Қабули дархостҳо барои идоракунии логистикии барномаи USANT

Сафорати ИМА дар Душанбе озмуни кушодро барои пешниҳоди дархостҳо оид ба идоракунии логистикии Шабакаи хатмкунандагони барномаҳои табодули амрикоӣ дар Тоҷикистон (USANT) ва амалисозии Барномаи грантҳо бо мақсади таблиғи демократия барои хатмкунандагони барномаҳои амрикоӣ пешкаши созмонҳо мегардонад.

USANT – барномаест, ки соли 2019 аз ҷониби Бахши дипломатияи ҷамъиятии Сафорати ИМА дар Душанбе маблағгузорӣ шуда, бо мақсади дастгирӣ намудан ва тақвият бахшидани шабакаи хатмкардагони барномаҳои амрикоӣ ҷиҳати таҳкими арзишҳои муштараки зеҳнӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва демократии мардуми Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъсис дода шудааст.

Барномаи USANT шабакаи хатмкунандагони барномаҳои табодулиро дар чаҳор минтақаи Тоҷикистон таъсис додааст. Хатмкунандагон барои шомил шудан ба USANT таваҷҷӯҳи зиёд нишон дода, дар кори шабака фаъолона иштирок мекунанд.

Муҳлати охири ирсоли дархостҳо: 30 июни соли 2023.

Довталабон ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод кунанд:

Барои гирифтани маълумоти бештар оид ба шарту талаботи дархост ба почтаи электронии мазкур нависед : AlumniTajikistan@state.gov ё бо рақами зерин дар тамос шавед: 2292314.