Барномаи грантҳо барои хатмкунандагони барномаҳои Ҳукумати ИМА барои соли 2016

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қабули дархостҳоро ба грантҳо барои хатмкардагони барномаҳои Ҳукумати ИМА барои соли 2016 эълон менамояд. Дар ин озмун метавонанд хатмкардагони барномаҳои табодул ва омӯзишӣ иштирок кунанд.

Мақсади ин барнома дастрас кардани грантҳо ба иштирокчиёни инфиродии барномаҳои Ҳукумати ИМА ва ё созмонҳое мебошад, ки дар ҳайати худ хатмкардаи барномаҳои Ҳукумати ИМА-ро доранд ва мехоҳанд барои рушди демократия ва ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон мусоидат намоянд. Мақсади барнома ҳамчунон иборат аз таъмин ва таъсиси шабакаҳои ҳамкорӣ барои хатмкардагон, мусоидат ба инкишофи касбии онҳо ва ҳамкоронашон, кумак дар амалӣ сохтан ва паҳн кардани донишҳои андӯхтаашон мебошад. Маблағи грант барои созмонҳо дар ҳаҷми на бештар аз $5000 ва барои фардҳои алоҳида на зиёда аз $3000-ро ташкил медиҳад.

Сафорати Амрико дар Душанбе пешниҳодҳоро дар мавзуъҳои зер қабул менамояд:

  • Дастгирии маъюбон;
  • Мубориза алайҳи ифротгароии хушунатомез;
  • Омӯзонидани духтарон ва занон;
  • Гузаронидани конфронси солона барои хатмкунандагон.

Маблағҳо наметавонанд барои ҳадафҳои зерин истифода шаванд:

  • Дастгири намудани барномаҳое, ки аз ҷониби ашхос ё ташкилоте пешниҳод мешаванд, ки мутаалиқ ба анҷумани хатмкунандагони барномаҳои давлатии ИМА набошанд;
  • Дастгири намудани барномаҳое, ки ҳадафи сиёсӣ, фаъолиятҳои хайриявӣ/ гуманитарӣ, ҷамъоварии маблағ, барномаҳои тиҷоратӣ ва барномаҳое, ки лоиҳаҳои равонро тақлид менамоянд;
  • Пардохт намудани роҳкирои сафар берун аз ҳудуди Тоҷикистон, аз ҷумла сафар ба/аз Иёлоти Муттаҳида;
  • Пардохт намудани пули роҳкиро барои нотиқон аз ИМА;
  • Пардохт намудани маош ва туҳфапулии хатмкунандагон дар доираи барнома;
  • Дастгири намудани рушди ташкилот ё хариди таҷҳизот;
  • Маблағгузории барномаҳои инфраструктуравӣ;
  • Лоиҳаҳое, ки тавасути тарҷумони компютерӣ тарҷума шудаанд, баҳогузорӣ намешаванд.

Хатмкунандагоне, ки лоиҳаҳояшон дар соли 2014-2015 маблағгузорӣ шудаанд, дар озмун иштирок карда наметавонанд.

Тамоми фаъолияти дархостҳо бояд баъд аз 31-уми август соли 2016 оғоз ёбад.

Барои иштирок дар барномаи грантҳо барои хатмкардагони барномаҳои Ҳукумати ИМА # 19.900 барои соли 2016, лозим аст, ки хатмкардагон дар сомонаи https://alumni.state.gov сабти ном карда бошанд. Барои сабти ном кардан, лутфан дархостномаро пур када, ба суроғаи зерин фиристед: KobilovaS@state.gov.

Дархостҳо бояд на дертар аз 10-уми июни соли 2016 пешниҳод карда шаванд. Ҳар лоиҳа бояд ҳадафи муайяну гурӯҳи мушаххаси баҳрабардорони лоиҳаро дошта бошад ва тавонад исбот кунад, ки довталаб метавонад ин ҳадафҳоро амалӣ созад. Лоиҳаҳо ва саволномаи  SF-424 бояд ба забони англисӣ ба суроғаи зерин пешниҳод карда шаванд:

Шўъбаи равобит бо ҷомеа, Сафорати ИМА дар Тоҷикистон
ш.Душанбе, Хиёбони И.Сомонӣ 109 А.
Тел.: (992 37) 229 2314
Суроғаи электронӣ: alumnitajikistan@state.gov

Дархостномаро метавонед аз Сафорати ИМА ва ё аз сомонаи (DOC 71 KB – PDF 157 KB – Get Adobe Reader) дастрас кунед.  Барои саволҳои иловагӣ ба суроғаи электронии дар боло зикршуда муроҷиат намоед.