Душанбе, Тоҷикистон, 4 июни 2021– Шӯъбаи равобит бо ҷомеаи (PAS) Департаменти давлатии ИМА, ки дар назди Сафорати ИМА дар Душанбе фаъолият мекунад, бо камоли хушнудӣ озмуни лоиҳаҳоро дар доираи Барномаи забони англисӣ барои рӯзноманигорон дар солҳои 2022-2023 эълон менамояд. Мӯҳлати иҷроиши барномаи зерин яксол, бо имконияти тамдид ба соли дуюм, мебошад. Барномаи мазкур ба рушди муҳити ВАО равона шуда, имкониятҳои журналистикаи рақамии Тоҷикистонро тавассути омӯзиши забони англисӣ дастгирӣ мекунад.
Барнома бояд аз курсҳои забони англисӣ (сатҳҳои ибтидоӣ, миёна ва олӣ), ҳадди аққал дар як моҳ 20 соат иборат бошад, ки дар маҷмӯъ дар тӯли як сол 200 соати омӯзиши забони англисиро дар бар гирад. Лоиҳаҳо метавонанд дар Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Хоруғ ё Бохтар амалӣ карда шаванд. Курсҳои омӯзишӣ дар Душанбе бояд барои 90 нафар рӯзноманигор, 30 нафар дар Хуҷанд, 30 нафар дар Кӯлоб, 30 нафар дар Хоруғ ва 30 нафар дар Бохтар ташкил карда шаванд. Лоиҳаҳое, ки ҷалби шумораи зиёдтарини рӯзноманигорон бо хароҷоти камтари маблағ пешниҳод мегарданд, дастгирӣ хоҳанд ёфт. Мувофиқи талаботи барнома, ҳар як довталаб дар вақти супоридани дархости худ, бояд бо барномаҳои таълимии омузиши забони англисӣ машғул бошад. Ҳам ташкилотҳои давлатӣ ва ҳам ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ки иҷозатномаи омӯзгорӣ доранд ва дорои устодони баландихтисоси забони англисии сатҳи ибтидоию баландтар низ мебошанд, метавонанд ба барнома дархости худро ирсол намоянд.
Дархостҳо бояд ҳам тавсифи матнии лоиҳа ва ҳам буҷаи муфассалро дар бар гиранд. Дар буҷа (дар формати Microsoft Excel) бояд тавсифи муфассали буҷа ва тақсимоти хароҷот барои барномаи яксола, аз ҷумла дастур, китобҳо / мавод, нақлиёт, хароҷотҳои маъмурии лоиҳа ва ғайра дошта бошанд.
Муҳлати охирини ирсоли дархостҳо: Ҳамаи дархостҳо бояд то 15 июли соли 2021 (23:59 бо вақти шарқии ИМА) ба EnglishProgramsDushanbe@state.gov ирсол шаванд.
Лутфан барои гирифтани маълумоти пурра оиди шарту шароитҳои супоридани дархостнома ба ин барнома, ба саҳифаи англисии ин эълон English for Journalists гузаред.