Душанбе, Тоҷикистон, 4-уми майи соли 2023 – 26-уми апрел ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба масоили Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Доналд Лу, бо ҳамроҳии муовини ёвари вазири дифои ИМА оид ба Русия, Украина ва Авруосиё Лора Купер ва директори Шӯрои амнияти миллӣ оид ба Осиёи Марказӣ Морин Ҳаггард, ба Душанбе, Тоҷикистон ташриф оварданд.
Дар доираи ин сафар Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Душанбе ҳайати мазкурро, бо ҳамроҳии Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер, дар Маркази минтақавии омӯзиши маводи тарканда (ММОМТ)-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чимтеппа, ба ҳузур пазируфт. Ҳадаф аз ин сафар, ошноии ҳайат бо барномаҳое, ки шарикони амрикоӣ дар Душанбе, Тоҷикистон ва дар саросари Осиёи Марказӣ амалӣ мекунанд, буд. Намояндагони вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба ҳайат дар бораи фаъолияти ММОМТ дар кишвар ва минтақа маълумот доданд. Ғайр аз ин, ҳайати вакилон намоиши бригадаи сапёр-занони ёрии халқии Норвегияро оиди расмиёти механикии аз мина тоза кардани рудаи замин, мушоҳида намуд.
Иёлоти Муттаҳида саҳми бузургро дар талошҳои безараргардонии минаҳо ва маводи тарканда дар саросари минтақа гузоштанд. Талошҳои муштараки департаменти давлатии Амрико ва вазорати дифои Амрико, вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва САҲА, дар поксозии беш аз 32 километри мураббаъ қаламрави олудаи мина дар Тоҷикистон, ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар заминаи поксозии башардӯстона аз минаҳо, мусоидат карданд. Дар тӯли даҳ соли охир ММОМТ дар Осиёи Марказӣ беш аз 600 мутахассиси оид ба безараргардонии минаҳо ва маводи таркандаро омода кардааст, ки дар мубориза бо хатари минаҳо ва дигар модаҳои тарканда дар саросари Осиёи Марказӣ нақши калидӣ доранд. Дар ду соли охир, дар маҷмӯъ, 11 чорабинии минтақавии омӯзишӣ оид ба маводи тарканда гузаронида шуд.