Барномаи Фулбрайт барои такмили маҳоратҳои дарсдиҳӣ дар арсаи саводнокии расонаӣ

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон озмунро барои иштирок дар Барномаи Фулбрайт TEA Media Literacy барои омӯзгорони мактабҳои миёна дар солҳои 2022-2023 эълон менамояд.  Барномаи TEA Medialiteracy лоиҳаи Бюрои барномаҳои таълимӣ ва фарҳангии Департаменти давлатии ИМА мебошад, ки аз ҷониби Шӯрои байналмилалии тадқиқот ва табодул (IREX), таҳти сарпарастии Барномаи Fulbright амалӣ карда мешавад.

Дар тӯли шаш ҳафта Барномаи Фулбрайт барои такмили маҳоратҳои дарсдиҳӣ дар арсаи саводнокии расонаӣ, муаллимони мактабҳои миёна аз саросари ҷаҳон дар семинарҳои такмили ихтисоси донишгоҳҳои мизбони Амрико ширкат варзида, нақшаи чорабиниҳоро оид ба баланд бардоштани саводнокии ВАО ва малакаҳои тафаккури интиқодӣ дар мактабҳо, синфхонаҳо ва ҷомеаҳои маҳаллӣ таҳия мекунанд.

Иштирокчиёни барномаи Fulbright, дар тули будубоши худ дар Иёлоти Муттаҳида, дипломатияро байни одамон, таввассути дарсҳо дар синфхонаҳо ва дар ҷомеаҳои Иёлоти Муттаҳида дастгирӣ хоҳанд кард. Ҳамаи иштирокчиён имконият доранд, ки дар мактабҳои миёнаи ИМА дарсҳоро мушоҳида кунанд, ҳамроҳи ҳамкасбони мактабҳои мизбон дарс гузаронанд, раванди таълимро мушоҳида намуда, бо ҳамкасбони донишгоҳи мизбон ва инчунин бо омӯзгорони мактабҳои миёнаи Амрико мубодилаи таҷриба намоянд.

Мӯҳлати охирони ҳуҷҷатсупорӣ: 1-уми марти соли 2022.

Саволномаи барномаро дар сомонаи зерин тариқи онлайн пур кунед: https://fulbright.irex.org

Бо дастури муфассал оид ба тарзи дуруст пур кардани дархостнома тариқи онлайн шинос шавед. (PDF 1200 KB) 

Барномаи FTEAM таъминоти зеринро ба иштироккунандагон пешниҳод менамояд:

  • Дастгирӣ дар гирифтани раводиди J-1,
  • Пардохт барои гузаронидани тести забони англисӣ (iBT TOEFL)
  • Гузаронидани машварати роҳбаладӣ барои ғолибони барнома, пеш аз сафар аз Душанбе;
  • Пардохти хароҷоти сафар аз ҷои истиқомат то ҷои таҷрибаомӯзи ва сафарҳо дар дохили ИМА:
  • Пардохт барои таҳсил ва истиқомат дар ИМА:
  • Пешниҳоди суғуртаи тиббӣ ва суғуртаи садама ҳангоми будубош дар ИМА:
  • Пардохти роҳкиро ба мактаб барои таҷрибаомӯзӣ (дар ҳолати зарурӣ);
  • Идрорпулӣ барои хароҷоти ҳарруза (дар давоми таҷрибаомӯзи дар донишгоҳҳо);
  • Маблағ барои хариди китобҳо ва такмили ихтисос;
  • Маблағ барои интиқоли бағоҷ;
  • Имкони иштирок дар фаъолияти хатмкунандагони барномаҳои мубодила.

Талабот ба номзадҳо барои иштирок дар барнома:

  • Муаллими мактаби миёнаи пурраи англисӣ ё омӯзгори забони англисӣ ҳамчун забони хориҷӣ, муаллими илмҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқи шаҳрвандӣ, таърих, ҷаҳонишавӣ, таҳқиқоти ВАО, иртибот, рӯзноманигорӣ, илмҳои табиӣ ё илмҳои марбута, муассисаҳои таълимӣ, ки дар пеш аз ҳама, аҳолии маҳаллӣ, то барои иштирок дар барнома ҳуқуқ пайдо кунанд;
  • Дараҷаи бакалавр ё ба он баробар;
  • Ҳадди ақал таҷрибаи пурраи сесолаи омӯзгорӣ дар оғози барнома, бо бартарӣ ба онҳое, ки на камтар аз панҷ сол собиқаи омӯзгорӣ доранд;
  • Дониши хуби англисӣ. Аз ин лиҳоз, гирифтани баҳоҳои зерин зарур аст: на камтар аз 500 хол (гузаштани имтиҳони TOEFL ба таври хаттӣ); 61 хол (гузаштани имтиҳони TOEFL тариқи Интернет);
  • Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Таҷриба ва таваҷҷӯҳ ба саводнокии ВАО ва тафаккури интиқодии асри 21;
  • Аризаҳо аз муаллимоне қабул карда мешаванд, ки ба хонандагони аз 12 то 18-сола дар мактабҳои миёна таълим медиҳанд;
  • Пас аз хатми барнома омодагӣ барои идомаи касби худ дар мактаби миёна;
  • Супоридани бастаи пурраи онлайнии ҳуҷҷатҳои зарурӣ.

Маъмурони таълимӣ (масъалан, намояндагон ё масъулони Вазорати маориф) ва маъмурони мактабҳое, ки ҳадди аққал панҷоҳ фоизи вақти худро ба таълимдиҳӣ ҷудо намекунанд ва инчунин омӯзгороне, ки пурра дар донишгоҳҳо, марказҳои хусусии забономӯзӣ ва муаллимони мактабҳое, ки умдатан ба хориҷиён таълим медиҳанд, ҳуқуқи иштирокро надоранд. Ҳангоми пешниҳоди дархости шумо, холҳои IELTS / TOEFL талаб карда намешаванд. Ғолибони марҳилаи аввали барнома ба мусоҳиба даъват карда мешаванд. Қарори ниҳоиро Шӯъбаи робитаҳои  фарҳангӣ ва маърифатии Департаменти давлатии ИМА дар Вашингтон қабул хоҳад кард.

Шакли ариза бояд кори инфиродии довталабро инъикос намояд. Интиҳол (плагиат), ки забон, ақида, баён ва андешаҳои муаллифи дигарро ҳамчун асари худ, бе иҷозати дахлдор интишор медиҳад, қобили қабул нест. Ҳама гуна интиҳол дар варақаи ариза ё иншои довталаб ҳамчун асос барои боздоштани фаврии иштирок дар барнома хоҳад буд.

Дар ифтиҳоҳ ва анҷоми барномаи мазкур вохӯриҳо барои иштироккунандагон дар пойтахти Амрико шаҳри Вашингтон баргузор мегардад.

Барои маълумоти бештар, лутфан бо Ситора Қосимова – корманди Шӯъбаи робита бо ҷомеаи Сафорати Амрико тамос гиред; Тел: 2292327; email: EnglishProgramsDushanbe@state.gov