Душанбе, Тоҷикистон, 1-уми декабри соли 2016 – Дар давоми ҳафта, аз 27-уми ноябр то 1-уми декабр, Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ифтихори ҷашни Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи бемории вируси норасоии масунияти бадан ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум оид ба паҳншавии бемории ВНМБ, ба хусус миёни гуруҳҳои осебпазир, ва бо мақсади мубориза бо стигма ва поймолкунии ҳуқуқҳои шахсони гирифтори ин беморӣ силсила чорабиниҳоро баргузор намуд.
27-уми ноябр, Лоиҳаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) оид ба пешгирии ВНМО дар ҳамкорӣ бо Марказҳо оид ба пешгирии ВНМБ-и вилояти Суғд, Маркази наркологии вилоят ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар шаҳри Хуҷанд чорабинии омузиширо тавассути виктарина дар мавзуи пешгирии бемори ВНМБ миёни шахсони гирифтори ВНМБ, истифодабарандагони сузандору ва собиқ зиндониён баргузор намуданд . 28-ум, 29-уми ноябр ва 1-уми декабр лоиҳаи пешсафи USAID бар зидди ВНМО дар Осиёи Марказӣ се маъракаро дар сатҳи ҷамоат дар Душанбе, Хуҷанд ва Ваҳдат гузаронд, ки таввасути онҳо маълумот дар бораи ВНМБ дастраси омма гардид, намоишҳо дар мавзуи поймолкунии ҳуқуқҳои шахсони гирифтори ин беморӣ пешкаши тамошобинон гардиданд ва дар мавзуи ВНМБ миёни иштирокчиён виктарина гузаронида шуд. Инчунин дар чорчӯбаи ин маърака, ки тули се рӯз давом кард, барномаи мусиқӣ омода гардида, миёни марказҳои саломатии шаҳрӣ озмун оид ба беҳтарин варақа дар мавзуи ВНМО/БПНМ эълон гардид. Чорабиниҳои мазкур дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ғайридавлатӣ минҷумла “Марворид”, “Бовари плюс” ва “Насли ҷавонӣ”, ки бо аҳолии зери хатар қарордошта зич кор мекунанд, омода гардидаанд. 1-уми декабр барномаи консертӣ бо иштироки гуруҳҳои машҳури мусиқии маҳалӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи бемории ВНМБ таҳти сарпарастии ташкилоти ғайридавлатии Спин плюс, UNDP ва UNAIDS ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии ВНМО/БПНМ миёни ҷавонон баргузор гардид.
1-уми декабр, сафири ИМА Элизабет Миллард дар маъракаи бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи бемории ВНМБ, ки дар гӯшаи Амрико дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок кард. Он ба таври мубоҳиса аз ҷониби мутахассисони се ташкилоти ғайридавлатӣ ба монанди Спин плюс, Марворид ва Бовари-плюс, ки дар навбати худ дар бораи таҷрибаи кориашон бо истифодабарандагони сузандору, шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ, зиндониён ва шахсони гирифтори ВНМБ дар Тоҷикистон суҳбат намуданд, сурат гирифт. Инчунин дар чорабинии мазкур Маркази ИМА оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо (CDC) дар доираи ВНМО дар Тоҷикистон бо иштирокчиён ба таври саволу ҷавоб суҳбат гузаронид.
Рӯзи мубориза алайҳи бемории вируси норасоии масунияти бадан маъракаи ҷаҳонӣ буда, ҳамасола 1-уми декабр бо мақсади баланд бардоштани огоҳии мардум дар бораи паҳншавии бемории ВНМБ ҷиҳати пешгири намудан ва ғамхорӣ нисбат ба шахсони гирифтори ин бемори таҷлил мегардад. Паҳншавии бемории номбурда яке аз проблемаҳои ҷиддии соҳаи тандурустӣ дар ҷаҳон, минҷумла дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Мувофиқи омори аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии пешгирии бемории ВНМБ-и Тоҷикистон, аз рӯзи паҳншави то моҳи сентябри соли ҷорӣ 8,504 ҳолатҳои гирифтори ВНМБ ба таври расмӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки қариб 2000 нафари онҳо аллакай дар қайди ҳаёт нестанд. Паҳншавии ин беморӣ дар Тоҷикистон миёни аҳолии калиди хусусити мутамарказ пайдо намудааст, ки истифодаи сузандору ва алоқаи ҷинсӣ яке аз омилҳои асосии он ба ҳисоб мераванд. Тибқи омор, дар Тоҷикистон 16,000 шахсон гирифтори ВНМО мебошанд, ки зиёда аз нисфи он аз воқеяти сироятии худ воқиф нестанд.
Барномаҳои алайҳи ВНМО, ки дар чаҳорчубаи нақшаи фавқуллодаи президенти ИМА алайҳи БМНБ (PEPFAR) маблағгузорӣ гашта, аз ҷониби USAID ва CDC амалӣ мегарданд, дар мувофиқа бо стратегияи UNAIDS оид ба суръат бахшидан: қатъ намудани паҳншавии бемории БМНО то соли 2030 (Fast-Track Strategy) ва ҳадафҳои глобалии «90-90-90» ки ҷиҳати густариш додани дастрасӣ ба хизматрасониҳо оид ба пешгирӣ ва муолиҷа равона шудаанд, ба роҳ монда шудаанд. То соли 2020, 90 % шахсони гирифтори ВНМО аз воқеияти сирояти худ воқиф хоҳанд шуд; 90 % сироятшавандагони ВНМО таҳти муолиҷаи устувори зиддиретровирусӣ қарор хоҳанд гирифт; ва аз 90 фоизи шахсони таҳти муолиҷаи зиддиретровирусӣ қарор гирифта, имкони рушди вирус коҳиш хоҳад ёфт. Ҳамасола PEPFAR қариб 15 миллион доллари амрикоиро дар Осиёи Марказӣ маблағгузорӣ менамояд, ки 30% -и он барои барномаҳои оид ба пешгирӣ ва муолиҷа ВНМО дар Тоҷикистон ҷудо мегардад.