Сафорати ИМА дар Тоҷикистон қабули лоиҳаҳоро аз телевизионҳои маҳаллӣ барои иштирок дар барномаи ҳамкории соҳаи телевизион (Media Co-Op) барои соли 2018 эълон мекунад. Барномаи мазкур ба телевизионҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва ҳамчунин студияҳои истеҳсолӣ имконият медиҳад, ки гурӯҳи эҷодии худро ба ИМА барои таҳияи филми мустанад аз ҳаёти Амрико ба муддати ду ҳафта фиристанд.
Барои таҳияи филмҳо барои соли 2018 мавзӯъҳои зерин афзалият доранд:
- Амнияти ғизоӣ
- Туризм
- Тандурустӣ
Довталабон метавонанд мавзӯъҳои худро пешниҳод кунанд.
Одатан гурӯҳҳои эҷодӣ ҳангоми ин сафари дуҳафтаина як ё якчанд филми мустанад ва силсилаи лавҳаҳои телевизионӣ аз ҳаёти Амрикоро таҳия мекунанд ва онҳоро дар вақти мусоиди телевизионӣ пахш мекунанд. Гурӯҳи эҷодиро дар ИМА дар тамоми муддати сафар таҳиягари амрикоӣ, ки аз ҷониби Дафтари оид ба масоили телерадиошунавонии Департаменти давлатӣ таъйин шудааст, ҳамроҳӣ мекунад. Ғолиби озмуни ин барнома ба гранти Департаменти давлатии ИМА ноил мегардад, ки он хароҷоти иқомати гурӯҳи эҷодиро дар ИМА дар давоми ду ҳафта дар бар мегирад. Аз ҷумла хароҷотҳои рафту омад, меҳмонхона, хӯрокворӣ, суғуртаи муваққатии тиббӣ ва наворбардорӣ аз ҳисоби грант пардохта мешаванд.
Гурӯҳи эҷодӣ бояд на зиёда аз ду нафар иборат бошад, донистани забони англисӣ пазируфта мешавад. Гурӯҳ ҳамчунин бояд бо таҷҳизоти касбии барои наворгирӣ зарур, аз ҷумла камераи телевизионии системаи Betacam SP ё DVC PRO ва ё ба онҳо мушобеҳ, штатив, таҷҳизоти равшанидиҳанда ва сабти овоз таъмин бошад. Шабакаи телевизионӣ бояд кафолат диҳад, ки маводи таҳияшударо ҳатман дар вақти мусоиди телевизионӣ пахш мекунад ва як нусхаи ин маводро дар видеокасетаи PA/OBS/BS сабт намуда ба Дафтари оид ба масоили телерадиошунавонии Департаменти давлатӣ мефиристад.
Лоиҳаҳо бояд аз чузъҳои зерин иборат бошанд:
- Тафсири мухтасари лоиҳа: на зиёд аз як параграф;
- Асоснокии лоиҳа: шарҳи сабаби тасмимгирӣ оиди татбиқи ҳатмии ин лоиҳа – то як параграф;
- Тафсири лоиҳа: шарҳи чорабиниҳое, ки дар доираи лоиҳаи мазкур иҷро мешаванд, аз ҷумла номгӯи шаҳрҳои ИМА, ки ба онҳо сафар кардан лозим аст, шахсоне, ки бо онҳо мулоқот гузаронидан лозим аст, мавзӯъҳои мусоҳибаҳо ва ғайра – то ду параграф;
- Натиҷаи лоиҳа: шарҳи миқдор ва навъи барномаҳое, ки дар натиҷаи сафари мазкур таҳия мешаванд, шабақаҳои телевизионие, ки онҳоро пахш менамоянд ва ғайра – то ду параграф;
- Ҳайати гурӯҳи эҷодӣ: ному насаби аъзоёни гурӯҳ, таҷрибаи кории онҳо, сифатҳои ғайр;
- Буҷаи лоиҳа: шарҳи мухтасари саҳми студияи телевизионӣ ба лоиҳа ва кӯмаке, ки аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон талаб карда мешавад – то як параграф.
Меъёрҳо барои иштирок дар барнома:
Шабақаҳои телевизионии давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва ҳамчунин студияҳои истеҳсолӣ ҳуқуқи иштирок дар озмунро доранд. Ташкилотҳое, ки соҳиби шабақаи пахшкунандаи худ нестанд, бояд нақшаҳои пахши филмҳоро дар лоиҳа шарҳ диҳанд.
Лоиҳаҳо барои иштирок дар озмун бояд бо забони тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ ба Сафорати ИМА дар Тоҷикистон на дертар аз рӯзи ҷумъа, 23 марти соли 2018, то соати 17:00 ба суроғаи зерин фиристода шаванд:
Бахши робита бо ҷомеа, Сафорати ИМА
кӯч. Исмоили Сомонӣ, 109 «А»
ш. Душанбе, Тоҷикистон
Почтаи электронӣ: usembassydushanbe@state.gov
Телефонҳо барои тамос: 229 23 58, 229 20 00