ барои соли 2022 эълон менамояд. Барномаи мазкур се семинари бисёррӯзаро доир ба тарзи дарсгузаронии забони англисӣ дар ҳамроҳӣ бо мутахассисони амрикоӣ ва тоҷик аз моҳи апрел то декабри соли 2022 дар шаҳри Душанбе мегузаронад. Иштирокчиёни барнома шабакаи муаллимонро барпо мекунанд, ки фикру андешахои худро дар вақти барнома ва баъд аз анҷоми он мубодила хоҳанд кард.

Довталабон бояд аз шумули муаллимони забони англисӣ дар мактабҳои ибтидоӣ, миёна ва донишгоҳҳо бошанд, ки хоҳиши мураббӣ будан ва мубодила кардани таҷрибаи худро бо дигар муаллимони забони англисӣ доранд.

Довталабони интихобкардашуда барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.

Аризаи барномаро аз ин пайванд (Ариза – WORD 117 KB) дарёфт карда, ба нишонии зерин на дертар аз 10 феврали соли 2022 ирсол намоед:

Таҳмина Ниязова
Шӯъбаи робита бо ҷомеаи Сафорати ИМА
хиёбони Исмоили Сомонӣ 109 A
ш. Душанбе, Тоҷикистон
Тел.: (992 37) 229 2316, 229 2000, факс: (992 37) 229 2050
Почтаи электронӣ: EnglishProgramsDushanbe@state.gov