Шабакаи “Go Viral Network” барои раҳбарони замони нав озмуни “Next30”-ро эълон мекунад

21 июни соли 2021 – Ба ифтихори 30 солагии истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказӣ, панҷ намояндагии дипломатии ИМА дар минтақа ҳамроҳ бо шабакаи “Go Viral Network” озмуни минтақавии “Next30”-ро миёни раҳбарони ҷавони минтақа баргузор мекунад. Ҳадафи ин озмун муаррифӣ кардани саҳми 30 раҳбари Осиёи Марказӣ аст, ки соли 1991 ё баъд аз он таваллуд шудаанд.

Сабти ном барои ширкат дар озмуни “Next30” аз 20 июн то 20 июл давом меёбад. 30 нафар навоварони Осиёи Марказӣ аз Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар бахшҳои тиҷорат, расона, фарҳанг, фановарӣ (технология) ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои муаррифии дидгоҳи хеш дар мавриди ояндаи минтақа, дастовардҳои худ, таҷрибаи муваффақият ва саҳмгузорӣ барои дурнамои шукуфоии Осиёи Марказӣ, имконият пайдо мекунанд.

“Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз шарикӣ бо Осиёи Марказӣ ифтихор карда ва бо ҳар як кишвари минтақа, ки 30 солагии истиқлоли хешро ҷашн мегирад, ҳамроҳ аст. Бо ин ибтикори хеш (озмуни Next30) мо мехоҳем раҳбарони ҷавон дар Осиёи Марказӣ, ки тавони илҳом бахшидан ба дигарон барои эъҷоди навоварӣ ва лоиҳаҳои муштарак, пуштибонӣ аз талоши соҳибкорони маҳалӣ ва мусоидат ба ҳамкории нафарони эъҷодкор ва фаъолро дар ҷаҳон доранд, дастгирӣ кунем”, -гуфт Эрик Майер, Консули генералии ИМА дар шаҳри Алмаато.

Иштироккунандагони даври ниҳоии озмун рӯзи 13 август ва барандагони озмун бошад, рӯзи 17 сентябри соли 2021 эълон карда мешаванд. Тибқи талаботи интихоб дар озмун, ҳамаи номзадҳо набояд синашон аз 18 сола пойин (ба ҳолати 20 июли соли 2021) ва соли таваллудашон пештар аз соли 1991 бошад. Номзадҳо варақаи сабти номро бо забони англисӣ пур карда, дар бораи саҳм ва навовариҳои соҳаи худ, ки ба ояндаи Осиёи Марказӣ асар гузоштааст, дар ҳаҷми 300 калима нақл менависанд.

“Ҷавонони Осиёи Марказӣ навовар, боистеъдод ва ҳадафманд ҳастанд. Намояндагиҳои дипломатии ИМА дар Осиёи Марказӣ бо ифтихор аз ибтикори “Go Viral Next30” барои пешбурди раҳбарони насли нав, ки баъди касби истиқлоли кишварҳо таваллуд шуда, ҳовии ояндаи пур аз фурсатҳо ва идеяҳои нав ҳастанд, ҳимоят мекунад”, – гуфт Чарлз Мартин муассиси “Go Viral” ва мудири барномаи “Go Viral” дар Тоҷикистон.

Барандагони озмуни “Next30” имконият пайдо мекунанд, ки гирди ҳам ҷамъ шуда, дар чорабиниҳои минтақавии “Go Viral” ширкат кунанд. Инчунин ғолибони озмун соли оянда барои ошноӣ бо коршиносон ва навоварони амрикоӣ дар соҳаҳои расона, тиҷорат, фарҳанг ва фановарӣ ба ИМА сафар хоҳанд кард.

Барои касби иттилооти бештар аз саҳфаи Go Viral дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздид кунед:  Instagram, Facebook, Telegram.
Акс ва видеоро дар бораи ин озмун метавонед дар ин ҷо пайдо кунед.
Хэштэгҳо: #Next30GV #GoViralCA #GoViralTJ #USTJ30
Барои маълумоти иловагӣ, лутфан ба мо нависед: dushanbe.goviral@gmail.com