Мӯҳлати охири қабули ҳуҷҷатҳо: 1 июни соли 2016.
Сафорати ИМА дар Душанбе оғози озмун барои омӯзгорони забони аглисӣ FLTA 2016 – 2017 эълон менамояд. Барномаи FLTA аз тарафи Ҳукумати ИМА ва Шӯро оид ба маориф ва фарҳанг маблағгузорӣ карда мешавад. Барномаи мазкур дар давоми нӯҳ моҳ тӯл кашида, барои такмил додани сифати омӯзондани забони тоҷикӣ дар коллеҷу донишгоҳҳои ИМА равона карда шудааст. Инчунин, барнома омӯзгорони ҳозира ва ояндаи забони англисиро имконияти инкишоф додани маҳорати омузгорӣ, такмили дониши забони англисӣ ва сайқал додани дониш марбут ба ҷамъият ва фарҳанги Амрико фароҳам меоварад.
Иштирокчиёни озмуни барномаи FLTA бояд дар давоми як ҳафта барои гузаронидани бист соат таълим додани забон мусоидат намуда ҳадди ақал бояд дар як семестр ду маротиба дар курсҳои академикӣ ширкат варзанд, ки яке аз чунин курсҳо ба омӯзиши Амрикошиносӣ равона карда шудааст. Инчунин, иштирокчиёни озмуни барномаи FLTA бояд чорабиниҳои фарҳангӣ, клубҳои забоншиносӣ ва муҳокимарониҳо марбут ба забонро пешбарӣ намоянд. Иштирокчиёни барномаи мазкур бо таълими ройгон, идрорпулӣ, суғуртаи тиббӣ ва хароҷоти роҳкиро таъмин мегарданд.
Маълумоти муффасал оиди барнома ва талаботи ҳуҷҷатсупориро метавонед аз сомонаи зерин дастрас намоед: http://goo.gl/Vgi0Jg.