Донишҷӯёни макотиби олӣ ва касбиро барои иштирок дар озмуни ҳарф ба ҳарф дуруст талаффуз кардани калимаҳои англисӣ таҳти унвони «2019 TAJIKISTAN SPELLING BEE» даъват менамоем.
Озмуни «Spelling bee» – имконияти хуб барои санҷидани дониши худ дар ҳарф ба ҳарф дуруст талаффуз намудани калимаҳои забони англисӣ, сазовор гаштан ба унвони «Беҳтарин талаффузкунандаи калимаҳои забони англисӣ» дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳангоми иштирок дар озмуни минтақавӣ миёни кишварҳoи Осиёи Марказӣ , инчунин соҳиби ҷоизаи арзанда гаштан доред!
Давраҳои озмун:
Марҳилаи якум: Давраи интихобии вилоятӣ (Local Spelling Bee) – даври якум дар Марказҳои амрикоӣ дар саросари ҷумҳурӣ моҳҳои ноябр ва декабри соли ҷорӣ баргузор мегарданд. Бақайдгирӣ дар марказҳо аллакай оғоз гардид. Барои гирифтани маълумоти бештар метавонед бо наздиктарин Маркази амрикоӣ дар ноҳияи худ дар тамос шавед.
Марҳилаи дуввум: Давраи ниҳоии умумиҷумҳуриявӣ (National Spelling Bee) – дар ин давра се нафар ғолибони давраи интихобии вилоятӣ аз ҳар як Маркази амрикоӣ иштирок хоҳанд кард. Давраи мазкур 11-уми марти соли 2019 дар Маркази амрикоӣ дар шаҳри Бохтар, воқеъ дар кӯчаи Дӯстии халқҳо, баргузор мегардад. Чор нафар ғолиби ин давра сазовори ҷоиза гашта, имконият пайдо менамоянд, ки дар озмуни минтақавӣ иштирок намоянд.
Марҳилаи севвум: Чор нафар ғолибони давраи ниҳоии умумиҷумҳуриявӣ имконият пайдо менамоянд, ки дар озмуни минтақавӣ (Central Asian Regional Spelling Bee), ки миёни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон, Узбекистон, Кирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон, моҳи апрели соли 2019 дар шаҳри Бишкеки Кирғизистон баргузор мегардад, иштирок намоянд. Ғолиби озмуни минтақавӣ (Central Asian Regional Spelling Bee) соҳиби шоҳҷоиза мегардад.
Шартҳои озмун: Иштирокчӣ бояд
- шаҳрванди Ҷумхурии Тоҷикистон бошад;
- дар синну соли аз 18 (то 31 январи соли 2019) то 25 сола (то 31 январи соли 2019) бошад.
- донишҷӯи коллеҷи касбӣ ё донишгоҳ/донишкадаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад (дар вақти бақайдгирӣ дар озмуни маҳаллӣ);
- дар озмуни минтақавӣ (Central Asian Regional Spelling Bee), ки моҳи марти соли 2018 дар шаҳри Алмато миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардида буд, иштирок НАКАРДА бошад.
Он иштирокчие, ки бештар калимаҳои англисиро ҳарф ба ҳарф дуруст талаффуз мекунад, ғолиби озмун мегардад! Барои гирифтани маълумоти муффассал оид ба иштирок дар озмун метавонед бо наздиктарин Маркази амрикоӣ дар тамос шавед.
Шитобед, то аз иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии «Spelling Bee» баҳра гиред ва соҳиби ШОҲҶОИЗА гардед!
Раванди бақайдгирӣ дар озмун ва иштирок дар он бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба таври ройгон сурат мегирад.
Санаҳои гузаронидани мусобиқа:
- Маркази амрикоӣ дар ш.Бохтар – 28-уми ноябр
- Маркази амрикоӣдар ш.Хуҷанд – 30-юми ноябр
- Маркази амрикоӣ дар ш.Хоруғ – 3-юми декабр
- Маркази амрикоӣ дар ш.Душанбе – 6-уми декабр
- Маркази амрикоӣ дар ш.Кулоб – 7-уми декабр
- Маркази амрикоӣ дар ш.Исфара – 8-уми декабр
- Маркази амрикоӣ дар ш. Ғарм – 10-уми декабр
- Маркази амрикоӣ дар ш.Панҷакент – 12-уми декабр
Руйхати Марказҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон:
Маркази амрикоӣ дар ш. Душанбе
кӯчаи Толстой 66
Суроғаи эл.: acdushanbe@gmail.com
Масъул: Усниссо Муборакшоева
Маркази амрикоӣ дар ш. Хуҷанд
Кӯчаи А. Қаландаров 56
Микрорайони 20
Суроғаи эл.: ackhujand@gmail.com
Масъул: Мадина Пулатова
Маркази амрикоӣ дар ш. Исфара
Мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ рақами 2
кӯчаи Саидон 1
Суроғаи эл.: acisfara@gmail.com
Масъул: Зулфиқор Абдуҳамидов
Маркази амрикоӣ дар ш. Кулоб
Филиали донишгоҳи технологии Кулоб
кӯчаи Борбад, микрорайони 9
Суроғаи эл.: acornerkulob@gmail.com
Масъул: Абдулҳамид Шарипов
Маркази амрикоӣ дар ш. Хоруғ
Бинои Тоҷиктелеком дар ш. Хоруғ, ошёнаи 3
кӯчаи Ленин 53
Суроғаи эл.: ackhorog@gmail.com
Масъул: Рангина Давлатмирова
Маркази амрикоӣ дар ш. Бохтар
кӯчаи Дӯстии халқҳо
Суроғаи эл.: acqurghon@gmail.com
Масъул: Тоҷиддин Ҳаитов
Маркази амрикоӣ дар ш. Ғарм
кӯчаи Исмоили Сомонӣ
Суроғаи эл.: acgharm@gmail.com
Масъул: Вайсиддин Зиёвиддинов
Маркази амрикоӣ дар ш. Панҷакент
Пажуишгоҳи педагогӣ
хиёбони Рӯдакӣ 108
Суроғаи эл.: acpanjakent@gmail.com
Масъул: Нилуфар Иброҳимова